Имрӯзҳо дар шабакҳои иҷтимоии Фейсбук ва Ютуб бархе пайравони ТТЭ ҲНИ, аз ҷумла, як фард бо номи Абдураҳмон дур аз кишвари мо дар шаҳри Милани давлати Италия бо пуштибонии хоҷагони хориҷиаш қарор дораду аз воқеияти ҳоли қазияи Хоруғу Рушон бехабар баромадҳои беасосу бемантиқ менамояд. Баробари ин, ёдовар шуда, таъкидан хотиррасон менамоем, ки ҳодисаҳои дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рушони ВМКБ рухдода даст доштани ташкилоти ғайриҳукумати байналмилалӣ ва ташкилоти террористӣ аст, ки дар саргаҳи он Алим Шерзамонов, муовини роҳбари “Паймони миллӣ”(ПМ) меистад. Бояд қайд кард, ки ин навбат Алим Шерзамонов бо пайравонаш, яъне бо Мамадшоев Улфатхоним ва собиқ шавҳараш, собиқ генерал –майори низомӣ Холбаш Холбашев амали навбатиашро тарҳрезӣ намуда, бо ҷалби гуруҳи муташаккили ҷиноятпеша ва ҷавонони роҳгумзада дар қаламрави шаҳру ноҳияи ВМКБ гирдиҳамоии ғайриқонунӣ ташкил намуда, бо ин роҳ вазъи оромии вилояти Бадахшонро ноором кардаанд.
Ин амали навбатии бадхоҳони миллат бо икрору далелҳои раднашаванда аёну тасдиқи худро ёфт. Бори дигар ба раҳбарияту пайравони ТТЭ ҲНИ – ПМ, бахусус Шерзамонов А. ва Абдураҳмон таъкидан ёдовар менамоем, ки инсон бояд дар ҳаёт роҳи некро интихоб кунад, чунки роҳи рост инсонро ба роҳи нек ҳидоят мекунад: росткорӣ, ҳифзи худогоҳии миллӣ, инсонпарварӣ, меҳру муҳаббат, ватандӯстӣ, ободкорӣ, эҷодкорӣ ва сулҳу салоҳро талкин мекунад. Фаромӯш набояд кард, ки инсон дар назди Ватан баробари доштани ҳуқуқ ва озодиҳо, инчунин ӯҳдадориҳо ва масъулияти бузург дорад. Аммо пайравони гуруҳи муташаккили ҷиноятпеша ва роҳбарияту аъзоёни ТТЭ ҲНИ-ПМ то ҳол бо ҷаҳлу ҳирси худ қурбонии бозии навбатии сиёсию манфиатҳои хоҷагони хориҷӣ шудаанд. Ҷои таассуф аст, ки ному симои ин гуна афрод ҳамчун хиёнаткори халқу ватан ва бегонагон дар таърихи миллати мо сабт хоҳад шуд. Гуфтан ба маврид аст, ки дар филми мустанад бо номи “Шикасти фитна” чеҳраи воқеии хоинони миллати тоҷик ва ҷиноятҳое, ки аз ҷониби гуруҳҳои муташаккили ҷиноятпеша, роҳбарияти ташкилоти террористӣ ва яке аз кишварҳои Ғарб роҳандозӣ шуда буд, ба дараҷаи олӣ ошкор сохт.
Хулоса, ҳадафи асосии мо он аст, ки , бахусус ҷавонон хулосаи зарурӣ бароварда, аз суботи давлат ва муносибати давлатӣ огоҳии том дошта, роҷеъ ба ҳар гуна гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ маълумот дошта бошанд.
Дар фарҷоми андешаи хеш иброз медорем, ки имрӯз ҷавонони даврони соҳибистиқлол бояд зиракию ҳушёриро аз даст надода, дар раванди таҷдиди ҷомеа тавассути таҳким бахшидани фикру андешаи нав, бахусус ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он, арзишҳои бунёдии миллатсозӣ ва ватансозиву ватандорӣ бо давлату Ҳукумат ҳамкории фаъолро ба роҳ мондан, тақозои замон аст.
Д.ШАРИПОВ,
устоди ДИС ДДТТ