БАҲРИ УСТУВОРИИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА СУЛҲУ СУБОТ ДАР КИШВАР САҲМГУЗОР БОШЕМ!

Дар шароити ниҳоят ҳассосу мураккаби минтақа ва ҷаҳон имрӯз вазифаҳои бағоят мубрами амниятӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводди мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин, муҳоҷирати ғайрирасмӣ қарор доранд. Алалхусус, афзои кунунии кишвари ҳамсояи мо Афғонистон торафт шиддат гирифта истодааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар Афғонистон ҳокимиятро ҳаракати «Толибон», яъне ҳаракате, ки онро аксарияти кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ташкилоти экстремистию террористӣ эълон намудааст, ба даст гирифта, вазъи ин мамлакати бе он ҳам хароб гаштаро кунун аз ҷиҳати маънавию моддӣ боз ҳам рӯ ба таназзул мебаранд. Тарафдорони ин гурӯҳ айни замон ҳокимияти худро дар ин мамлакат ҷорӣ намуда, ба ваъдаҳои аввалаи худ истодагарӣ надоранд. Аз ҳама бештар ҳуқуқ ва озодиҳои занон дар ин кишвар поймол гардида истодааст. Баробари ин дар Афғонистон имрӯз тақрибан 20 гурӯҳи террористӣ фаъолият мекунанд ва бархе аз онҳо барои амалӣ намудани ҳадафҳои нопокашон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ омодаанд.
Таҳлилҳо собит менамояд, ки дар давоми 3-4 моҳи соли 2021 дар қаламравӣ Афғонистон беш аз 17 ҳамлаи террористӣ ба қайд гирифта шудааст ва тақрибан 600 нафар аз таркишҳо дар пойтахти кишвар шаҳри Кобул, Нангарҳор, Парвон, Кунар ва Кундуз осеб дидаанд. Чунончи танҳо дар моҳи оқтябри соли 2021 ҳамагӣ 5 амалҳои террористӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла:
– санаи 3 октябри соли равон дар масҷиди Идгоҳи Кобул;
– 8 октябр дар масҷиди шиаҳои ноҳияи Хонободи вилояти Қундуз аз ҷониби як маргталаб амали террористӣ содир шуд, ки дар натиҷа беш аз сад нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз даҳҳо нафар шаҳрвандони кишвар захмин шуданд;
-15 октябр ба масҷиди шиаҳо дар Қандаҳор ҳамла карда, беш аз 130 нафарро захмӣ карданд;
-20 октябр дар пойтахти Афғонистон, дар чорроҳаи серодами Деҳмзанг инфиҷор рух дод;
– 22 октябри соли равон бошад хатти интиқоли барқи 220 кВт дар Қалъаи Муродбеки Қобул таркиш ба амал омада, дар натиҷа интиқоли барқ қатъ шуд.
Бинобар ин набояд фаромӯш кард, ки бахусус гуруҳҳои террористӣ ба номи Давлати Исломии Шому Ироқ (ДИИШ), Ал-қоида,ТТЭ ҲНИ, Гурӯҳи -24, равияи ифротӣ “Ихвон-ул-муслимин” ва монанди инҳо барои анҷом додани ғаразхои сиёсии худ ва истифода аз дини мубини Ислом баҳри татбиқи ҳадафхои нолоиқи худ фаъолият доранд. Мақсади асосии ин гурӯҳҳои террористӣ, пеш аз ҳама расидан ба ғаразҳои сиёсию иқтисодӣ мебошад. Донишмандони дини мубини Ислом борҳо таъкид кардаанд, ки амалкардахои ин гуруххои ифротгароӣ ва дигар гуруҳҳои экстремистиву террористӣ, ки бо номи «ҷиход» анҷом дода мешаванд, бо исломи асилу ноб робитае надоранд.
Раванди ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастани ҷавонон дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон нишон медиҳад, ки насли нави ифротгароёнӣ динӣ, хусусан, пайравони ДИИШ ва ташкилоти экстремистию террористии ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ), Гурӯҳи – 24 роҳҳои наву пуртаъсири таблиғу ташвиқи андешаҳои худро дар байни ҷавонон ба роҳ мондаанд. Маҳз ҳамин равиши таблиғотии содаву таъсирнок ва истифодаи васеъ аз воситаҳои муосири иттилоотӣ, расонаҳои электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз омилҳои ташаккул ёфтани ин гурӯҳҳо гардидааст. Масалан моҳи майи соли 2021 панҷ нафар ҷавонони дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарордошта, ба бинои ситоди мақомоти қудратии яке аз шаҳри Россия ҳуҷум намуданд ва оқибат онҳо дастгир шуданд. Тибқи расонаҳои хабарии Федератсияи Русия дар рафти тафтишот маълум гардидааст, ки ин гурӯҳи ҷиноӣ дар асоси дастури Назаров Тоҷиддин, ки лақабаш “Абу Усамаи Норакӣ” аст, ин амали номатлубро содир намудаанд. Оқибат ин гумроҳшудагон аз 9 то 19 сол аз озодӣ маҳрум шуданд. Инчунин 3 декабри соли сипаригардида дар шаҳри Москва 8 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон нисбати соҳибкорони Федератсияи Россия амали мусаллаҳона намуданд. Дар натиҷа тибқи қарори Суди шаҳри Москва ҷавонони гумроҳшуда аз 8,5 то 16 сол аз озодӣ маҳрум шудаанд.
Баробари ин бояд қайд кард, ки барои ҷалби чавонони минтақаи Осиёи Марказӣ сомонаҳои мухталифи интернетӣ воситаи асосӣ мебошанд. Бархе аз ҷавонон-шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз номи гурӯҳи ДИШИ ҷангидаанд ва нисбати онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Дар иртибт ба ин бояд қайд кард, ки бо саъю кушишҳои мақомоти дахлдор 84 нафар кӯдакону ноболиғон, ки ҳамроҳ бо волидайни худ ба Ироқ рафта, дар он ҷо бе парастору саробон монда буданд, ба Ватан баргардонида шуданд. Ҷиҳати пешгирӣ намудани ин вабои аср мақомотҳои кудратии кишвар чораҳои мушаххасро андешидаанд То имруз зиёда аз 1190 нафар ҷавонони кишвар дар сафҳои созмонҳои террористӣ ошкор карда шуданд ва нисбати онҳо тафтишот бурда шуда истодааст.Танҳо дар давраи соли 2020 аз ҷониби кормандони Вазорати корҳои доихилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 274 нафар аъзоёни ташкилотщои террористӣ ва экстреместӣ дастгир гардида, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд. Аз 274 нафаре, ки боздошт шуданд, 203 нафараш аз “Бародарони мусалмон”, 27 нафар аъзоёни ДИИШ, 17 нафар равияи “Салафия”, 8 нафар ҷамоати “Ансоруллоҳ”, чаҳор нафар “Гурӯҳи 24”, 3 нафар ТТЭ ҲНИ, 3 нафар “Ал-Қоида”, 2 нафар “Ҳизб-ут-Таҳрир”, 1 нафар ҳаракати исломии Ӯзбекистон, 1 нафар дигар аъзои “Ҷамоати таблиғ” мебошанд. Дар натиҷаи ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ 92 нафар аз хориҷи кишвар ба ватан баргардонида шуданд. Инчунин дар шаш моҳи соли 2021 дар қалавраи ҷумҳурӣ 143 нафар гумроҳшудагон бо гумони узвият дар созмонҳои мамнуъ ва террористиву ифротгаро дастгир кардаанд.Аз ҷумла: “Ихвон-ул-муслимин” – 3 нафар, ДИИШ – 26 нафар, “Салафия” – 45 нафар, “Гурӯҳи 24” – 13 нафар, ТТЭ ҲНИ – Паймони миллии – 10 нафар. “Ансоруллоҳ” – 9 нафар, “Ҳизб-ут-таҳрир” – 6 нафар, “Ал-Қоида” – 3 нафар, “Ҷамоати таблиғ” – 8 нафар, Ҳаракати исломии Узбекистон – 5 нафарро ташкил медиҳад.
Ин рақамҳои оморӣ моро ҳушдор медиҳад, то ба хулоса оем ва дарк намоем, ки омилҳои барангезандаи кинаву адовати динӣ ва ҳамзамон миллию маҳаллӣ дар ҷомеаи мо то ҳол пурра решакан нашудаанд.
Албатта, ҳар як шаҳрванди ватандӯст ва боору номус дар муқобили ҳама гуна хатаре, ки ба давлат ва ватани ӯ таҳдид мекунад, мавқеи мухолиф дорад ва ба муқобили он мубориза мебарад. Вале, дар масъалаи гурӯҳҳои ифротию террористӣ бояд гуфт, ки хатари он натанҳо ба Ҳукумат ва сохтори сиёсӣ, балки бевосита ба ҳар як нафари мо равона шудааст. Бинобар ин моро зарур аст, ки зиракӣ ва ҳушёрии худро аз даст надода, талош намоем, ки баҳри устувории Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар кишвар саҳмгузор бошем. Баробари ин дар интиҳои гуфтори хеш аз омӯзгорон, падар ва модарон хоҳиш менамоем, ки ҷавононро дар асоси ҳидоятҳои Сарвари давлат тарбия намуда, аз падидаҳои манфие, ки ҷомеаи имрӯзаро зери хатар мондааст, эмин доранд.

ШАРИПОВ А.Қ.,
мудири шуъбаи мониторинг
ва назорати сифати таълим

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *