Мо тарафдори оромию сулҳу суботи кишвар ҳастем!

                  Ҳизби наҳзати ислом амалҳои хиёнаткоронааашро фаъол намуда мехоҳад, пешсафи муборизаи мавфкуравӣ гардад. Пештар Кабириву пайравонаш ҳамеша Ҳукуматро бадном кардан мехостанд. Аммо имрӯз вазъият тағйир ёфтааст, зеро акнун онҳо бо муборизаҳои дихилии мухолифин банд ҳастанд.  Дурӯягӣ,  ғояҳои ватанфурӯши ба он оварда расонд, ки имрӯз ягон қувва, на намояндагони “Гуруҳи 24”, на озодандешон, на Аттовулоев ва пайравони ӯ ба Кабирӣ бовар намекунанд. Ӯро на дигарон, балки ҳаммаслакони дирӯзааш рӯирост ба хешутаборчигӣ дар сохтори ҳизбаш, ватанфурӯшиву миллатфурӯши  дар сухану амалаш, лаббай гӯию лагандбардорӣ  дар назди хоҷагонаш айбдор мекунанд. Мухолифин дар шахсияти ТТЭ ҲНИ доимо таъкид менамоянд, ки мо Ватанамонро дӯст медорем, мехоҳем, ки онро бо роҳи дигар ороставу обод гардонем ва ғайраву ва ҳакозо. Ин ҳама дурӯғи маҳз аст. Шумо он кореро мекунед, ки ба шумо  хоҷаҳоятон мефармоянд. Матлаби асосии хоҷагони шумо соҳиби давлат шудан, ҷомеаи дунявии тоҷикро сӯи хурофоту ифрот кашидан аст. Аз ин рӯ, ман аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям,ки ҳоло дер нашуда аз роҳи бунёдгароиву ифрот баргардед, то ки мо якҷоя Ватани худро обод кунем. Аз дур истода маслиҳат додан осон аст, аммо дар Ватан қарор дошта, ба “ҷароҳатҳо иҷтимоиӣ”-ии он  дармон бахшидан кори саҳл нест. Барои ин инсон бояд Ватани худ,  миллати худро дӯст дорад, марзи бум, обу хоки онро муқаддас донад.  Аз ин лиҳоз, мо  ашхосе, ки дар Шабакаҳои иҷтимоии Интернет андешаҳои  “озодандешона”-и худро баён намудаанд, озодандешони ватанпарвар номида наметавонем. Мо тарафдори оромию сулҳу суботи кишвар ҳастем ва намегузорем душманону бадхоҳони миллат нисбати сарзамини аҷдодии мо суханҳои носазо гӯянд.

                                                                                  Аҳророва.Г.У

                                                        муовини директор оид ба тарбия ва рушди 

                                                                     ҷавонон,н.и.ф., дотсент

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *