БАРОМАДҲОИ ИҒВОАНГЕЗОНАВУ ДАСИСАБОЗИИ БАДХОҲОНИ МИЛЛАТ АЁН АСТ!

    Мо дар давоми соли ҷорӣ вобаста ба баромадҳои иғвоангезонаву дасисабозии яке аз узви фаъоли “Гуруҳи 24”Ашуров Ҳусейн, ки дар барномаи ифротӣ бо номи “Ҳақ ва ботил” баромад менамояд, андешаҳои хешро баён карда, маҳкум намуда будем. Ин навбат низ оид ба баромади навбатиии ин бадхоҳи миллат,ки санаи 8 ноябри соли равон дар барномаи зикршуда таҳти унвони “Чаро дар Сарқонун таъғирот оварданд” ибрози анша менамоем. Мо сараввал оид ба мавзуи интихобкардаи бадхоҳи миллат гуфтанием,ки бесаводи Ҳ.Ашуров ҳатои имлоӣ кардааст. Калимаи “тағйирот”-ро нодуруст навиштааст. Ба хонандаи закӣ баён намудан ҳоҷат нест! Ин бесавод бехабар аст, ки мо қаблан “Сарқонун” мегуфтем ва алҳол Конститутсия.

    Зимни баромадаш Ашуров Ҳусейн ва пайравонаш бо номи Исмоил ва афроде бо номи Нурик, ки алҳол дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳоҷиратм меҳнатӣ дорад, вобаста ба тағйироту иловаҳо ворид карда шудаи Конститутсия андешаи носолими подарҳаво сухан карданд. Бахусус, Ашуров Ҳ. оид ба Конститутсияи кишвари соҳибистиқлоламонро бемантиқу беасос бесаводона бо таври худ шарҳу тавзеҳ дод. Таъкидан ба Ашуров Ҳусейн, умуман ба бадхоҳони миллату давлат оид ба моҳият ва зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи кишвари соҳибистиқлоламон аз таърих ва нуктаи назари сиёсӣ ва ҳуқукӣ ёдовар гардида, қайд менамоем, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. Сипас, 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.
Зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ба ҳам мутобиқ намудани меъёрҳои Қонуни асосӣ ба истилоҳу меъёрҳои санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад. Тағйиротҳои пешбинишуда имкон медиҳанд, ки меъёрҳои Конститутсия бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар якҷоягӣ ва ҳамбастагӣ амал намуда, ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсеа ва рушд ёбанд. Рушди устувору босуботи ҷомеа, бахусус ҷомеаи муосири Тоҷикистон тақозо менамояд, ки меъёрҳои Конститутсия пайваста такмил дода шаванд. Такмили меъёрҳои Конститутсия дар навбати худ талаб менамояд, ки қонунгузории амалкунанда низ такмил ёбад. Ин тағйиротҳои Конститутсия барои рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мусоидат мекунад. Инчунин, бо дарназардошти рушди забони давлатӣ, баинобатгирии қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми октябри соли 2011, №458 тасдиқ шудааст, зарурат пеш омад, ки матни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, истилоҳҳо ва ибораву калимаҳои он мукаммал гардонида шуда, вожаву таркибот тибқи меъёрҳои он дақиқ навишта шаванд. Калимаи «Сарқонун» дар қавсайн аз ном ва матни Конститутсия хориҷ карда шудааст. Воқеан, калимаи «Конститутсия» вожаи умумиэътирофшудаи байналмилалӣ мебошад. Конститутсия калимаи лотинӣ буда, муайян кардан, муқаррар намудани асосҳои низоми сиёсӣ ва иқтисодии ҷомеа, принсипҳои ташкил ва фаъолияти ҳокимияти давлатӣ, низоми мақомоти он, ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои асосии инсонро ифода менамояд. Вожаи «Конститутсия» дар ҷаҳон маъмулу мақбул буда, ба ҳама фаҳмо ва истифодаи он роиҷ гаштааст.
Қобили зикр аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ ҳамчун яке аз конститутсияҳои беҳтарин эътироф гардидааст. Ин пеш аз ҳама ишора ба он меъёрҳои Конститутсия мебошад, ки онҳо зербинои мустаҳками ҷомеа ва давлати демократиро гузоштаанд. Тағйиротҳои солҳои 1999 ва 2003 ба Конститутсия воридгардида ин меъёрҳоро боз ҳам мукаммал намуда, тибқи онҳо ҷомеа ба марҳилаи навбатии инкишофи худ ворид гардид. Минбаъд зарур аст, ки ин меъёрҳои Конститутсия бо дарназардошти тараққиёти минбаъдаи ҷомеа боз ҳам такмил дода шаванд, то ки мо ба марҳилаи навбатии рушди демократия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон комёб шавем. Бо ин мақсад ба якчанд меъёрҳои Конститутсия тағйироту иловаҳо пешниҳод шудаанд
Таъкидан қайд менамоем, ки бадхоҳони миллат, аз қабили Ашуров Ҳ. ва пайравонаш зарурияти ворид намудани тағйиру иловаро намефаҳманд ва ё худро ба нодонӣ мезананд. Ин бадхоҳон бо дастури хољагонаш дар шабакаҳои интернетӣ баромад намуда, танҳо барои паст задани мавқеи давлату миллати тоҷик дар миқёси байналмилалӣ ва минтақавӣ бештар интишори матлаби иғвоангез паҳн карда истодаанд.
Хулоса, бо дарки дурусти масъалаҳои матраҳшуда ҳар як шаҳрванди Тољикистони азиз минбаъд низ вазифаи муқаддаси худро ба хотири пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар кишвар, таъмини амният, таҳкими Ваҳдати миллӣ, ҳифзу нигоҳдории истиқлол, тақвияти иқтидори давлат ва пешрафти љомеа содиқона рисолати хешро иљро намуда, барои ободонии Ватан ва афзудани номи неки он талош варзад.
Мардуми кишвари озоду ободи мо имрўз аз он ифтихор доранд, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ соҳиби давлати миллӣ ва рамзҳои давлатӣ гардиданд. Мо ба хотири ҳифз ва гиромидошти дастовардҳои даврони Истиқлоли кишвар ва аз файзу самараи он баҳравар гардида, рўзгори худро осудаҳолона пеш бурда истодаем.
Дар интиҳои андешаи хеш бори дигар иброз медорем, ки имрўзу ҳамавақт баромадҳои иғвоангезонаву дасисабозиҳои хиёнаткору бадхоҳони миллатро шадидан маҳкум менамоем!

Д.ШАРИПОВ ,
устоди ДИС ДДТТ
дар шаҳри Хуҷанд

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *