Масъалаи шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва ифротгарою тундрав имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Бисёр ташкилоту ҳаракатҳои экстремистӣ таъсис ёфтаанд, ки дар ин ё он давлат зуҳур намуда, ҷавонони соддаю ноогоҳро ба доми фиреби худ мекашанд. Афсӯс, ки дар байни онҳо шаҳрвандони ҷумҳурии мо ҳам ҳастанд. Ин ҷо саволе пайдо мешавад, ки чаро онҳо ба доми «хоҷагон»-и хориҷӣ меафтанду сабаб дар чист?
Ташкилоти террористии экстремистии Ҳизби Наҳзати Исломии (ҲНИ) дар шароити фаъолияти берун аз кишвар фаъолияти ҷиноятии худро оид ба табдил додани ҳаёти босуботи халқи тоҷикро ба хунрезӣ ва терроризм идома дорад. Тавре, ки бо васоити ахбори омма роҳбари ҲНИ М. Кабирӣ дар мусоҳиба гуфт, “Ҳизб то ҳоло фаъолияти худро қатъ накардааст, зеро он аз тариқи сохтори муассири сиёсӣ дар хориҷа аст”.
Мо, тоҷикон, аз асари ноогоҳию зудбовариамон самараи ҷанги таҳмилии бародаркушро аз сар гузаронидем. Беш аз 150 ҳазор занону кӯдакон ва пирони бегуноҳ қурбони ҳамин сиёсатбозиҳои давлатҳои абарқудрат шуданд, миллионҳо нафар гуреза гаштанд. Ба хоҷагии халқи ҷумҳурӣ миллиардҳо доллар ҳисорот расид. Сад шукр, ки фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон пеши роҳи ин ҷанги бемаънӣ ва бародаркушро гирифт, вагарна Тоҷикистон ҳам Афғонистони дуюм шуда мемонд.
Хушбахтона, аз солҳои 1997-ум мардуми Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ ба сар мебаранд. Ҳамаи мушкилотро мо танҳо дар сулҳу осоиштагӣ бароварда карда метавонем. Аз ин рӯ, ҳар фарди миллатро зарур аст масъулиятшиносона ва содиқона вазифаи хешро анҷом диҳад. Сулҳу суботи кишварро чун гаҳвараки чашм ҳимоя намояд ва бар зидди душманони миллат- роҳбарони ТТЭ ҲНИ муттаҳид бошанд.
Мо бояд шукронаи ана ҳамин давру замонро кунем, шукрона гӯем, ки давлати ободу озод дорем ва ҳар коре, ки анҷом медиҳем, бояд сараввал фикр намоем, амали худро пешакӣ дар тарозуи ақл баркашем. Таваккал карда ба коре даст задан ба оқибатҳои нохуш оварда мерасонад.
Хулласи калом, бояд ҳар кадоми мо барои пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ саҳми худро гузорем, зеро қуввати мушт дар даҳ ангушт гуфтаанд.