БАР ЗИДДИ АНДЕШАҲОИ БЕБУНЁДУ АМАЛҲОИ БАДХОҲОНИ МИЛЛАТ МУБОРИЗАИ БЕАМОН БУРД!

Имрӯзҳо барои фаъолияти роҳбарону пайравони ТТЭ ҲНИ ва Гурӯҳи – 24 ягона роҳ дар хориҷи кишвар шабакаи интернет боқӣ мондааст. Бадхоҳони миллат аз ин имконият муфт истифода бурда, бо туҳмату буҳтон ва иғвогарона, аз номи миллат ба сӯи миллату роҳбарияти олии кишвар ва давлату зодгоҳи худ санги маломат мезананд. Зимни сабтҳои видеоӣ ва аудиоии ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ ва Гурӯҳи-24 танҳо суханони беасос, бедалел, ғайриқонунӣ, туҳматангез ва иғвогарона инъикос ёфтаасту халос. Ин аз корҳое мебошанд, ки аз нигоҳи ҳуқуқӣ дар онҳо аломатҳои таркиби ҷиноят мушоҳида мегарданд. Бояд ёдовар шуд, ки тибқи талаботи қисми шашуми моддаи 6 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз мақомҳое, ки аз номи тамоми халқи Тоҷикистон ҳуқуқи сухан гуфтан дорад, ин Президент аст, ки аз ҷониби халқ бевосита интихоб гардидааст. Агар аз нуктаи назари мантиқӣ гирем, оё таҳқиру туҳмат нисбат ба роҳбарияти олии кишвар, доғу иснод овардан ба номи халқ нест? Хонандаи закӣ инро дуруст дарк мекунад ва ҳоҷат ба баён нест! Баробари ин қайд кардан бамаврид аст, ки вобаста ба масоили сиёсати давлат таҷрибаи давлати демократӣ собит менамояд, ки дар ҳолати зери интиқод қарор додани сиёсати Ҳукумати амалкунанда, бояд тибқи талаботи қонунгузорӣ мухолифати худро бо далелҳои қонунӣ асоснок намуда,зимнан барои беҳбудии давлат мухолифин барномаҳои созандаи худро ба Ҳукумат пешниҳод менамояд. Пас суол ба миён меояд, ки ҷониби иғвогарони бо номи мухолифи кишвари мо оё чунин барнома пешниҳод шудааст? Ба ин суол посух додан, душвориро эҳсос намекунем, зеро то имруз амиқан он барномаи мушаххас ирсол нашудааст ва чизе барои беҳбудии халқ ва давлати Тоҷикистон пешниҳод нагардидааст. Аз ин бармеояд, ки пайравони ТТЭ ҲНИ ва Гуруҳи – 24 танҳо хусумати шахсӣ доранд, ки бар пояи манфиатҳои шахсӣ, иқтисодиву молиявӣ рабт доранд. Бинобар ин, дар самти пешгирӣ намудани кирдорҳои ғайриқонунии бадхоҳони миллат андешидани тадбирҳои мушаххасро тақозо мекунад, ки то ин ки дар ҷомеаи навини мо танҳо амнияту тартибот ва муттаҳидиву дӯстӣ ҳукумфармо бошад. Дар фарҷоми андешаи хеш иброз медорем,ки баҳри решакан намудани ғояҳои ифротагроёнаи пайравони ТТЭ ҲНИ ва Гуруҳи -24 камари ҳиммат баста, бар зидди андешаҳои бебунёду амалҳои бадхоҳони миллат муборизаи беамон бурда, намегузорем фазои ороми муқаддаси кишварамонро ғуборолуд созанд.

Т.САЛИМОВ,
сармутахассис оид ба
сомонаи ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *