Ба қадри сулҳу ободоии кишвар расем!

Ахиран тавассути телевизионҳои марказии Тоҷикистон як барномае пахш гардид, ки дар он дар бораи иртиботи фарзанди Раиси ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва хешовандону ронандааш бо Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода нақл мекард. Тибқи гуфтаи шоҳидон ба нақл аз фарзанди Муҳиддин Кабирӣ бояд маблағи як миллион долларро ба генерал Назарзода месупориданд. Бо ин маблағ генерал ва ҳамсафонаш амалиёти ғайриқонунии хешро пиёд мекарданд. Аммо, тири онҳо хок хўрд ва душманони миллат саркўб гардиданд. Аммо, бо вуҷуди он ки ҲНИ расман аз тарафи Прокуротураи Тоҷикистон ҳизби экстремистӣ эълон гардида, фаъолияташ дар кишвар мамнуъ эълон шуд, Раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ бо суханрониву баромадҳои хеш дар кишварҳои Аврупо талош менамояд, ки вазъи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро хеле ваҳмангезу фоҷиавӣ нишон диҳад. Баромадҳои Кабирӣ дар назди донишҷўёни Донишгоҳҳои машҳури Аврупо ва танқидҳои беасосу бепоя бешубҳа сабаби паст гаштани мақом ва ё имиджи Тоҷикистон дар арсаи байналмилал мегарданд.

Мо аз расонаҳои иттилоотӣ огаҳӣ дорем, ки Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИ – ҳизби мамнуъгаштаи Тоҷикистон фаъолияти хеш ва ҳайати боқимондаи ҷонибдоронашро дар хориҷи мамлакат, хосатан, дар кишварҳои Аврупо аз нав ба роҳ монда, бо чанде аз сиёсатмадорон, дипломатҳо, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо, парлумон ва вазоратҳои умури хориҷаи давлатҳои Олмону Швейтсария мулоқот баргузор намуд. Мавзўи асосии ин мулоқоту мусоҳибаҳо вазъи минтақаи Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон, ҳодисаҳои охирини кишвар, аҳволи зиндагии аъзо ва ҷонибдорони ҲНИ, махсусан, зиндониён, ҳамчунин, сабабҳои мамнўъ эълон кардани  фаъолияти ҳизб аз тарафи мақомоти Тоҷикистон буд.

Зимни ин сўҳбату мулоқотҳо Муҳиддин Кабирӣ масоили бо тўҳмат зиндонӣ шудани даҳҳо масъулин ва фаъолони ҲНИ-ро мисол оварда, аз истифодаи шиканҷаву маҳдуд кардани мулоқот бо вакилони дифоъ ва наздикони онҳо изҳори нигаронӣ намудааст. Дар баробари ин, масъулини аврупоӣ низ изҳор намудаанд, ки вазъияти Тоҷикистон онҳоро ҳам нигарон кардааст ва сўиистифода аз ҳаводиси ахир барои саркўб кардани рақибони сиёсӣ метавонад, боиси норозигии бештари аҳли ҷомеа ва рушди  ифротгароӣ гардад.

Ростӣ, мардуми кишвар интизор буданд, ки баъди шикасти генерал Назарзода ва ҳаммаслакони ў Муҳиддин Кабирӣ дигар хомўширо пеша карда, дигар даст ба корҳои ҳизбӣ намезанад. Аммо, чун огаҳӣ ёфтем, вазъ тағир наёфтааст ва дар хориҷи кишвар ХНИ аз нав фаъолиятро сар кардаасту ба танқиди ҳукумат оғоз намудааст. Раванди воқеаҳои ҷаҳон имрўз ҳамаи мо шаҳрвандонро водор менамояд, ки даст ба дасти ҳам гирифта, барои Ваҳдату якдилӣ ва ягонагию якпорчагии кишварамон сарҷамъ бошем. Мавқеи ҷойгиршавии Тоҷикистон, дар миёни «дуду оташ»-ро мемонад, як тараф Афғонистони ҷангзада, як тараф ҳамсояҳо бо марзҳои симхорпеч, буҳрони шадиди молиявӣ ба иқтисоди кишвар зарбаи ҷонкоҳ мезананд. Аммо, бо вуҷуди ҳамаи ин мушкилот, мо бояд, собир бошем, ба қадри ин рўзҳои орому осуда, тинҷию оромии Тоҷикистон бирасем.

Набояд фаромўш кунем, ки душманон ҳамеша дар фикри ҷудоиафканӣ ва низову ҷангу ҷадал дар Осиёи Марказӣ мебошанд. Пас рисолати ҳар як шаҳрванд аст,  ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, барои ободии Ватан бо дилу нияти пок заҳмат кашем.

Меҳровари Одил,

устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *