Фирефтаи афкори бегонагон нагардем!

 Фазои сиёсии ҷаҳони имрўза дар қиёс бо тамоми давраҳои таърихи башарият хеле ҳассос ва хатарпазир гардидааст. Бегумон, ин ҳолат ба чанд омил иртиботи мустақим дорад. Пешрафти бемайлони технология, ихтирои василаҳои муоширати осону озоди электронӣ, сохтану паҳншавӣ ва таҳдиди навъҳои гуногуни яроқи оташфишон, инчунин зуҳури ҳаракатҳои шадиди наҷодиву миллӣ ва диниву мазҳабӣ руҳи ороми ҷаҳонро ба ларза даровардаанд. Агар инсоният бо пешбурди истеҳсолоту саноат ва кашфу тадқиқи кайҳон вазъи экологии сайёраро вайрон карда, боиси тағйири иқлим гардида истода бошад, боз ҳам худи ў бо пайдоиши ақидаву таълимотҳое машғул аст, ки фазои маънавии оламро ба куллӣ дигаргун месозанд. Мутаассифона, дар баробари паҳншавии вирусҳои марговаре, ки ба саломатии фарзандони одам ҳамарўза хавфу хатар эҷод менамоянд, ба ҳамин минвол экстремизму терроризм дар гўшаву канори олам доман мегустаронад.
Саҳифаҳои нашрияҳо, барномаҳои телевизионӣ, сомонаҳои шабакаҳои умумиҷаҳонии интернет, гуфтанҳову шуниданҳо ва диданиҳо аз ҳаводиси бегонашавии миллат, даъвати ҷавонон ба гурўҳҳои ифротӣ фаро гирифтаанд, ки ин ҳама даъватҳо дар ниқоби ислом ва истифода аз нуфузи он амалӣ гашта истодааст. Яъне ислом низ дар охир ҳамчун сиёсате чун бозичаи дасти иғвогарону душманони мамолики ғарб гардидааст. Ин омил аз он сар мезанад, ки мутаас-сифона дар мо, мусулмонон, маърифати исломӣ ва шуури сиёсӣ коста гардидааст. Аз ин ҷост, ки ислом чун аслиҳа ва мусулмон ҳамчун объекти банишонгирифташуда қарор гирифтааст. Замоне, ки ба асолати асосии ислому расму ойин ва рукнҳои он сарфаҳм намеравем, пас ҳеҷ зарурати ба сиёсат омехта намудани он намемонад. Ин нуқта дар моддаи 8-уми Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тафсил зикр ёфтааст:  «Ҳеҷ андеша, аз ҷумла андешаи динӣ наметавонад чун андешаи давлатӣ эътироф шавад…Созмонҳои динӣ аз давлат ҷудо буда (баёнгари аслӣ ҷудоии дин аз сиёсат), ин ташкилот дар корҳои давлат наметавонад дахолат кунад».
Дар ниқоби ислом ва истифода аз нуфузи ин дини поку беолоиш ҷараёнҳои тундрав ва душманони миллату аҷнабиён мехоҳанд фитна миёни мусулмон биандозанд ва ба ин васила мусулмонро ҳамчун қотил ва ҷаллоду бераҳм тасвир кунанд. Ба таври дигар гўем, ислом ҳамчун василае барои расидан ба ҳадафҳои нопоки сиёсӣ истифода мешавад. Ошкор аст, ки ин ҳама бедодгариву иғвоангезӣ аз хориҷи кишвар шомили кишвари мо гардида, дар як муддати ниҳоят кўтоҳ ба афкори ҷавонони миллат мўҳри бегонапарастӣ гузошт. Ин ҳама воситаи иғвоангезӣ миёни давлату миллат аст, аммо дар асл ислом айбе надорад.
Дар ин бора Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ барҷо фармудааст: «Ислом бар зоти худ надорад айбе, ҳар айб, ки ҳаст, дар мусулмонии мост…».Сиёҳкунии дин ё ба сиёсат мубаддал намудани дин ҳам муқобили Конститутсияи кишвар ва ҳам як воситаи шўру иғво миёни давлату миллат чун силоҳе мавриди корбурд қарор дорад ва исботи ин раванд дигар матлаберо тақозо намекунад, зеро ҳаводиси моҷароҷўёнаи  ифротгароён бозгўи ин гуфтаҳост. Дар афкори рўшанфикрон ҳамеша андешае давр мезанад, ки чаро гурўҳҳои тундрав ва душманони миллат ҳамеша бо каломи ирфонӣ мардумро таблиғ мекунанд, зеро бо каломи ирфонӣ ва истифода аз нуфузи дини ислом ва ҳадиси Расули Акрам (с) ташвиқи эшон нишонрас мешаванд. Аммо  хотирнишон бояд кард, ки Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон, хоса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди арҷгузорӣ ба арзишҳои исломӣ ва эҳтиром гузоштан ба каломи Худованду аҳодиси набавӣ тадбирҳои бузургро ба сомон расонидаанд, ба монанди: мақоми давлатӣ гирифтани идҳои асосии исломӣ, созмон додани Донишкадаи исломии Тоҷикистон, фароҳам овардани имконияти фаъолияти озод ба ҳама гуна ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ва қонунӣ, тарҷумаи китоби муқаддаси дини ислом – «Қуръони карим» ба забони тоҷикӣ (бо алифбои кириллӣ), ва махсусан, таҷлили 1310 солагии пешвои мазҳабӣ ҳанафия – Имоми Аъзам (5 октябри соли 2009) ва амсоли инҳо, аз ҷумлаи онҳост.
Боиси таассуф аст, ки вақтҳои охир баъзе аз шаҳрвандони кишвар фирефтаи таблиғоти бебунёди экстремистӣ мегарданд, ки дасти душманони миллат барои он, ки аъзои ҷомеаи мо, хусусан ҷавононро ба осонӣ ба доми фиреби худ андохта, нерўи ақлонию ҷисмонии онҳоро ба муқобили ҷамъият, бар зидди волидайн, бародар ва ёру дўстонашон истифода мебаранд, нақшаву ният ва амали нопоки худро ба ислом нисбат медиҳанд, пешравию ободонии Тоҷикистони озоду соҳибистиқлолро хурду фақир ва ночиз нишон медиҳанд
Бояд фаҳмид, ки муколамаи диният дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон ифодагари сиёсати зидди динии давлат нест, зеро давлати имрўзаи Тоҷикистон барои ба ҷо овардани фарзҳои динӣ барои шаҳрвандонаш ҳамаи шароитҳоро фароҳам овардааст. Зиёда аз ин, дин ҳамчун падидаи иҷтимоӣ ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи муосири тоҷикон эътироф гашта, рисолати он дар тарбияи ахлоқии аҳли ҷомеа, хоса ҷавонон, ба таври бояду шояд баҳогузорӣ мешавад. Беш аз ҳазор сол шуд, ки аксари мардуми мусулмони тоҷик ба мазҳаби барҳақ ва ростини Имоми Аъзам (Абўҳанифа) пайравӣ намуда, дар ҳамзистии осоишта ба тамоми мардуми минтақа ба дастовардҳои зиёд соҳиб шуданд.
Мо дар тамоми дунё бо номи тоҷик, бо адлу инсофу илму маърифат овозадору машҳур гаштаем на бо хунрезиву ваҳшоният. Мо аз қадим дину мазҳаби худро пос медорем.
Ҷавонони имрўза ба хубӣ дарк менамоянд, ки роҳи фардои мо на ба сўи ҷаҳолат, низоъҳои иҷтимоӣ, якдигарнофаҳмӣ ва бесару сомонист, балки роҳи пойдор намудани ваҳдати миллӣ, сулҳу ризоият ва илму маърифат аст.
Фарангис МАҲМУДОВА,
донишҷўи курси 1-уми
ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *