Бо ташаббуси муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ” бо пажӯҳишгоҳи тадқиқотии иҷтимоӣ-сиёсии Академияи улуми Руссия, Раёсати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Конибодом дар ноҳияи Конибодом санаҳои 5 – 7-уми марти соли равон мизи мудаввар барпо гардид. Ҷаласаи мизи мудаввар таҳти унвони “Муаммоҳои шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар рушди маҳал ва роҳҳои ҳалли он” санаи 5-уми март оғоз гашт. Дар ҷаласа, директори ДИС ДДТТ д.и.и., профессор Аминов И. А. ва раиси шаҳри Конибодом Боҳири Ғайбулло суханронӣ карданд. Профессор Аминов И. А. меҳмононро ба мизи мудаввар хушбошӣ ва иштирокчиёнро бо нақшаи баргузории он шинос кард. Сипас аъзо-корреспонденти Академияи илмҳои Руссия, д.и.и., профессор Рязанӣев Сергей Василҳевич, роҳбари Маркази тадқиқотҳои демографӣ-иҷтимоӣ ва иҷтимоиёти иқтисодии Паҷӯҳишгоҳи тадқиқотҳои иҷтимоӣ-сиёсии Академияи илмҳои Руссия, инчунин, корманди пешбари ҳамин марказ, н.и.и. Лукҳянеӣ Артем Сергеевич, ҳарду дар мавзӯи “Эмигратсияи ҷавонон аз Руссия: шаклҳо, равандҳо ва натиҷаҳо” баромад карда, перомуни ҳалли муаммоҳои ҷойдошта дар раванди муҳоҷирати ҷавонон аз Руссия андешаҳои ҷолиб иброз доштанд.
Мутобиқи нақшаи ҷаласа, баъди танаффуси ҷойдошта, мудири кафедраи Назарияи иқтисоди ДИС ДДТТ д.и.и., дотсент Азимов А. Ҷ. дар мавзуи “Мавқеи муҳоҷирати меҳнатӣ дар рушди инсон” ва дотсенти ДИС ДДТТ н.и.ф-м. Юсупов А. К. дар мавзуи “Мавқеи маълумот дар рушди маҳал” андешаронӣ намуда, фикру пешниҳодҳои арзишманд иброз доштанд. Пасон, дар ҷаласа баромадҳо ва саволу ҷавобҳо доир гашт, ки дар он иштирокчиён назари хешро дар ҳалли муаммоҳои ҷойдоштаи муҳоҷиратӣ меҳнатӣ, иброз доштанд.
Мақсад аз баргузории мизи мудаввар, пеш аз ҳама, ба тадқиқи роҳҳои рушди маҳал вобаста ба шуғли аҳолӣ ва ҷараёни меҳнат, шинос шудан аз натиҷаҳои илмӣ-тадқиқотии олимон ва мутахассисони варзидаи вилоят ва Федератсияи Руссия оид ба муаммоҳои демографии таъмини рақобатпазирии иқтисодиёти минтақа дар шароити муосир ва рушди ҳамкориҳои илмию амалӣ дар байни олимон ва намояндагони субъектҳои хоҷагидории минтақа нигаронида шуда, чунин самтҳоро дар бар мегирифт:
- Тамсилаҳои рушди инсонӣ, тамоилҳои имкониятҳои шуғли аҳолӣ;
- Муаммоҳои асосии иқтисодии рушди маҳал дар шароити ҷаҳонишавӣ;
- Вазъият ва тамоили ҷараёни муҳоҷират дар вилояти Суғд;
- Ҷанбаҳои минтақавии камбизоатӣ ва роҳҳои ҳалли муаммоҳо;
- Рушди стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шуғли аҳолӣ ва рушди маҳал;
- Ҷараёни муҳоҷират ва аҳволи иҷтимоии оилаҳо.
Ҳамин тариқ, мизи мудаввар бо натиҷагирӣ аз суханрониҳои иштирокчиён ҷиҳати ҳаллу баррасии муаммоҳои ҷойдошта дар шуғли аҳолӣ ва раванди муҳоҷирати меҳнатӣ дар рушди маҳал, бо хотироти рангин хотима ёфт. Зикр гардид, ки баргузории чунин мулоқотҳо ба манфиати кор буда, барои таҳкими муносибатҳо дар соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа, қадами устувор хоҳад гузошт.