Бо истифода аз буҳрони иқтисодии ҷаҳон ин хиёнаткорон чӣ мехоҳанд?

Мардуми тоҷик дигар бесоҳиб нест.  Ҳукумати мамлакат барои ҳар гуна ҳодисаҳо омода аст, бо ҷалби мутахассисони соҳа онро таҳлил карда, ҷиҳати пешгирии он тадбирҳои мушаххас андешад. Бо истифода аз вазъи сироятёбии коронавирус  дар кишварҳои ҷаҳон як гуруҳи ҳангомахоҳони хориҷӣ боз мардумро мисли пештара ба ваҳму воҳима андохтанӣ шудаанд. Пешниҳодҳои аблаҳонаи  Паймони террористии ба номи миллӣ  ғайриҳирфаӣ буда, танҳо аз рӯи ғараз ва манфиатҳои гуруҳӣ  таҳия шудааст ва халқи тоҷик чунин ҳодисаҳоро борҳо аз сар гузаронидааст ва хуб медонад, ки чӣ гуна фаъолият барад.  Мо дар байни кишварҳои минтақаи Осиёи миёна аз аввалин кишварҳое ба шумор меравем, ки ҷиҳати пешгирии ин балои осмонӣ  коронавирус ҷоннок кардаем ва натиҷааш ҳамин аст, ки то имрӯз ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта нашудааст ва Худо онро ба мамлакати мо наоварад ва мардумро худаш ҳифз кунад.

Бубинед  бо истифода аз буҳрони иқтисодии ҷаҳон ин хиёнаткорон чӣ мехоҳанд. Ба хотири беҳтар кардани фазои сиёсиву равонии  кишвар, ба хотири боло бурдани  эьтимоди  мардум ба ҳукумат ва нишон  додани эҳтиром ба қарори муътабартарин  созмони  байналмиллалӣ, ки Тоҷикистон узви он мебошад, озод намудани 15 зиндонии сиёсӣ, ки Кумитаи ҳуқуқи башари  СММ озодии фаврии онҳоро талаб намудааст. Канӣ виҷдону канӣ ғурури одамӣ ва канӣ мусалмонӣ.  Дигар худро  тоҷик нагиред. Нони мардуми тоҷик ба Шумо ҳаром аст.

Бо кадом рӯ аз интернет чанд гапро баҳона карда худро ба намоиш мегузоред. Ин ҳарфҳои  пучу бемағзи шумо на ин ки ба мардуми тоҷик балки ба инсоният ягон фоида оварда наметавонад. Агар чунин бемулоҳизаҳо гапашон асоси илмӣ медошт, ин қадар вируси ҷонкоҳ дар ҷаҳон паҳн намегардид.  Ин домуллоҳои шайтонсифат ҳар ҳодисаҳое, ки дар сатҳи ҷаҳон ба вуқӯъ мепайванданд, аз дидгоҳи кунду танги худ мавриди таҳлил қарор дода, ба сари мардум боз як гапи ҳангомаву таҳлуаандозро меоваранд ва аз берун намегузоранд, ки  халқи тоҷик  осуда зиндагӣ кунад. Дар солҳои ҷанги  шаҳрвандӣ, чӣ қадар шахсон барои оромиву осоиштагиҳои миллати худ мубориза бурданд.

Мо Истиқлолияти худро ба даст овардем, Ваҳдат ва ягонагӣ ҳамқадами мо гардид. Шукри истиқлол аст, ки мо дар замони оромиву осоиштагӣ  зиндагӣ мекунем.  Ҷавонон, ки ояндаи миллат мебошанд, мо набояд онҳоро ба роҳи бад равона созем.  Онҳо барои гул-гулшукуфоии миллати худ саъю кӯшиш намоянд, зеро ҷавонон ояндасози миллатанд.

                                                                                                       Дилафруз Хомидова,

                                                                                         корманди бахши табъу нашри ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *