Тағоев Муҳаммад, афроде бо номи Абдулло ва як қатор пайравонаш бо ному лақабҳои ғайриоддӣ баромади ифротӣ намуданд. Бадхоҳони миллат зимни баромадашон ин навбат оид ба қазияи куштор ва захмӣ шудани шаҳрвандони Чин дар марзи Тоҷикистону Афғонистон, ки рӯзи 18-уми ноябри соли равон рух додааст, ба таври худ беасос баён сохта,чун баромадҳои қаблиашон боз иғвогариро пеша намуданд. Дар иртибот ба ҳодисаи мазкур, бояд ёдовар шуд, ки тибқи расонаҳои хабарии Афғонистон, амали номатлуб аз ҷониби гуруҳи мусаллаҳ, ки сокинони Обкандаи вулусволии Роғистони вилояти Бадахшони Афғонистон мебошанд, содир шудааст. Ин гуруҳи мусаллаҳ дар минтақа бо фаъолиятҳои ҷиноӣ,аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, роҳзанӣ ва ғорати амволи мардум машғул аст. Бояд ёдовар шуд, ки бар асари ҳамлаи мусаллаҳона ба маҳалли кори коргарони чинӣ дар минтақаи Хастутуки дараи Зарбуз, воқеъ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон, як шаҳрванди Чин-ро кушта ва чаҳор нафари дигар, яъне се сокини чинӣ ва як шаҳрванди Тоҷикистон захмӣ шудаанд. Аз дигар манбаи расонаи иттилоотии Афгонистон бармеояд, ки гӯё ин амал аз ҷониби аъзои “Ҷамоати Ансоруллоҳ” содир шудааст.
Дар рафти баромади иғвогаронаи М.Садриддин ва чоплусонаш бо истифода аз номи халқ, шаҳр ва ё ким-кадом ниҳодҳои ормониашон иғвову буҳтонҳо мебофанд. Ин гуруҳаи ифротии иғвогар мехоҳанд, халқи муттаҳиди кишварро аз нав ба сангару маҳалҳо ҷудо кунанд.
Хулоса, мо зимни изҳороти солими ҳамешагиамон даъват ба амал оварда будему боз меорем, ки ба ҳарфҳои пучу бемағзи хоинони бурунмарзӣ, ки худро мутеъ ва лаганбардори мисли худашон беимонон кардаанд, хеч як фарди солимақл бовар нахоҳанд кард. Имрӯз маҳз ҳамин бадхоҳони миллат аз комёбиҳои соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистонон дар ҳаросанд ва намехоҳанд, ки ваҳдату якдилӣ дар Тоҷикистон ҳукмфармо бошад.
Дар фарҷоми изҳороти хеш мо М.Садриддин ва чоплусонаш, умуман пайравони худсохти наҳзат-Паймони милли –ро сахт маломат карда, лаънат мехонем ва суханҳои иғвоангезонашонро шадидан маҳкум менамоем.
