БАРОМАДҲОИ ИҒВОГАРОНАИ М.САДРИДДИН ВА ПАЙРАВОНАШРО МАҲКУМ МЕНАМОЕМ!

Возеҳу равшан мушоҳида мешавад, ки ҳадаф аз роҳандозӣ намудан ва таблиғи андешаҳои ботили роҳбарарияту ҳамммаслакон ва пайравони ҲНИ, ки алҳол номи ҳизбро “Паймони миллӣ..” номугузорӣ намуда, имрузҳо аз имконияту афзалиятҳои шабакаҳои иљтимоӣ муфт истифода бурда, ҷиҳати расидан ба ҳадафи нопокашон баромадҳои ифротӣ менамоянд. Имрузҳо, амиқтараш дар давоми моҳи январ ва феврали соли равон ин тӯдаи хоинони миллат, аз ҷумла Муҳаммадиқболи Садриддин бо ҷалби шогирдону думравонаш, бо ровигӣ дар барномаи ифротӣ бо номи “Минбари муҳоҷир” ва Абдухалил Восеев дар барномаи “Дурахши ҳақ” ва Ҳусейн Ашӯров дар барномаи ифротии “Ҳақ ва ботил”бо иғвоҳои ҳамешагӣ ва матлабҳои бадномкунанда бо навбат баромадҳо менамоянд. Барномаҳои ифроти зикршуда ҳамеша аз дасиса ва таблиғи ташкилотҳои террористие, ки дар Тоҷикистон мамнўъ маълумоти бардурӯғ нашр намуда, бо ин васила раҳбарияту пайравонашро “мусичаибегуноҳ” мешуморад.
Нисбат дар атрофи барномаҳои зикршуд, бахусус оид ба барномаи ифротии “Минбари муҳоҷир” бояд қайд кард, ки М.Садриддин аз оғози фаъолияташ тавассути “Ислоҳ. ТВ” бо найрангбозиҳову дассисаҳо ва роҳандозии маълумотҳои бардуруғи ифротӣ мехоҳад давлату миллати моро ба вартаи нобудӣ барад. Дар аксар дасисаҳои ин барнома маводе ба мушоҳида мерасад, ки бо нашри матлабҳои гуногуни беасос М.Садриддин бо ҷалби думравонаш мехоҳад кишвари моро зери таҳдиду танқид қарор диҳад. Ба ровии барномаи “Минбари муҳоҷир” суол дода мешавад, ки ин барномаашро ў барои инъикоси айбҳои мардум ва зишт нишон додани миллати тоҷик таъсис додааст ё дигар масъалаҳо. Бояд ёдовар шуд ,ки аслу ҳaдaфи наҳзатиҳои фирорӣ aз нопокиву беиттиҳодӣ дaрaк медиҳaд, aрзишҳои диниву мaзҳaбиро истифодa бурдa, aмaлиётҳои ифротгароиву террористии худро бaҳри бa дaст овaрдaни ҳокимият бо дини мубини Ислом пaрдaпўш кaрдa, миллaти тоҷик вa хусусaн ҷaвононро бa ҷaнгҳои иттилоотии бемaънӣ дaъвaт нaмудaву ҳaрaкaт дорaнд. Ин амалҳое, ки М.Садриддин ва шогирдону пайравонаш анҷом медиҳанд, иғвогарона аст ва онро шадидан маҳкум менамоем!
Дар интиҳои андешаи хеш хулосабарорӣ намуда, иброз медорем, ки мо омӯзгорон ҳамарӯза, баҳри баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия намудани љавонон, решакан намудани ғояҳои ифротгароии наҳзатиҳо,бо ибораи дигар бар зидди заҳҳоксифатону иблисрӯён, алалхусус Муҳаммадиқболи Садриддин ва шогирдону пайравонашон муборизаи беамон мебарем!

Р. АНВАРӢ,
ассистенти
кафедраи молия ва қарз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *