ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ЗАМОНИ МУОСИР

Ифротгароӣ ва тундгароӣ аз ҷумлаи зуҳуротҳои номатлубе мебошанд, ки барои амнияти миллӣ ва давлатии ҳар як кишвар хатар эҷод мекунанд. Аз таҳлилу таҳқиқи маводҳои илмӣ, барномаҳои ВАО  хулоса баровардан мумкин аст, ки дар баъзе кишварҳои исломӣ ва мусулмоннишин, алалхусус кишварҳои арабӣ ин ҷараёнҳо густариш ёфтааст. Яке аз омили асосии “ифротгароӣ ва терорризми исломӣ” ном гирифтани ин зуҳуротҳои хатарнок дар он аст, ки як идда гуруҳҳои ҷинояткор ва бо асли ислом бегона, барои татбиқи ғаразҳои сиёсии худ аз шиорҳои исломӣ сӯистифода мебаранд. Онҳо даъвои “пуштибонӣ аз ислом”, бунёди “хилофати исломӣ” ва “ислоҳи ислом ва мусулмонон”-ро баҳона пеш оварда, аслан барои амалӣ сохтани ҳадафҳо ва ғаразҳои сиёсии худ ва фармонравоҳои хориҷиашон талош менамоянд. Ба монанди қатлу кушторҳои ваҳшиёнаву гӯшношуниде, ки ин гурӯҳҳои ҷинояткор дар қаламрави Шому Ироқ, Афғонистон, Нигерия, инчунин кишварҳои дигари ҷаҳон содир намуда истодаанд, аслан бо дини мубини ислом ҳеҷ гуна рабте надоранд.

Роҳбарону масъулони созмони террористӣ бо хотири ба даст овардани маблағҳои ночиз заминаи ихтилофи мазҳабиро ба вуҷуд оварданд. Дар робитаба ин мисол шуда метавонад ТТЭ ҲНИ, ки роҳбари фирориаш Муҳиддин Кабирӣ дар хориҷи кишвар дар паноҳи хоҷагони худ қарор дошта, бо ҳар роҳ мехоҳад Ҳукумати Тоҷикистонро бадном намояд. Дар баробаре, ки номбурда чун саги моргазида дум ликконда мегашт, имрӯз бо як фитнагари дигар Салимпур, ки ба ном хабарнигор аст, мехоҳанд фазои осудаи моро ноором созанд. Имрӯз назҳатиҳо яъне бадхоҳони миллат, зархаридону хоинон ободии кишварро намехоҳанд аз хориҷи кишвар вазъияти ҳақиқии Тоҷикистонро дарк накарда, дар расонаҳои хабарӣ туҳмату буҳтон бофта истодаанд. Воқеан мардуми шарифи Тоҷикистон медонанд, ки наҳзатиҳо арзишҳои муқаддас, яъне Ватану миллатро фурӯхта, зери пой кардаанд ва ҳатто, барои молу маблағ шуда, мазҳаби аҷдодии худро ҳам фурӯхта, мазҳаби бегонаро қабул намудаанд. Хотиррасон бояд кард, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон кӣ будан ва чӣ мақсад доштани наҳзатиҳо маълумот доранд. Баъд аз тамошои филмҳои ҳуҷҷатӣ бо номи “Бозгашт аз ҷаҳаннам” ва қисмҳои 1-5-и “Хиёнат” нисбати наҳзатиҳо нафрати мо дучанд гардид. Бинобар ин ба назҳатиёни фирорӣ гуфтанием, ки шумоён беимонтарин инсонҳоед, ки мардуми тоҷик дигарбора фирефтаи найрангҳои шумо нахоҳанд шуд.

Шукронаи самараи неки Истиқлолияти давлатӣ аст, ки имрӯз Тоҷикистон ва тоҷикистониёнро дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар мешиносанд. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимояи сазовори марзҳои худ қодир аст. Мардуми шарифи Тоҷикистон бо гузашти айём ва табодули таҷриба рӯз аз рӯз аз моҳияти гурӯҳҳо ва ҳизбҳои бадтинат огаҳ гардида, дар муқобили инсонҳои тангназарону хиёнаткор, ки сафҳои созмонҳои таҳрибкорро пурра месозанд, муборизаи беамон бурда истодааст. Бо боварии комил метавон қайд кард, ки сулҳу суботи давлатамон пойдор мемонад ва ягон ҳизбу равияҳои ифротгароӣ осмони софи Тоҷикистонро тира намегардонад.

 

                           Ҷалолова Ф.А.- муаллимаи калони

                       кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ

имрӯз.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *