
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар даҳсолаҳои охир таблиғи ақидаҳои дорои характери ифротӣ ва тундгароёна дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушоҳида мерасад, ки ин раванд барои амнияти кишвар ва минтақа хатар ва паёмадҳои манфӣ дорад. Дар атрофи ин ҳолати номатлуб андешаронӣ намуда, қайд кардан зарур аст, ки ифротгароӣ чун терроризм яке аз зуҳуроти фалокатбор ба шумор рафта, ташвиши ҷаҳониён шудааст. Имруз ибораи “Ифротгароии динӣ” маъмул аст, ки яке аз шаклҳои экстремизм буда, ҳолатест, ки инсон дар фаҳмиши меъёрҳои дин ва дар амал кардан ба таълимоти динӣ сахтгирии беш аз ҳад намуда, дар ин кор аз ҳадду андозаи эътидол мегузарад. Шахси ифротгарои динӣ маъмулан аз таълимоти асилу муътадили динӣ дур монда, динро ба таври бисёр рӯякӣ, маҳдуд ва танг фаҳмида, ба ҳамин фаҳмиши худ амал карда, аз дигарон низ чунин тарзи амалро интизор ва тақозо менамояд. Фикру ақидаҳои ифротгароӣ аз доираи тафаккур баромада, ба сатҳи таблиғот, талаботи қатьӣ аз дигарон ва ба амалҳои тунд мегузарад. Дар ин маврид, шахси ифротгарои динӣ тарзи зиндагонии дигаронро ошкоро танқид карда, нисбат ба онҳо дар амал оштинопазирӣ нишон медиҳад ва ҳамфикрони худро ба муборизаи амалӣ ба муқобили фаҳмиш ва тарзи зиндагии дигарон даъват мекунад. Чунин ҳолат аллакай шакли радикалишудаи ифротгароии динӣ мебошад. Ифротгароёни динӣ барои расидан ба ҳадафҳои худ аз зӯроварию хушунат истифода мекунанд.
То чӣ андоза паёмадҳои даҳшатбору сангин доштани ифротгароиро мо имрӯз дар мисоли вазъи муташанниҷи кишвари Афғонистон ба таври равшан дида истодаем. Бархе ташкилоти террористию экстремистӣ, бахусус Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) ва ё бо номи“Давлати исломӣ”, “Ал –Қоида” ва дигар равияҳои ифротӣ аз вазъи сиёсии Афғонистон истифода бурда, дар ин кишвар маскан гирифта, ошкору пинҳонӣ фаъолият доранд. Мақсади асосии ин гуруҳҳои террористӣ, пеш аз ҳама расидан ба ғаразҳои сиёсию иқтисодист. Бояд қайд кард, ки барои амалӣ намудани ин ғараз аз моҳи августи 2021 то имруз дар Афғонистон ва ҳатто дар бархе кишварҳои Аврупо, Осиёи Марказӣ содир шудани таркишҳо ба қайд гирифта шудааст, ки бештари масъулияти анҷоми онро ДИИШ ба уҳдаи худ гирифтааст. Нодида гирифтани масоили мазкур ба ояндаи инсоният зарари ҷиддӣ расонида, пеш аз ҳама, теша ба решаи исломӣ ноб мезанад. Инсоният ниёз ба амнияти воқеӣ дорад ва уламои ҷаҳони ислом бояд сари ин масъала андеша кунанд. Воқеияту руйдодҳои ҷаҳони муосир аз он таъкид менамояд, ки мушкилоти аср ва таҳдидҳои нав ба тамаддуни башарӣ мунтазам афзоиш ёфта, амнияти давлатҳои хурду бузурги олам ва ҳатто тақдири тамоми аҳли башарро ба хаттари ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтаанд. Дар чунин шароите, ки дунё нотинҷ буда, бо васвасаи баъзе ҳокимиятхоҳону моҷароҷӯён баъзе давлатҳо сарҳисоби кори худро намеёбанд, он кишварҳое бурд мекунанд, ки зери парчами сулҳу ваҳдат ва иттиҳоду ҳамбастагӣ ба сӯи ояндаи нек бо фикри пешрафт зиндагӣ доранд. Бинобар ин, нагирифтани пеши роҳи ин хатар ва таҳдидҳои замони муосир метавонад боз ҳазорҳо мардуми осоиштаро аз ҳаёт маҳрум созад, зеро дар қалбу вуҷуди гуруҳҳои террористиву экстремистӣ, ки чунин зулму ситам ва афкору андешаи ҷоҳилона ҷой гирифта, ба ҷуз бадбахтӣ ва маҳрумият овардан дигар андешаи солиме ҷой надорад. Яке аз сабаби ба ин фоҷиа гирифтор гаштани ислом, пеш аз ҳама, дар он аст, ки ба арзишҳою муқаддасоти асили исломиамон хурофот, зоҳирпарастиву зоҳирбинӣ ворид шуда истодааст. Пўшида нест, ки гурўҳҳои ҳангомаҷў кўшишҳои авомфиребонаи ба ном исломӣ намуда, барои қонеъ гардонидани ғаразҳои шахсии хеш аз арзишҳои динӣ сўиистифода менамоянд. Густариши талошҳои мазкур, мутаассифона, имрўз тақвият ёфта истодааст.
Аз гуфтаҳои боло хулосабарорӣ намуда қайд менамоем, ки дар замони муосир экстремизм ва терроризм хусусияти байналмилалӣ дошта, барои ин гуна зуҳурот сарҳади байнидавлатӣ, миллат ва дин, муқаддасоти дигар низ вуҷуд надорад. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёху гаразноки сиёсӣ содир карда мешавад. Вобаста ба ин масоил Сарвари кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар баромадҳои хеш таъкид намудаанд, ки терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Аз ин лиҳоз, баҳри баланд бардоштани самаранокии мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти экстремистӣ ҳамкорӣ ва мусоидати ҳар як фарди ҷамъият барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи ҷиноятҳои трансмиллӣ зарур аст. Гарчанде мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ муҳим аст.
Ф.МАМАДҶОНОВ,
устоди ДИС ДДТТ
