Мушоҳидаву таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки моҳҳои охири соли равон аз ҷониби бадхоҳони миллат, алалхусус як тудаи бадхоҳони ифротишуда, аз ҷумла Муҳаммадиқболи Садриддин, яке аз пайрави паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони милли..”, дар барномаи “Минбари муҳоҷир, Ашуров Ҳусейн, узви фаъоли “Гуруҳи 24” дар барномаи “Ҳақ ва ботил” ва дигаре бо номи Беҳруз Тағойзод, узви гуруҳи зикршуда дар барномаи “Садои мардум” мебошад, тавассути шабакаҳои интернетӣ бо ҷалби шогирдону думравонаш баромад намуданашон ба назар мерасад. Дар робита ба ин, аз ҷониби ҳайати омӯзгорону профессорони макотиби касбии олии кишвар бо назардошти далелҳои асосноку раднашаванда рафтору гуфтор, умуман баромадҳои ифротии афроди зикршударо борҳо шадидан маҳкум кардаанд ва имруз низ маҳкум менамоем!.
Вале, то ҳол ин тудаи бадхоҳи ифротишуда ба худ хулосаи зарурӣ набароварда, боз дар барномаҳои ифротиашон бо навбат баромад намуда, худро бегуноҳ нишон дода, дигаронро ғайбат намуда, иғвогариро пеша намудаанд. Аз ҷумла, оид ба дастовардҳои даврони истиқлол туҳматнома мебофанду симои як тоҷик ва тоҷикистониро миёни ақвоми дигар мерезонанд. Хуллас, зимни ҷустуҷӯи сарчашмаи моҷаро як ҳодисаи тасодуфиро гирифта, дар барномаҳои ифротиашон «аз пашша фил месозанд», дар атрофи он ҳар гуна ҳиллаҳо бофта, мардумро бе асоси воқеӣ ба иғво андохта, хусусaн ҷaвононро бa ҷaнгҳои иттилоотии бемaънӣ дaъвaт нaмудaн ҳаракат дорaд. Даъвоҳои пучу беъманӣ ва бепояаш дар бораи масъулият, дину диёнат ва дигар насиҳатомези иғовоанезонааш бори дигар ба мардум нишон дод, ки миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистонро дар назди хоҷагони сармоядеҳу барномасозаш бадном кунанд. Бо ин васила дарёфти пулу сарватҳои муфт мебошад. Бешубҳа, аз рафтору гуфтори М.Садриддин, Ҳ.Ашуров ва Б.Тағойзода маълум аст, ки ин тудаи афроди беномуси ифротӣ ва умуман, ҳама гуна ҳаракату гурӯҳҳои террористию ифротгарои манфиатҷӯ барои ба даст овардани сарвату маблағи муфт тайёранд миллату давлати худро ба ночизтарин маблағ фурўшанд. Хушбахтона, имрӯз дар байни сокинони асосии кишвари мо, ки бештари онро ҷавонон ташкил медиҳад ба ин тамоюлҳо мо баҳои дурусти худро медиҳанм, зеро ҷавонони даврони соҳибистиқлол оид ба давлату давлатдорӣ ва дин баҳоигузории худро доранд. Таҷрибаи ҳаёти инсоният борҳо исбот намудааст, ки ҳар як шахс бо меҳнати худ новобаста аз соҳаи фаъолият зиндагии шоиста дошта бошад ва он на танҳо ба манфиати шахси алоҳида, балки ҷомеъа бошад, ки инро мардуми Тоҷикистон эҳсос менамоянд ва барои ободии Ватан ҳиссагузорӣ намуда истодаанд. Имрӯз дар Ватани азизамон Тоҷикистон ҳамаи шароитҳо фароҳам оварда шуддаст ва танҳо меҳнати содиқонаро талаб менамояд. Ватанро танҳо шахсоне дӯст ва ҳифз менамоянд, ки бо меҳнати ҳалол луқмаеро пайдо намуда, барои худ ва ояндагон мероси арзанда мегузоранд.
Р.АНВАРӢ,
устоди ДИС ДДТТ
