ГУРУҲИ БАДХОҲ БУДАНИ ҲНИ БОРИ ДИГАР ИСБОТ ШУД!

 

Роҳбари ТТЭ ҲНИ  Муҳиддин Кабирӣ ва  ҳаммаслакону думравонаш имрӯз дар кишвари Аврупо бо дастгирии хоҷагонашон пагноҳ ёфта, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ  дар барномаи ифротиашон бо истифода аз номи халқ, шаҳр ва ё ким-кадом ниҳодҳои ормониашон иғвову буҳтонҳо мебофад. Барои фаъолияти имрӯзаи ТТЭ ҲНИ ягона роҳ дар хориҷи кишвар дунёи маҷозии интернет боқӣ мондааст, ки Кабирию пайравонаш аз ин имконият муфт истифода бурда, ба туҳмату буҳтон, дурӯғу дасиса ва бадном кардани ходимони сиёсиву давлатӣ даст зада истодааст. Амалҳои ин беватан, ки ӯро ба тоҷик гуфтан забон намегардад, аз хориҷи кишвар истода ба халқи худ, миллати худ санги маломат мепартояд. Ин кӯри фонусбадаст мехоҳад, халқи муттаҳиди кишварро аз нав ба сангару маҳаллҳо ҷудо кунад. Вақт довар аст ва  имрӯз ҳама хуб медонанд, ки  роҳбару аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва  думравонаш, зери роҳбарии Кабирӣ, кистанд ва чӣ ният доранд!

      Омӯзиши манбаъҳои иттилоотии экстремистон, аз ҷумла ТТЭ ҲНИ ба хулосае меорад, ки диққати асосии тарғиботи онҳо бадномкунии сохтори иҷтимоию сиёсии ҳама гуна ҷомеа, аз ҷумла Тоҷикистон ва зарурати таъсиси ба ном “Давлати хилофат” аст. Бояд ёдовар шуд, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта дар кишвар, кӯшиши гурӯҳҳои экстремистӣ-террористӣ, бахусус аъзоёни собиқ ҲНИ ба табаддулоти низомӣ дар соли 2015, террор нисбати сайёҳони хориҷӣ дар соли 2018 мебошад. Ин  аъзоёну думрави ин гуруҳи бадхоҳ дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар Федератсияи Русия низ даст ба ҷиноят заданд. Масалан, моҳи майи соли 2021 панҷ нафар ҷавонони дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарордоштаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ба бинои ситоди мақомоти қудратии яке аз шаҳри Русия ҳуҷум намуданд ва оқибат гумроҳшудагон дастгир шуда, аз 9 то 19 сол аз озодӣ маҳрум шуданд. Инчунин 3 декабри соли 2021 дар шаҳри Москва 8 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон нисбати соҳибкорони Федератсияи Россия амали мусаллаҳона намуданд. Дар натиҷа, тибқи қарори Суди шаҳри Москва ҷавонони гумроҳшуда аз 8,5 то 16 сол аз озодӣ маҳрум шудаанд. Ин яке аз сабабу омиле мебошад,ки  аз ҷониби Федератсияи Росия санаи 14 сентябри соли 2022 ҲНИ-ро ба руйхати ташкилоти террористию экстремистӣ ворид  карда шуд

Далелу тасдиқ ва рақамҳои оморӣ, умуман раванди афзоиши паҳншавии ақидаҳои ифротӣ, гаравидан ва пайвастани ҷавонон ба гурӯҳу ҳаракатҳои тундгаро ва террористӣ, моро водор месозад, ки бар зидди ин зуҳуроти номатлуб мубориза барем. Албатта, мубориза бар зидди ин хатар на танҳо вазифаи давлат ва ҳукумат аст, бояд тамоми ҳаракатҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳодияву созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар ин ҷода фаъол бошанд ва ҳамарӯза дар таҳкиму пойдории сулҳу ваҳдати миллати кишвар саҳмгузор бошанд.

                                              Ф.ҚУРБОНОВ,

мудири шуъбаи кор бо

ҷавонони ДИС ДДТТ

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *