Омада Нарўз ҳам аз бомдод,
Омаданаш фарруху фархунда бод!
Омӯзгорон ва донишҷӯёни азиз! Наврӯз аз ҷашнҳои куҳантарин ва анъанаи неки мардуми мо ба ҳисоб рафта, рӯзи шукуфоии табиат, оғози баҳори нозанин ва мавсими киштукори марди деҳқон маҳсуб меёбад.
Таърихнигорон пайдоиши Наврӯзро ба шоҳи ҳамосавӣ Ҷам мутааллиқ донистаанд, ки чун ӯ тахте аз тилло омода кард ва онро сари қуллаи кӯҳе бароварда, нишаст. Ҳангоме ки офтоб тулӯъ кард ва шӯълаи нурҳои он ба тахти Ҷам бархӯрд, нурпошии дучанд ба амал омад. Мардум чун ин нурпоширо бо чашми сар диданд, гумон бурданд, ки Ҷам Шед, яъне офтоб гашт, ӯро Ҷамшед хонданд ва он рӯзро Наврӯз (рӯзи нав) пиндоштанд. Ба ин муносибат Ҷамшед базме барпо намуд ва мардумро тӯҳфаҳо инъом кард, қонуну қоидае ҷорӣ намуд, то мардум бад-он зиндагӣ кунанд. Ин рӯзро Наврӯз номиданд ва онро ҳамчун оғози Соли нав, рӯзи орзуҳо, мавсими киштукор ва шукуфоии табиат қайд мекунанд.
Омӯзгорон ва донишҷӯёни арҷманд! Ба ҳамагон маълум аст, ки бо ташаббуси Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷашни Наврӯз мақоми байналхалқӣ касб кард, ки аз бузургиву шаҳомати ин Иди аҷдодии мо гувоҳӣ медиҳад.
Ҷаҳонишавии Наврӯз собит кард, ки мо, тоҷикон, аз мардумони куҳанбунёд ба шумор рафта, дар раванди ташаккули маданияти умумибашарӣ мавқеи хоса дорем.
Муҳтарам устодон ва донишҷӯёни гиромӣ! Бигзор рӯзи Наврӯз, рӯзи амалишавии орзуҳои нек, оғози дастовардҳои арзишманди илмиву таълимӣ, мавсими меҳру вафо, сарҷашмаи зиндагии осудаву ором ва босаодату бомароми ҳар яки мову шумо гардад. Чунончӣ шоир мефармояд:
Гулафшон гашт аз нав зиндагонӣ,
Бишуд Нафрӯзи фаррухпай ҷаҳонӣ!
Ҷашни Наврӯзи фархундапай муборак, омӯзгорону донишҷӯёни иззатманд!
Бо самимият ва орзуҳои нек
директори ДИС ДДТТ д.и.и.,
профессор Аминов И. А.