ҶАНБАҲОИ МУХТАЛИФИ РУШДИ “ИҚТИСОДИЁТИ САБЗ” ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ бахшида ба Рўзи илми тоҷик конференсияи анъанавии илмию амалии олимону профессорон ва муҳаққиқони ҷавон таҳти унвони “Ҷанбаҳои мухталифи рушди “Иқтисодиёти сабз” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.


Конференсия бо сухани ифтитоҳии директори донишкада, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан оғоз гардид. Мавсуф зимни суханронӣ таъкид намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ оид ба пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат, бахусус, рушди иқтисодиёти сабз, саноатикунонии босуръати кишвар, эълон шудани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” ва тақвияти тафаккури техникии ҷавонону наврасон дастурҳои мушаххас доданд. Дар ин замина, дар донишкада пайваста конференсияҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва донишкадавӣ баргузор мегарданд ва мақолаҳои пешниҳодгардидаи устодону муҳаққиқон дар шакли китоби алоҳида ба нашр мерасанд.


Баъди сухани ифтитоҳии директори донишкада, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан маърӯзаҳои устодон: Алиҷонов Ҷамшед Абдуқаюмович, д.и.и., профессори кафедраи назарияи иқтисоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров дар мавзӯи ““Иқтисодиёти сабз” – асоси таъмини консепсияи рушди устувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Дониёрова Мунира Муҳаммадқуловна, н.и.б., дотсенти кафедраи ҷомеашиносӣ дар мавзӯи “Защита ледников Таджикистана – важное условие “зелёной экономики” шунида мавриди муҳокима баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин дар конференсияи мазкур Саидова Дилноза Комилҷоновна, магистранти бахши якум, ихтисоси 1-250103- иқтисодиёти ҷаҳон дар мавзӯи “Green Economy Development: experience of developing countries” ва Қушмуродова Тиллохон, донишҷӯи бахши якум, ихтисоси 1-260202-менеҷмент перомуни мавзӯи “Ледники Таджикистана – главный источник водных ресурсов Центральной Азии” маърӯзаи пурмуҳтаво намуданд.


Конференсияи илмию амалии “Ҷанбаҳои мухталифи рушди “Иқтисодиёти сабз” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” то санаи 18 апрели соли 2023 дар бахшҳои алоҳида идома хоҳад кард.
Дар назар аст, ки дар конференсия 200 нафар устодон ва беш аз 180 нафар донишҷӯён мақолаҳои худро мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор дода, нигоштаҳои олимону муҳаққиқони ҷавон дар шакли маҷмуаи алоҳида ба нашр хоҳад расид.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *