Ба мақсадҳои ғаразноки худ намерасанд!

Инак рузҳои наздик Ҷумҳурии азизи мо Тоҷикистони гул-гул шукуфон ҷашни рӯзи Ваҳдати Миллиро дорад ва мо шаҳрвандони бо ору номуси миллат ин идро хело интизор ҳастем, то ки сазовор пешвоз гирем. Зеро мо ҳамма хеле хуб медонем, ки ин Ваҳдати миллӣ чи гуна ба даст омад. Пешвои миллат,Ҷаноби Олӣ ,Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чи қадар ҷонбозиҳо карданд, то ки хуни мардуми тоҷик нарезад, сулҳ шавад ва гурезагон баргарданд. Ҷони худро дареғ надошта чанд маротиба ба давлати Афғонистон рафта бо намояндагони мухолифин вохӯрд ва бо онҳо музхокира кард, гуноҳояшонро бахшид, вазифа дод, то ин ки сулҳ пойдор шавад. Билохира Тоҷикистон тинҷ шуд,  сулҳ пойдор шуд, хоҷагии халқ рушд карда истодааст, мардуми тоҷик осуда зиндаги карда истодааст, аммо ҳастанд ҳизбҳо ва шахсони алоҳида ҳамчун Ҳизби наҳзати ислом бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ки тинҷӣ ва осоиштагии миллатро намехоҳанд ва бар хилофи сиёсати сулҳпарвари Ҷаноби Олӣ баромада мехоҳанд дар мамлакат нооромӣ барпо кунанд, лекин мо шааҳрвандони соҳиб маърифати Тоҷикистон намегузорем , ки онҳо ба мақсадҳои ғаразноки худ ноил гарданд ва то имконият дорем бар зидди ин гуна равияҳо мубориза хоҳем бурд.

Муаллими калони кафедраи
 забонҳои хориҷии ДИСДДТТ  
Раҳимов Э.Э.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *