Ҳамдардии амиқ нисбати даргузашти Азимҷон Шокаримов

Ҳайати профессорону устодон, донишҷӯён ва кормандони Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ аз марги нобаҳангоми инсони нексиришт, мудири шуъбаи хоҷагии донишкада Азимҷон Шокаримов сахт андуҳгин буда, ба аҳли байт ва пайвандони марҳум изҳори тасаллият ва ҳамдардии амиқ менамоянд.

Азимҷон Шокаримов 29 апрели соли 1953 дар ноҳияи Қалъаи Хумби Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Аз соли 1960 то 1970 дар мактаби миёнаи деҳаи Кеврони ҷамоати Вишхарви Қалъаи Хумби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳсил намуда, пас аз хатми мактаб таҳсилашро дар Техникуми индустриалии шаҳри Душанбе идома дода, онро соли 1972 бомувафақият хатм менамояд. Аз соли 1972 то 1974 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттифоқи Шӯравӣ хизмат кардааст.

Фаъолияти меҳнатии худро Азимҷон Шокаримов аз соли 1974 дар матбааи вилоятии дар ноҳияи Қалъаи Хумб буда, оғоз намуда, аз соли 1975 то 1976 дар техникуми кооперативии Ленинободии Тоҷикпотребсоюз аз рӯи ихтисоси «Баҳисобгирии бухгалтерӣ» таҳсил карда, баъдан фаъолияти меҳнатии худро дар вазифаи комменданти хобгоҳи техникуми номбурда идома додааст.

Аз соли 1979 то 1996 дар вазифаи ҷонишини директор оид ба хоҷагии техникуми кооперативии шаҳри Ленинобод ва то нафаси охирин дар вазифаи мудири шуъбаи хоҷагии Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд фаъолият намудааст.

Барои меҳнати пурмаҳсул бо сипосномаю ифтихорномаҳо, бо нишони “Аълочии кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, бо медали “90 – солагии кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон” мукофотонида шудааст.

Азимҷон Шокаримов ҳамчун шахси хоксор, меҳрубону ғамхор, кордон ва пуртаҷриба дар байни коллективи меҳнатии донишкада намунаи ибрат буда, шогирдони зиёдеро тарбия кардааст.

Аз даргузашти нобаҳангоми Азимҷон Шокаримов ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд сахт андӯҳгин буда, ба фарзандон ва пайвандони шодравон сабри ҷамил мехоҳанд.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *