БА ЗУҲУРОТИ ТЕРОРРИЗМ БО ДИДИ ОГОҲОНА БОЯД НАЗАР КАРД!

Имрӯз терроризм ва экстремизм яке аз амалҳои бениҳоят хатарнок шинохта шуда, ҳамчун ҷинояти дорои хусусияти байналмилалӣ эътироф шудааст. Бе ягон шубҳа ба мушоҳида мерасад, ки манфиатҳои сиёсии кишварҳои абарқудрат аксаран зери шиори ҳифзу эҳёи дин тарғиб гардида, омилҳои динӣ асоси нооромиву низоъ дар кишварҳои гуногун гаштаанд. Доираҳои муайяне мавҷуданд, ки дар ноором сохтани вазъи сиёсии кишварҳои минтақа даст дошта, бо ин роҳ мехоҳанд ҳадафҳои иқтисодии худро пиёда созанд. Рўйхати ҳизбу ҳаракатҳои динӣ – экстремистӣ ва созмону ташкилотҳои террористӣ, ба садҳо расидааст. Имрӯзҳо аъзоёни ташкилоти терористӣ бо ном Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) , Ал –Қоида ва дигар равияҳои ифротӣ на танҳо дар қалаврави Афғонистон, инчунин дар кишварҳои Африко ва ҳам акнун дар Ҷумҳурии Исломии Эрон аз худ дарак доданд. Масалан, санаи 3 январи соли равон ду инфиҷори, ба гуфтаи мақомоти Эрон, “маргталабона” дар маросими ёдбуди Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи собиқи нерӯи Қудср рӯй дод. Дар ин ҳодиса беш аз 100 нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз 200 кас захмӣ шуданд. Масъулияти ҳамларо гурӯҳи террористии ДИИШ гирифтааст. Бояд қайд кард, ки тибқи вазорати иттилооти Эрон 35 нафарро дар пайванд ба ҳодисаи мазкур дастгир карда шудаанд.
Хулоса, воқеаҳои давраҳои охир бо сабаби пайванди таърихӣ ва ҳам марзи тӯлонии байнидавлатӣ водор менамояд, ки нисбати қазияҳои ҷомеаи муосир бефарқ набошем. Дар шароити ниҳоят ҳассосу мураккаби минтақа ва ҷаҳон дар назди мо вазифаҳои бағоят мубрами амниятӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин, муҳоҷирати ғайрирасмӣ қарор доранд. Бинобар ин, ҳар фарди ҷомеаро зарур аст, ки ба равандҳои ҷорӣ ва тавсеаи зуҳуроти номатлуб бо диди огоҳона назар карда, барои ҳифзи сулҳу Ваҳдати миллӣ, осоиши зиндагӣ ва таъмини рушду тараққиёти Ватани азиз аз худ нақше бар ҷой гузорад.

МАМАДҶОНОВА М.,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *