САРЧАШМАИ ПАҲНШАВИИ ЗУҲУРОТИ ХАТАРЗО – ТАЪЛИМИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ДИНӢ

Мо омӯзгорон огоҳ ҳастем, ки дар ин рӯзҳо дар расонаҳои хабарӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ рӯзноманигорон, таҳлилгарон, сиёсатмадорон, сарварони ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳои гуногун андешаҳои худро баён менамоянд. Мо ин навбат тасмим гирифтем, дар атрофи яке аз масоили мубрами рӯз, оид ба масъалаи зуҳуроти террористӣ ва экстремистӣ, ки хатари асосии таҳдид амнияти давлатӣ ва давлатдории дунявӣ аст, андешаҳои хешро иброз менамоем. Мушоҳидаву таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сарчашмаи асоси паҳншавии ин зуҳуроти хатарзо аз таълими ғайриқонунии динӣ вобаста аст. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо метавон қайд кард, ки тибқи таҳлили кормандони ҳифзи ҳуқуқи кишвар аз 90 то 95 фоизи аъзои ташкилотҳои террористию экстремистӣ таълимгирандагони мактабҳои ғайриқонунии динӣ мебошанд. Раванди таълимоти ғайриқонунии динӣ, сарчашмаи таблиғкунандаи идеологияи ифротӣ ва қадами нахустин ба ҷониби ячейкаҳои ибтидоии террористӣ буда, асосан дар манзили зисти рӯҳониёни иртиҷоӣ ба роҳ мешавад. Инчунин солҳои охир тавассути шабакаи интернет таълими ғайриқонунӣ ба роҳ монда шудааст. Бинобар ин тамоюли ба таълими ғайриқонунӣ динӣ фаро гирифта шудани насли наврас то ҳол ҳамчун ангезаи таҳрикдиҳандаи болоравии сатҳи таассубу хурофот, радикализми динӣ ва моилсозии ҷавонон ба сафи гурӯҳу созмонҳои террористиву экстремистӣ боқӣ мемонад.Чунончӣ дар тули солҳои 2019- 2020 ва нуҳ моҳи соли 2021 дар кишвар беш аз 1833 ҳолати таълими ғайриқонунии динӣ ошкор ва пешгирӣ шудааст.Аз ҳисоби таълимдиҳандагони ғариқонунии динии муайяншуда 13 нафар хатмкунандагони муассисаҳои динии кишварҳои хориҷӣ мебошанд.Ин маълумотҳо бори дигар исбот менамояд, ки терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, ҳамзамон як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини саӣёра аст. Бинобар ин ҷавонони ватандӯсту огоҳи мо бояд минбаъд низ ҳушёр бошанд ва нагузоранд, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯи дохиливу хориҷӣ дар шуури дигар наврасону ҷавонони мо мафкураи бегона, хурофотӣ ва ифротгароёнаро ҷой намоянд. Мо ҳама омӯзгорону падару модарон дар ҳамкорӣ бояд ҳамарӯза ва ҳамавақта ба ҷавонону наврасон таълим диҳем, ки аз касофати ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ худро эмин нигоҳ доранд.
Ф.МАМАДҶОНОВ,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *