Бо назардошти шиддат гирифтани авзои кунунии сиёсии ҷаҳон, вусъати бесобиқаи низоъҳои байнидавлатию байнидинӣ, авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо масъалаи аввалиндараҷа ба шумор меравад. Истифодаи қувва ва зӯрӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ рӯз ба рӯз бештар мушоҳида мешавад. Қудратҳои ҷаҳонӣ дар раванди ҳифзи манфиатҳои худ дар гӯшаҳои гуногуни олам муқобили ҳам қарор мегиранд, дар натиҷа низоми давлатдории як силсила давлатҳо аз байн меравад.Маҳз аз бедонишию ҷаҳолат ва ноогоҳию камсаводии ҷавонон истифода бурда, кишварҳои мусалмониро ба вартаи пуртаҳлака равона сохтанд, ки аз он ҷо раҳо ёфтан кори саҳлу осон нест. Манзурам, воқеаҳое, ки дар Сурия, Ироқ ва имрӯзҳо дар Афғонистон рух дода истоаданд, мебошад. Худ қазоват кунед, ки дар як лаҳза кишварҳои ором, пешрафта ва рӯ ба инкишфро бо дасти худи ҷавонони ноогоҳ ба кадом ҳолати ваҳшатангез расонида шуданд. Бояд ёдовар шуд, ки чандин нафар ҷавонони тоҷик дар кишварҳои Сурия ва Ироқ ҷангида, дар натиҷа беш аз 80 нафарашон ҷони худро аз даст додаанд. Бо назардошти расонаҳои хабарӣ бояд қайд кард, ки аз ҷониби мақомоти дахлдор дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз соли 2015 то имрӯз 1030 нафар ба Ватан баргардонида шуданд. Дар баробари ин дар пайи корҳои фаҳмондадиҳӣ 247 аъзои ташкилоти террористӣ ва иштирокчиёни ҷангҳои хориҷӣ ба таври ихтиёрӣ ба Ватан баргаштанд.
Қайд кардан зарур аст, ки нисбатан ба эътидол омадани вазъи сиёсии Сурия ва Ироқ, бахусус гуруҳҳои терррористӣ аз қабили ДИИШ ва “Ал-Қоида” ба Афғонистон ва кишварҳои Аврупо паногоҳ ёфта, фаъолияташонро ба роҳ монда, бо ҳар роҳ, аз ҷумла тавассути шабакаҳои иттилоотӣ бархе ҷавонони кишвари моро гумроҳ кардаанд. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо, мисол меорем, ки тибқи расонаи хабарӣ бо номи “Sabah”-и кишвари Туркия, ки як шаҳрванди кишварамон ва дигаре шаҳрванди Осиёи Марказӣ бо аъзоёни ДИИШ ҳамкорӣ намуда, дар ҳудуди шаҳри Истамбул, шаби фарорасии Соли нави милодӣ-2023 барои содир намудани амалҳои террористӣ омодагӣ дида буданд, ки оқибат аз ҷониби мақомоти дахлдори Туркия дастгир карда шуданд.
Хулоса ин аст, маълумоти мухтасаре дар бораи натиҷаҳои зуҳуроти номатлуб ҳамчун терроризм ва эктсремизм. Метавон қайд кард, ки барои аз байн бурдани чунин падидаҳои манфии ҷомеа дар ниҳоди ҷавонон ҳисси худшиносии миллӣ ва дар заминаи он тарбия намудани ифтихори миллӣ, ки ватандӯстии ҳақиқатро ба вуҷуд меорад, амри зарурӣ аст. Шахсе, ки худшиносии миллӣ ва ифтихори миллии баланд дорад, бо истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва иттилооти мухталифи интернет ва ё шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии ҷаҳонӣ гумроҳ гашта наметавонад. Ҳар яки мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа, оромиву осудагии кишвар корҳои мушаххасро ба амал барорем ва иттилооти ба дастовардаашро бо чашми дил таҳлил намоем. Баробари ин бояд аз ҷониби мақомоти дахлдор ва бахусус ходимони дини кишвар корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ин самт таҳким бахшанд.
Ахмедов М.,
устоди ДИС ДДТТ