БАДХОҲИ КАСОН ҲЕҶ БА МАҚСАД НАРАСАД…

Ҷаҳони муосир саршор аз рӯйдодҳои мухталиф ва зиддияту мухолифатҳост. Ҳар рӯз дар арсаи олам ҳодисаҳое ба вукуъ мепайванданд, ки нисбат ба онҳо бепарвову бетараф будан ҳаргиз раво нест.

Пӯшида нест, ки шабакаҳои кушоди иттилоотии имрӯза, яке аз  воситаи ҷанги иттилоотӣ дар дасти аъзоёну роҳбарони Паймони миллӣ (ПМ) ва дигар гурӯҳҳои ҷиноӣ аст. Хусусиятҳои кибертерроризм ва афзудани шумораи одамони ба он шомилшуда бо роҳи ҷалби пинҳонӣ ва тадриҷан тағйир додани тафаккуру эътиқоди онҳо, зери ниқоби афзалиятҳои динӣ зоҳир мегардад. Намояндагони Паймони миллӣ дар навбати аввал, бо ҷавононе кор мекунанд, ки таҷрибаи кофии рӯзгор надоранд, донишҳои дунявӣ ва диниашон сатҳӣ буда, дар зиндагӣ бо мушкилоте чун қашшоқӣ, бекорӣ, муҳоҷират ва монанди ин дучор шудаанд.

Зикр намудан бамаврид аст, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар сафар мекунанд. Наҳзатиҳо инро яке аз ҷанбаҳои ҷалби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб кардаанд. Майли сокинони сайёра ба гурӯҳҳои ифротӣ, масъалаи доғ маҳсуб мешавад ва дар маркази диққати аҳли ҷомеа қарор дорад. Пӯшида нест, ки роҳбарону аъзоёни Паймони миллӣ, ҳоло ҳам талош мекунанд ҷавононро, ки табақаи нисбатан камтаҷрибаи ҷомеа мебошанд, ба ҷониби худ кашанд. Инчунин таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ба сафи ташкилотҳои ифротӣ ҷавононе пайравӣ мекунанд, ки натанҳо аз илму фарҳанги дунявӣ, балки аз донишҳои аввалияи динӣ низ тасаввуроте надоранд. Созмони Паймони миллӣ душмани миллати тоҷик аст.

Муҳиддин Кабирӣ муддати якчанд сол аст, ки дар Аврупо иқомат намуда алайҳи Ҳукумат ва роҳбарони кишвар садо баланд мекунад ва мехоҳад дар арсаи байналмилалӣ номи тоҷику тоҷикистониҳоро доғдор намояд. Аммо ин кору рафтори ӯ хаёли хоме беш нест ва мардум ба гуфтаҳои бадхоҳони миллат дода намешаванд.

Нақшаҳои баде, ки Муҳиддин Кабирӣ кашида буд, оқибат худ шармандаю берун аз кишвар фирор шуд. Имрӯзҳо ин хоини миллат дар Аврупо зиндагии муҳоҷирона дорад. Ниҳоят ӯ имрӯз дарбадар  ва дур аз Ватан аст. Чунин аст ҷазои касоне, ки Ватану миллати худро хиёнат мекунанду мефурӯшанд.

 

Ғафурова Ф.К.,

ассистенти кафедраи

 назарияи иқтисодии ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *