Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба як макони муқаддас, ободу осуда, зебоманзар бадал ёфтааст. Бадахшонро ҳамагон бо номи «Дарвозаи тиллоӣ» – аш мешиносанду бо фарзандони бонангу номуси ин сарзамин ифтихор доранд.
Аз ҷониби бархе аз гуруҳҳо, ки нияташон ҳараз дораду мехоҳанд оромии мардуми ин сарзамини кӯҳҳои сар бафалаккашидаро халалдор созанд, ба манфиати худ ва хоҷагони хориҷиашон кор мекунанд, маҳкум мекунем. Бояд дарк намоем, ки ин тоифа ҳаргиз ба манфиати халқу Ватан кор нахоҳанд кард. Ба чунин ашхос гуфтанием, ки Сулҳу Ваҳдат ҳамеша шиори мо хоҳад буд ва то миллати мо устувору пойбарҷост ба мақсадҳои нохуби хеш нахоҳед расид. Дар ин замина, мо ба иродаи мардуми ин сарзамини куҳанбунёд бовар дорем ва хоҳони он ҳастем, ки бо сарҷамъию хиради воло дар пешрафти кишвари азиз саҳмгузор хоҳанд шуд.
УМУРОВ Х.