САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ПОЙДОРИИ СУБОТ ВА РАСИДАН БА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Дар таърихи ҳар давлату миллат воқеаҳое рӯй медиҳанд, ки аҳаммияти бузурги ҳаётӣ дошта, ба наслҳои минбаъда ҳамчун чароғи рушноӣ ҳидояту хизмат мекунанд. Яке аз ҳамин гуна рӯйдодҳои таърихӣ ин пойдории субот ва расидан ба ваҳдати миллӣ дар кишвари мо мебошад, ки имрӯзҳо мо 28-солагии онро таҷлил мегирем.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта, пас аз ба даст овардани истиқлолу озодӣ ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор гардид, ки дар натиҷаи он ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба буҳрони фоҷиабор рӯ ба рӯ шуд. Дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони бегуноҳ кушта шуда, миллионҳо нафар сокинони Тоҷикистон гурезаҳои иҷборӣ шуданд. Ҳазорҳо манзили истиқоматӣ, мактабҳо ва дигар иншооти иҷтимоӣ сӯхтаву хароб гардиданд ва садҳо ҳазор мутахассису донишмандон тарки ватан карданд. Зарари умумии ҷанги шаҳрвандӣ маблағи беш аз 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод.

Хатари бузурге, ки дар он айёми вазнин ба миён омада буд, ин пароканда гардидани халқи тоҷик ва аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати тоҷикон буд.

Дар чунин шароити фоҷиабор вакилони мардумӣ ва дигар мансабдорони давлатӣ тасмим гирифтанд, ки барои ҳарчи зудтар хомӯш кардани оташи ҷанг, қатъи хунрезӣ, барқарорсозии сулҳу оромӣ, таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва волоияти қонун дар Қасри Арбоби шањри Хуҷанд Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумњурии Тоҷикистонро баргузор намоянд. Дар он Иҷлосияи тақдирсоз Сарвари кишвар, муҳтарам Эмомали Рахмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари ба вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гаштан, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии кишвари соҳибихтиёрӣ Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудаанд. Аз ин ҷост, ки заминаи асосӣ ва хишти аввали бинои сулҳу ваҳдати миллии Тоҷикистон ҳанӯз дар ҳамин Иҷлосияи тақдирсози XVI-уми Шӯрои Олии кишвар гузошта шуда буд.

Маҳз бо кӯшишу заҳматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корвони сулҳи тоҷикон 27-уми июни соли 1997 ба манзили мурод расид ва бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ хотима ёфт. Имрӯзҳо фарҳанги сулҳофари тоҷикон ва таҳаммулгароии миллати мо, ки дар натиҷаи ба даст овардани ваҳдати миллӣ эътибори ҷаҳонӣ пайдо кард, аз ҷониби марказҳои таҳқиқотии дунё мавриди омӯзиш қарор гирифта, сулҳи кишвари моро ҳамчун роҳи хотима гузоштан ба ҷангу мухолифатҳои мусаллаҳона аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ истифода мешаванд.

Қобили зикри аст, ки ҳоло Тоҷикистон дар миёни кишварҳои ҷаҳон соҳиби нуфузу обрӯи шоистаи худ мебошад. Айни замон, Ҷумҳурии Тоҷикистонро 192 давлати ҷаҳон эътироф карда, бо 183 кишвар муносибатҳои дипломатӣ ба роҳ монда шудааст. Илова ба ин, кишвари мо узви комилҳуқуқи ҳамаи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ буда, иштирокдори беш аз 170 конвенсияи байналмилалӣ мебошад. Барои фаъолияти муассир ва пайгирии пайвастаи манфиатҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд марҳала ба марҳала намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа таъсис ёфтанд, ки теъдодашон имрӯз 39 ададро ташкил медиҳад, ҳамчунин, дар зиёда аз 20 кишвар сафирони ғайримуқим таъин гардиданд. Дар шаҳри Душанбе сафоратҳои 24 кишвари хориҷӣ ва намояндагию дафтарҳои 57 созмони бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин, ғайридавлатӣ фаъолият мекунанд.

Имрӯзҳо, сислсила ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масоили обу иқлим аз тарафи СММ дастгирӣ шудаанд. Аз ҷумла, «Соли байналмилалии оби тоза эълон гардидани соли 2003», Даҳсолаи амалиёти байналмилалии «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, соли 2013» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028» мебошанд. Инчунин, аз тарафи СММ эълон гаштани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21-уми март ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” обруву нуфузи кишвари моро дар арсаи ҷаҳон боз ҳам баланд бардошт.

Ҳамаи ин ташаббусҳои Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти об ва иқлим дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун «Раванди оби Душанбе» пазируфта шудааст. Кишвари мо, минбаъд низ бо мақсади таъмин намудани ҳадафҳои рушди устувор ҳамкориҳои худро дар ин соҳаҳо бо ҳамаи созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳо густариш медиҳад.
Бояд қайд кард, ки вазъи имрӯзаи ҷаҳон ниҳоят мураккабу ҳассос гаштааст. Алалхусус ҷомеаи ҷаҳониро вусъатёбии хавфу хатарҳои глобалӣ, аз ҷумла мусаллаҳшавии бошитоб, низоъҳои мусаллаҳона, терроризму экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва дигар ҷиноятҳо, ки ба суботу оромӣ ва амнияти кишварҳо таҳдид эҷод мекунанд, сахт ба ташвиш овардааст. Дар чунин шароити бисёр ҳассосу мураккаб ҳар яки мо бояд ба хотири таҳкими давлати соҳибистиқлоламон боз ҳам бештар сарҷамъу муттаҳид бошем ва манфиатҳои миллии давлатамонро ҳифз намоем.

Ҳар он давлату миллате, ки иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдату ҳамдилиро пеш гирифтааст, ба саодати воқеӣ мерасад ва баръакс, ҳар он халқе, ки ихтилофу ҷудоӣ ва ҷангу нифоқро пеш гирифтааст, ба номаи тақдири хеш муҳри бадбахтиву нокомӣ задааст. Ин воқеиятӣ таърихӣ аст ва он борҳо дар ҳаёти сиёсии давлатҳо собит шудааст.

Аз ин рӯ, қудрат ва тавоноии ҳар давлат бо устувории ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи комил алоқаманд аст.

Вобаста ба ин, ҳар яки мо ваҳдати миллиро баробари истиқлоли давлатӣ як рукни муҳимми давлатдорӣ ва шарти аслии пешрафту шукуфоии Тоҷикистон дониста, таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳифзи сулҳу субот кишварро вазифа ва рисолати муқаддасу худ шуморем.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати аз ҷанги шаҳрвандӣ азияту мушкилоти зиёд кашида, намехоҳад, ки кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ба чунин буҳронҳои сиёсӣ дучор шаванд. Дар ин раванд, кишвари мо, тадбирҳои худро ҷиҳати ҳалли масъалаҳои амниятӣ ва таҳкиму сулҳу оромӣ дар ҷаҳон равона карда истодааст.

Вобаста ба ин, 24 сентябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои 79-уми Маҷмааи умумии СММ суханронӣ намуда, барои ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот дар сайёра пешниҳод намуданд, ки тавассути қатъномаи махсуси СММ “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қабул карда шавад. Ин ташаббуси навбатии Сарвари кишвар, бевосита дар ҷаҳони пуртазоду мураккаб басо сари вақтист. Аз ин ҷост, ки ибтикорҳои Пешвои миллат аз сиёсати баланди сулҳҷӯёна ва сулҳпарварона гувоҳӣ медиҳад. Зеро чун дал боло қайд шуд, таҷрибаи сулҳофари Тоҷикистон аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуда, ба мактаби омӯзиш табдил ёфтааст.

Ҳамин тариқ, ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кишвари мо аз вартаи нестӣ ва парокандагӣ нигоҳ дошта шуда, мавқеи Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳдӯсту сулҳофар дар арсаи байналмилалӣ шинохта шуд. Ин шаҳодати он аст, ки дар ҳақиқат мактаби Пешвои миллат дар тақвият ёфтани мавқеи кишвари мо дар ҷаҳон хело бузург аст. Бо кӯшишу заҳматҳои Сарвари кишвар, Тоҷикистон тавонист дар арсаи олам мақому манзалати шоиста пайдо кунад ва дар ҳалли силсила мушкилоти сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар соҳаи обу иқлим саҳми назаррас гузорад ва ҳамчун кишвари пешсафу ташаббускор мавриди обруву эҳтиром қарор гирад. Дар баробари ин, Тоҷикистон тадбирҳои худро ҷиҳати ҳалли масоили амниятӣ ва таҳкими сулҳу субот дар ҷаҳон равона намудааст. Дар ин росто, мо боварӣ дорем, ки ташаббуси навбатии Президенти мо “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” тавассути қатъномаи махсуси СММ аз тарафа ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ва қабул хоҳад ёфт.

ҲОШИМОВ Ф. Ҷ. устоди кафедраи ҷомеашиносӣ,
донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар ш. Хуҷанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *