Ислом дини дустию рафоқат аст на дини ҷангу ҷидолу хунрези!   

«Терроризм ва экстремизм чун вабои аср хатари глобалии ҷидди буда, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст.

Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла ба дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёси содир карда мешавад. Барои тайёр намудани чунин шахсони худкуш ташкилотҳои махсус аз тамоми воситаю имкониятҳо истифода бурда ҳисси бадбини, нафрат аз байн бурдани тарафи муқобилро дар дили он шахс ҷой мекунанд. Ҳатто ба дараҷае ба чунин шахсон таъсир мерасонанд, ки онҳо аз баҳри падар, модар, зану фарзанд ва ҳама дороияш гузашт карда даст ба чунин кори зишт мезанад.

Ҳатто ташкилотҳои террористи пешаки маблағҳои калонро ба онҳо ваъда дода агар ту худро таркони ба биҳишт дохил мешави, аз ту то рӯзи қиёмат пурсиш намешавад гуён фатво медиҳанд. Чашм ва дили он нобакор бо ин таъсирҳо кур гашта худро зинда ба зинда метарконад, ҳоло он, ки худкуши дар Қуръон манъ карда шудааст. Бояд дарк кард, ки мувофиқи таълимоти Қуръони Карим куштани инсони бегуноҳ ва рехтани хуни ноҳақ гуноҳест нобахшидани. Дар ин бора Худованд чунин мефармояд «Ҳар инсоне, ки бадқасдона инсонеро мекушад ҷояш ҷаҳаннам буда, дар онҷо то абад хоҳад монд». Аллоҳ ба ӯ ғазаб ва лаънату нафрин карда, барояш азоби алимро муқаррар мекунад (Қуръон 4; 93).

Оёти 151-сураи Анъом бошад куштани инсони бегуноҳро дар ҳама динҳои осмони мамнуъ сохтааст. Қобили қайд аст, ки ҷанговарони «Давлати ислмомӣ» набояд даъвои ҷиҳод кунанду худро муҷоҳид шуморанд, зеро хуни бегуноҳон ва бародарони мусулмони худро рехта аҳли хонадон ва хешону пайвандони онҳоро гирифтори дарду алам менамоянд.

Бори аввал ин амали нангин 34 сол пеш аз ин соли 1981 дар сафоратхонаи Ироқ дар Бейрут (Ливан) рух дод, ки дар он 27 нафар бегуноҳон ба ҳалокат расида, садҳо каси дигар захмдор шуданд. Масъулияти ин амали зиштро ташкилоти дар он вақт навтаъсиси террористии «Ҳизбуллоҳ» ба уҳда гирифт ва дар ин ҷода нахустин тадбиқкунандаи чунин навъи террор ба шумор мерафт. Имрӯз террористон бозичаи дасти «Давлатҳои исломӣ (ДИИШ)» гаштаанд. «Давлати исломии Ироқ ва Шом» бо забони араби «Ал-даула, Ал-исломия» дар шакли мухтасари он бо форси ДИИШ, бо забони руси «ИГИЛ» (Исламское Государство Ирака и Леванта) маъруф гаштааст. Ҳанӯз дар арафаи шукуфоии гуруҳи «ал-Қоида» дар соли 2004 гуруҳи «Тавҳид ва ҷиҳод» таҳти роҳбарии Абу Мусъаб Ал-зарқави таъсис ёфта, аз ҷониби саркардаи собиқи «ал-Қоида» Усомма Бинни Лодан ба расмият шинохта шуд. Қобили қайд аст, ки аъзоёни гуруҳи «Давлати исломӣ» хусусан «Ҷабҳаиту-н-нусра» аз бераҳмтарин ҷангиёни ҳозира натанҳо дар Сурия ва Ироқ, балки дар саросари ҷаҳон ба шумор мераванд. Аз хизмати «Террористони худкуш», ки ташкилотҳо махсус тайёр мекунанд, ДИИШ васеъ истифода мебарад. Мувофиқи маълумотҳо аз соли 1982 то соли 2002 дар ҷаҳон наздики 300 амалиёти террористи бо ширкати террористони худкуш аз тарафи 11 ташкилот роҳандози карда шудаанд, ки зиёда аз 3000 нафар ба ҳалокат расиданд.

Инҷо суоле ба миён меояд, ки чаро террористон даст ба чунин амали паст мезананд? Мувофиқи ақидаи асосии коршиносон сабаби асосии ин надоштани маърифати ҳуқуқиву динӣ ва бехабар будан аз арзишҳои миллии худ аст, ки чунин шахсон зуд фирефтаи дасти дасисабозон гардида дар баробари худро бадному гумном намудан дигаронро ба қатл мерасонанд. Онҳо гумроҳшудагон ва зархаридоне мебошанд, ки ҳатто ба занону кудакон раҳме надоранд. Бояд қайд намуд, ки дар натиҷаи амалиёти террористи аксаран мардуми осоиштаи бегуноҳ қурбон мешаванд.

Коршиносон терроризмро ба се намуд ҷудо намуданд: 1 сиёси, 2 милли, 3 динӣ. Мудҳиштарин ва фоҷиабортарин намуди онро терроризми динӣ ташкил медиҳад. Ин амалиёти марговарест, ки дар зери ниқоби дин пинҳон шуда, зери ливои он мубориза мебарад. Намунаи барҷастаи онро муборизаи Фаластинҳо алайҳи Исроилиҳо арзёби карданд. Дар ин шакли терроризм тарафи «ҷабрдида» пайравони як дин ва тарафи муқобил пайравони динӣ дигар мебошанд, ки аксаран ин амалҳои нангин зери мафҳуми «Ҷиҳод» ба анҷом мерасад, аз ин рӯ фирефташудагон ва фирефтамешудагонро огаҳи медиҳем, ки худро аз ин амалҳои хатарнок дур гиранд, чунки аз ин манфиате ба даст намеоранд. Бояд донист, ки он аз ғаразу манфиати ташкилот ва шахсони алоҳида иборат мебошад. Онҳо зери ниқоби дини мубини ислом даромада, гӯё дар натиҷаи ваҳшиёна ба қатл расонидани «Кофирон» инсон биҳишти мешавад, ғаразҳои барои хеш манфиатоварро амали мекунанд. Имрӯз тамоми ҷомеаи ҷаҳони амалу ҳаракатҳои ғайри инсониву экстремистии ин гуруҳҳоро сахт маҳкум мекунанд.

Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ чандин маротиба аз минбарҳои баланд амалиётҳои ҷангиёни ДИИШ-ро сахт маҳкум намуда, ҳушдор доданд, ки бадбахтона дар ин амалиётҳои террористии гуруҳҳои экстремисти аз кишвари мо-Тоҷикистон низ чандин ҷавонони ноогоҳу раҳгумзада иштирок намуда истодаанд. Роҳбари давлат ба тамоми мақомотҳои қудратии кишвар, мақомотҳои маҳаллӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва мардуми мамлакат супориш доданд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода тамоми кушишу ғайрати худро ба он равона созанд, ки ҷавонони мо ба фиреби бегонагон наафтода ба чунин гуруҳҳои ифротгаро шомил нагарданд. Имрӯз мо мардуми Тоҷикистонро зарур аст, ки баҳри ҳифзу музаффариятҳои истиқлолият, дастоварду комёбиҳои кишвар, ки маҳз бо кушишу талошҳои сарвари давлат ба амал омадааст, қарзи шаҳрвандии худро иҷро намоем.

Президент дар баромадҳои худ таъкид менамоянд, ки имрӯз тамоми сокинони Тоҷикистон, хусусан ҷавонон шукронаи ин даврони ободу зебо, шукронаи давлату ҳукумат ва тинҷию амнияти кишварро баҷо оранд. Ва маҳз танҳо бо меҳнати ҳалоли созандаву бунёдкорона, нигоҳи нек ва дили пок ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон ва муҳаббат ба ин сарзамину хоку диёр, мо метавонем меҳру садоқати хешро нисбат ба Ватан нишон диҳем ва баҳри ояндаи нек шабу рӯз талош варзем. Дар ин ҷода тамоми устодону олимон ва зиёиёни мамлакатро лозим аст, ки баҳри таълиму тарбияи насли солиму наврас ва ҷавонони худогоҳу хештаншинос ва ватандустӣ ҳақиқи тамоми донишу маҳорат ва қобилияту таҷрибаи хешро истифода баранд ва баҳри пешгирии пеши роҳи шомил шудани ҷавонони кишварро ба ин гуруҳҳои ифротгаро гиранд. Вақти он расидааст, ки падару модарон фарзандонро доимо зери назорати қатъи гиранд, аз ҳаргуна ҳизбҳои сиёсӣ-динӣ, гуруҳҳои иғвоангезу мазҳабҳои тафриқаангез эҳтиёт намоянд. Моҳияти динӣ мубини исломро дуруст дарк карда тавонистанро ба фарзандон омузонанд. Ислом динӣ дустию рафоқат аст на дини ҷангу ҷидолу хунрези!

н.и.и.дотсент Умаров З.Х.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *