¶ 1 Leave a comment on paragraph 1 0
¶ 2 Leave a comment on paragraph 2 0
¶ 3 Leave a comment on paragraph 3 0 Вазъи мураккаби геополитикии ҷаҳони муосир ва паҳншавии зуҳуроти номатлубу даҳшатовар дар мисоли терроризм ва экстремизм, ки барои ҷомеаи башар, сулҳу субот, амнияти давлат ва рушди устувори ҷомеа таҳдиди бевосита менамояд, на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки сайёраро ба ташвиш овардааст. Таҳлилҳо собит сохтаанд, ки терроризм яке аз ҷиноятҳои хатарнок буда, дар содир намудани кирдорҳои бадқасдона, аз қабили таркиш, оташ задан, тирпарронӣ аз силоҳи оташфишон, нобуд кардани молу мулк, халалдор сохтани амнияти давлат, ҷамъият, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои низомӣ, ба таҳлука андохтани аҳолӣ, таҷовуз ба ҳаёт ва расонидани зарари ҷисмонӣ ба аъзои ҷамъият ё намояндаи ҳокимият бо мақсади заиф кардани асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат ва дигар кирдорҳои барои ҷамъият хавфнок, зоҳир мегардад. Масалан яке аз масъалаҳои муҳиму мубрам ва мушкилоти асосие, ки боиси нигаронии ҷомеа ва ҳамагон, аз ҷумла роҳбарияти тамоми зинаҳо гардидааст, фаъолияти тахрибкоронаи ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-экстремистӣ ва созмону ташкилотҳои террористӣ, аз қабили Давлати исломии Ироқу ШОМ (ДИИШ), Ал –Қоида ва равияҳои ифротӣ мебошанд,ки бештари аъзоёнашон алҳол дар қаламрави Афғонистон фаъолияташонро ба роҳ монда, имрӯзҳо амалҳои террористӣ содир намуданашон ба назар мерасад.Чунончӣ, дар соли 2021 дар қаламравӣ Афғонистон беш аз 17 ҳамлаи террористӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар натиљаи таркишҳо дар пойтахти кишвар шаҳри Кобул, Нангарҳор, Парвон, Кунар ва Кундуз тақрибан 600 нафар осеб дидаанд. Тибқи расонаҳои хабарӣ соли равон низ амалҳои террористӣ содир шуда истодаанд. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо бояд қайд кард, ки шуруъ аз 21-уми апрели соли равон дар Афғонистон 8 таркиш рух додааст. Дар ин Таркишҳо асосан дар чор вилояти Афғонистон рух додаанд, ки бештари онҳо дар шаҳри Кобул ва пурталафоттаринашон дар шаҳри Мазори Шариф мебошад.Мисоли дигар, 05-уми сенятбри солои 2022 дар назди сафорати Русия, дар минтақаи Доруламони Кобул, яке аз минтақаҳои амниятии пойтахти Афғонистон таркише ба амал омад. Дар натиҷаи ин таркиш ду нафар ба ҳалокат расида, беш аз 11 каси дигар захмӣ шудаанд. Хулоса, дар фарҷоми андешаи хеш бояд қайд кард,ки воқеаҳои давраҳои охир бо сабаби пайванди таърихӣ ва ҳам марзи тӯлонии байнидавлатӣ водор менамояд, ки нисбати қазияҳои дохилии Афғонистон бефарқ набошем. Дар шароити ниҳоят ҳассосу мураккаби минтақа ва ҷаҳон дар назди мо вазифаҳои бағоят мубрами амниятӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин, муҳоҷирати ғайрирасмӣ қарор доранд. Бинобар ин, ҳар фарди ҷомеаро зарур аст, ки ба равандҳои ҷорӣ ва тавсеаи зуҳуроти номатлуб бо диди огоҳона назар карда, барои ҳифзи сулҳу Ваҳдати миллӣ, осоиши зиндагӣ ва таъмини рушду тараққиёти Ватани азиз аз худ нақше бар ҷой гузорад.
¶ 4
Leave a comment on paragraph 4 0
К. КАЛОНОВ ,
сармутахассис оид ба
сомонаи ДИС ДДТТ