ҲАДАФҲОИ МУҒРИЗОНАИ ПАЙРАВОНИ ТТЭ ҲНИ-ПМ МАЪЛУМ АСТ!

Моҳҳои охири соли равон дар шабакаи иҷтимоӣ сабти гуфтугуйи Муҳаммадиқболи Садриддин, ки яке аз пайрави  собиқ ҲНИ,  имруз созмони экстремистии “Паймони миллӣ…” (ТТЭ ҲНИ-ПМ) ном дорад боз чун солҳои қаблӣ иғвои навбатӣ барангехта, сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти мамлакатро дар назди ҷаҳониён нодуруст арзёбӣ намудан кӯшиш намуд. Баробари ин, бояд қайд кард, ки тибқи таҳлилҳои амиқ раҳбарияту пайравони ТТЭ ҲНИ-ПМ бевосита бо маблағгузоргузорӣ ва дастури хоҷаҳои хориҷиашон ба пешравию тараққиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон халал ворид намудан кӯшиш доранд ва  мехоҳанд, боз чандин солҳо рушди кишварро ба ақиб андозанд. Ин аст, ки тибқи супориши хоҷаҳои хориҷӣ Муҳиддини Кабирӣ бо ҳаммаслаконаш ба як ҳаракати ба ном “Паймони миллӣ..”  ҷамъ шуда, бо ҷалби ҷавонони ноогоҳу бесавод, ки бехабар аз ҳадафҳои аслии назҳатиён  дар кишварҳои Аврупо паноҳандагии сиёсӣ ёфтаанд, дарс омӯхта тактикаву стратегияҳои наву муосири муқобилият ба Ҳукуматро нишон медиҳанд. Ва чуноне, ки огоҳ ҳастем, дар ҳар баромадашон раҳбарияту  дастпарварони ТТЭ ҲНИ ҳамчун блогерҳои интернетӣ, шаъну эътибори танҳо роҳбарияти давлату Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқӣ Тоҷикистонро паст мезананд.

 Мо борҳо гуфта будем, боз такроран гуфтанием, ки ҳадафҳои муғризонаи  раҳбарияту пайравони ТТЭ ҲНИ-ПМ маълум аст, миёни мардуми осоишта низоъ андохтан ва ба фазои сулҳу амонии кишвар халал ворид сохтан аст. Баробари ин, бояд қайд кард, ки ҳамагон шоҳиди ҳодисаҳои охири замони муосир ҳастему дида истодаем, ки дар вазъи кунунии кишвари ҳамсояи мо – Афғонистон дар кадом ҳолат қарор дорад. Хоинони мазҳабфурӯши ТТЭ ҲНИ-ПМ вазъи Афғонистонро истифода бурда, бо бозиҳои сиёсӣ барои  аз байн рафтани ҳамдигарфаҳмии сокинони кишвар, ба бӯҳрони иқтисодиву иҷтимоӣ гирифтор шудани миллату давлат, ба ҳадафҳои аслии худу хоҷаҳои хориҷиашон расидан кӯшиш доранд. Вале,  бадхоҳони миллат бехабаранд, ки имрӯз, сиёсати халқпарваронаи Сарвари кишвар ва  Ҳукумати Тоҷикистон, тибқи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳама иҷозаи баробари таҳсил, кор ва зиндагии шоистаро кафолат додаасту сокинони кишвар баҳри пешбурди зиндагии хеш ва бавоситаву бевосита ба бунёди давлати ҳақиқатан ҳам ҳуқуқбунёду демократӣ саҳми босазою арзандаи хешро гузошта истодаанд. Ҷавонони даврони соҳибистиқлолии кишвар, ки аз меваҳои шаҳдбори сулҳу субот ва истиқлолу Ваҳдати миллӣ чашидаанд, дигар гумроҳ наметавон кард!  Баробари ин,  таъкид менамоем, ки маҳз натиҷаи татбиқи сиёсати дуруст ва созанда дар ҳамаи ҷабҳаҳои фаъолияти кишвар буд, ки дар мамлакати мо марҳилаи таҳияю татбиқи Барномаҳои давлатӣ, Стратегияи рушд, Консепсияи ташаккули давлати миллӣ фаро расид. Ин сиёсат ба раванди аз бӯҳрони амиқи сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва маънавӣ раҳо додани мамлакат ва ба вуҷуд овардани асосҳои давлатдории навини тоҷикон мусоидати комил намуд.

Хулоса зимни андешаи хеш иброз медорем, ки мо ҷавонони даврони соҳибистиқлол ҳамчун нерӯи пешбаранда, ворисони асилу арзандаи миллату давлат ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони азиз бо ҳисси баланди миллӣ пояҳои давлатдории миллиамонро ҳамчун гавҳари ноёб эҳтирому нигоҳ медорем, ҳамчун нерӯи бузурги созанда ва сипари боэътимоди давлатамон бар зидди ҳама гуна хатари терроризму экстремизм бо роҳҳои пешбини намудаи қонунгузорӣ мубориза мебарем.

                Ф. ҚУРБОНОВ,

мудири бахши кор бо ҷавонон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *