БЕНАЗОРАТИИ ВОЛИДАЙН БОИСИ ИФРОТШАВИИ ФАРЗАНД МЕГАРДАД !

 

Дар шароити ҳассоси имрӯза таҳкими амнияти миллӣ ва муътадил нигоҳ доштани фазои сиёсиву иҷтимоии ҷомеа барои давлатдории мо аҳаммияти аввалиндараҷа дорад. Умуман вобаста ба вазъияти минтақа ва ҷаҳон масъалаҳои муқовимат ба хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм ва экстремизм аҳаммияти торафт мубрам пайдо карда истодаанд. Доир ба  мушкилоти аср ва тахдидҳои нав ба тамадуни башарӣ омилҳои гуногунеро метавон зикр намуд, ки ҷавонон таҳти таъсири  ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ қарор мегиранд. Сатҳи пасти таълиму тарбия дар оила ва надоштани маърифати кофии динӣ ва инчунин, мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, сатҳи бекорӣ сабабгори асосии ҷалб шудани ҷавонон ба ин ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро гардидааст.  Таҳлилҳо собит менамоянд, ки солҳои пеш адабиёти дорои хусусияти таблиғу ташвиқи ташкилоти террористӣ-эктремистӣ зиёд мусодира мегардид ва ҳоло бошад теъдоди он кам гардидааст. Вале дар айни замон таблиғоту ташвиқот тариқи шабакаи интернет ба роҳ монда шудааст. Сабаби асосии ба сафи ташкилоти террористию экстремистӣ пайвастани  бештари ҷавонон ба беназоратии волидайн ва истифодаи шабакаҳои ифротӣ дар интернет  рабт дорад. Чунончӣ дар соли 2022 дар кишвар ҳамагӣ  365 нафар аъзои ташкилоти террористӣ-экстремистӣ муайян ва дастгир карда шуданд. Бояд қайд кард, ки бисёре аз аъзои ташкилоти террористӣ-экстремистӣ дар хориҷи мамлакат дастгир гардида, ба Ватан баргардонда шуданд. Дар соли сипаригардида  24 ҳолати маблағгузории терроризм ба қайд гирифта шуда, дар баробари ин 31 амали террористӣ аз ҷониби кормандони Вазорати корҳои дохилӣ  пешгирӣ гардид. Ин мисолҳои омории овардашуда, бори дигар собит  менамояд, ки терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, як тахдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини саӣёра аст. Бинобар ин, љавонони ватандӯсту огоҳи мо бояд  ҳушёр бошанд ва нагузоранд, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯи дохиливу хориҷӣ дар шуури дигар наврасону ҷавонони мо мафкураи бегона, хурофотӣ ва ифротгароёнаро ҷой намоянд.

Баробари ин, волидайнро мебояд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд-ро бечуну чаро риоя на иҷро намоянд. Вобаста  ба бобу моддаҳои қонуни мазкур зикр карда, ёдовар менамоем, ки мақсади  он асосан пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад. Вобаста ба Боби 2-и Моддаи  7 ҳуқуқҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва Моддаи 8. Ӯҳдадориҳои падару модар дар тарбияи фарзанд зикр шудаст, иқтибосҳо меорем, ки он бамаврид аст, яъне  падару модар дар муносибатҳои ҳуқуқӣ намояндаи қонунии фарзанд бошанд. Фарзандро дар рӯҳияи эҳтиром ба Ватан, қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, инчунин бартарии манфиатҳои миллӣ аз шахсӣ тарбия намоянд. Ба фарзанд тамошои филмҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ, зӯроварӣ, экстремистӣ ва террористиро манъ намоянд. Баробари ин волидайн бояд  ба фарзанд мутолиа ва паҳн кардани сабтҳои электронӣ (аз ҷумла тариқи телефонҳои мобилӣ), китобҳо, варақаҳо, рӯзномаҳо, маҷаллаҳо ва дигар маводи чопии дорои хусусияти шаҳвонӣ, зӯроварӣ, экстремистӣ ва террористиро манъ намоянд.

Хулоса мо ҳама омӯзгорону падару модарон дар ҳамкорӣ бояд ҳамарӯза ва ҳамавақта ба ҷавонону наврасон таълим диҳем, ки аз касофати ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ худро эмин нигоҳ доранд.

К.  Калонов,

Устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *