САҲМИ ҶАВОНОН ДАР ТАҲКИМИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯзҳо инсоният ба мушкилоти зиёди глобалӣ рӯ ба рӯ шудааст. Аз ҷумла, терроризму экстремизм, радикализми динӣ, хурофотпарастӣ, ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб, ки ба ҳаёти мардумони сайёра ва амнияти давлатҳо  ҷиддан таҳдид менамояд, вусъат ёфтаанд. Ҳоло ҷомеаи ҷаҳонӣ тамоми кӯшиши тадбирҳои худро барои ҳаллу фасли муаммоҳои мавсуф равона кардааст.

Ҷавонон, ки аз табақаҳои асосӣ ва созандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд, нақши онҳо дар таҳкими сулҳу субот, таъмини амнияти давлат, ҳимояву пешбарии манфиатҳои миллӣ ва рушду тараққиёти тамаддуни муосир муҳим ва бузург арзёбӣ мегардад.

Тоҷикистон тибқи таҳлилҳои Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумлаи кишварҳои дорои афзалияти ҷавонон буда, синну соли миёнаи аҳолии он 22,5 солро ташкил медиҳад. Дар баробари ин, тибқи маълумоти оморӣ зиёда аз 70 фоизи аҳолии кишварро ҷавонони то 35 – сола ташкил медиҳанд ва маҳз ба ҳамин хотир Тоҷикистон мамлакати ҷавонон ба ҳисоб меравад.

Дар ин радиф, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо дар баромадҳои хеш таъкид менамоянд: “Ҷавонон-қувваи бузург ва ояндаи миллатанд.”

Вобаста ба вусъатёбии таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир ба амнияти давлатҳо, ки дар боло зикр шуданд, бояд қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолу озодӣ ба гирдоби љанги шаҳрвандӣ афтод. Дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ, кишвари моро беқонуниву бенизомӣ фаро гирифта, сохторҳои ҳокимияти давлатӣ фалаҷ гардиданд, даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони бегуноҳ, аз ҷумла занону кӯдакон ба ҳалокат расида, қариб як миллион нафар гуреза шуданд. Ҳамчунин, даҳҳо ҳазор кӯдак ятим монда, ҳазорҳо хонаи истиқоматӣ  сӯзонида  шуд ва садҳо корхонаву коргоҳҳо комилан нобуд гардиданд. Зарари умумии ҷанги шаҳрвандӣ маблағи беш аз 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод [2,1]

Дар чунин шароити душвори пурҳасос барои миллати тоҷик ва Тоҷикистон, ки қадамҳои аввалинашро дар ҷодаи соҳибистиқлолӣ мегузошт ва бо таҳдиди нестшавии давлат ва миллат гирифтор шуд, ниёз ба шахсияти наҷотбахш ба миён омад ва ин шахс Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд. Агар азму иродаи қавӣ ва ҷуръати бузурги сиёсии Сарвари  кишвари мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намебуд, аз даст додани истиқлоли давлатӣ як амри воқеӣ буд.

Аз ин лиҳоз, чавонони кишвар бояд ҳамеша аз таҳдиду хатарҳои чаҳони муосир хабардор бошанд, ҳушёру фаъол ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Ҳамчунин, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллиро ҳифз намоянд, барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва таъмини амнияти давлат фаъолони ширкат варзанд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба масъалаи баланд бардоштани маърифати ҷавонон, сифати таҳсилот дар соҳаҳои илму маориф диққати ҷиддӣ медиҳанд. Зеро, дар шароити имрӯза таъмини сулҳу субот ва амнияти давлат аз соҳаҳои илму маориф вобастагии бузург дорад. Ин масъала, дар моддаи 6-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи амният» омадааст: “Паст шудани сифати таҳсилот ва нерӯи зеҳнии мамлакат ҳамчун таҳдид ба амнияти давлат арзёбӣ мешавад”.

Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон, шумораи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз 1 миллиону 325 ҳазор нафар дар соли 1991 то 2 миллиону 34 ҳазор нафар зиёд гардида, барои фарогирии онҳо сохтмон ва азнавсозии 3030 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва биноҳои таълимии иловагӣ бо 651 ҳазор ҷойи нишаст анҷом дода шуд.

То замони истиқлол дар Тоҷикистон ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69000 донишҷӯ фаъолият мекард. Имрӯз шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба 41, донишҷӯён ба 245 ҳазор ва бо иловаи донишҷӯёне, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, ба 285 ҳазор нафар расидааст. Яъне дар хориҷи кишвар зиёда аз 40000 нафар донишҷӯ, магистр ва аспирантҳои Тоҷикистон ба таълим фаро гирифта шудаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  93 фоизи онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, сарзамини пур аз ганҷу сарватҳои табииву зеризаминӣ мебошад. Имрӯз,  Тоҷикистон соҳиби захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, яке аз кишварҳои риоякунандаи принсипҳои «энергияи сабз» эътироф шудааст.

Вале ин боигариҳо то ҳанӯз кам омӯхта шуда, дар  ин соҳаҳо Тоҷикистон ба кадрҳои баландихтисос ниёзи зиёд дорад.

Маҳз ба ҳамин хотир ва бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 солҳои 2020-2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карданд. Ин иқдоми Пешвои миллат бевосита дар омода ва тарбия намудани мутахассисони соҳаи истеҳсолот, техника ва технологиҳои нав саривақтӣ мебошад.

Омӯзиши илмҳои табиӣ тафаккури техникии ҷавононро тавсеа бахшида, онҳоро ба рушди ихтироъкориву кашфиёт ҷалб менамояд. Имрӯзҳо, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар кишвар  дар ҳақиқат зарурати омӯзиши бештар ба ин илмҳо пеш омадааст ва ин зарурат бо ҳадафи чаҳоруми миллии кишвар – саноатикунонии  босуръат ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон вобаста мебошад.

Дар ин радиф, моҳи июли соли 2020 қарори Ҳукумати Тоҷикистон “Дар бораи нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 оид ба амалигардонии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон намудани солҳои 2020 – 2040” қабул гардид.

Пешвои миллат, ба хотири татбиқи ин қарори Ҳукумати Тоҷикистон ва барои ҷалби бештари наврасону чавонон ва омӯзгорону олимони ҷавон ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ пешниҳод намуданд, ки ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» гузаронида шавад.

Тайи се соли охир бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии мардуми Тоҷикистон, алалхусус, наврасону ҷавонон, завқи китобхонӣ, сухандону суханвар, арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, худшиносиву худогоҳӣ озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор шуда истодааст.

Ҳамаи ин ташаббусу тадбирҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  бевосита аз дастгирии наврасон ва ҷавонон гувоҳӣ медиҳад. Ҷавонони  кишварро мебояд, ки ин ташаббусу тадбирҳои Пешвои миллатро дастгирӣ намуда, ба рушду нумӯи давлат, таъмини сулҳу субот ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ  ҳамеша кӯшиш намоянд.

Ҷавонони кишвар вазифадоранд, ки  бештар ба корҳои илмиву тадқиқотӣ дар муассисаҳои олии касбӣ шуғл варзанд ва дар обод кардани Ватан худро омода созанд. Баробари омӯзиши фанҳои гуманитарию  ҷамъиятӣ таваҷҷуҳи худро бештар ба рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ нигаронанд. Инчунин, ҷавонон бояд ҳамқадами замон бошанд, ду се забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири иттилоотиро аз худ намоянд.

Таҷрибаи ҷаҳони муосир нишон медиҳад, ки  технологияҳои  муосири иттилоотӣ  дар баробари осон намудани фаъолияти корӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт, ҳамчунин шаклу намудҳои гуногуни расонидани  хатару зарарро ба худи инсоният эҷод менамоянд.

Махсусан, гурӯҳҳо ва ташкилотҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ, бахусус, шабакаҳои иҷтимоии интернет, дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои нодурусти динӣ ва тундгароиро паҳн карда, онҳоро ба қатлу куштор ва ноором сохтани суботу оромӣ ва амнияти давлат ташвиқ менамоянд.

Дар робита ба ин, бояд гуфт, ки солҳои охир 70 фоизи шахсони ба сафи ҷангиёни кишварҳои дигар, аз ҷумла Сурияву Ироқ шомилшуда аз байни муҳоҷирони меҳнатӣ тавассути шабакаҳои интернетӣ ҷалб ва истихдом гардидаанд.

Аз ин лиҳоз, ҷавонони кишвар бояд дар фазои интернет ҳамеша бомаърифату бомулоҳиза, ҳушёру фаъол бошанд ва барои ҳимояи сулҳу оромӣ, субботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои кишвар  омода  бошанд. Зеро, манфиатҳои миллӣ ва таъмини амнияти давлат аз дигар манфиатҳо волотару афзалтар мебошанд.

Бо баробари иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва созанда ба ҷавонони кишвар зарур аст, ки таърих, забон, фарҳанги миллӣ, рамзҳои давлатӣ ва анъанаҳои неки гузаштаи худро омӯзанд ва ба онҳо арҷ гузоранд. Ғайр аз ин, ҷавононро зарур аст, ки  дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ содиқона ва сарбаландона хизмат карда, дар таъмини амнияти давлат, сулҳу субот ва оромӣ нақши худро гузоранд.

Ҷавонон доимо кӯшиш намоянд, ки  ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим шуғл варзанд. Аз терроризму экстремизм, хурофотпарастӣ, нашъамандиву майпарастӣ, ҷинояту ҷинояткориҳо ва дигар падидаҳои номатлуб дур бошанд

Имрӯзҳо  қонунҳои нави  Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, “ Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш”, “Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2030” ва “Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардиданд.

Бо қабули санадҳои мазкур фаъолияти ҷавонон дар ҳама соҳаҳои ҷомеа боз ҳам пурзӯр гашта, барои рушду инкишофи ҷавонон шароити мусоидат фароҳам меоварад

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози ба даст овардани истиқлолияти давлатии худ бо зиёда аз 178 давлатҳои ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ барқарор кардааст ва узви фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад.

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ давлати Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳаллу фасли мушкилоти мубрами глобалӣ мешиносад ва ҳоло чаҳор ташаббусҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дастгирии худро ёфтанд, аз ҷумла «Соли байналмилалии оби тоза,  2003», «Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028».

Тайи солҳои охир, дар ш. Душанбе як қатор конфронсҳои байналмилалии сатҳи баланд доир ба  мавзӯи  таъмини амниятӣ ва сулҳу субот  доир гаштанд. Аз ҷумла,  конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” (4 маи соли 2018), конфронси  сатҳи баланд дар мавзӯи “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил” (16-17 майи  соли 2019), ҳафтумин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи Осиёи Марказӣ ва Япония (17-18 майи  соли 2019),  ва Саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (15 июни соли 2019).

Солҳои 2018-2019, Ҷумҳурии Тоҷикистон  раёсатии худро дар созмонҳои байналмиллалӣ ба ӯҳда дошт. Аз ҷумла,  Иттиҳоди давлатҳои Мустақил, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Форуми ҳамкории амниятии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо.

Соли 2020-2021 Тоҷикистон раёсатии худро дар Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ,  Нуҳумин конфронси вазирони “Қалби Осиё – Раванди Истанбул” ба ӯҳда дорад.

Њамин тариќ, маҳз ба шарофати 30 соли истиқлолу озодӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хизматҳои бузурги ӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вартаи нестшавӣ ва парокандагӣ эмин дошта шуда, таъриху фарҳанги тоҷикон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда шудаанд. Дар натиҷа мақому мавқеи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ баланд гашта, сиёсати хориҷии он татбиқ гашта истодааст.

Ҷавонони кишвар ташаббусҳои бунёдкоронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, ҳамеша кӯшиш намоянд, ки дастовардҳои истиқлоли давлатӣ –  сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро ҳифз намоянд ва дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии давлатамон боз ҳам фаъолона ширкат варзанд. Зеро, дар шароити пуртазоди авзои ҷаҳонӣ, сулҳу субот ва тинҷиву оромӣ аз арзишмандтарин дастовардҳои  истиқлоли давлатӣ маҳсуб мешаванд.

Ҳошимов Фирӯз Ҷабборович,
омӯзгори кафедраи ҷомеашиносии
Донишкадаи иқтисод
ва савдои ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *