Аз ҳаводиси ҷаҳони имрӯз  бояд сабақ гирем! ё худ ифротгароию терроризм оқибатҳои ногувор барои фардои миллат дорад

Раванди воқеаҳои ҷаҳони имрўз ҳамаи мо шаҳрвандонро водор менамояд, ки даст ба дасти ҳам гирифта, барои Ваҳдату якдилӣ ва ягонагию якпорчагии кишварамон сарҷамъ бошем. Мавқеи ҷойгиршавии Тоҷикистон, дар миёни «дуду оташ»-ро мемонад, як тараф Афғонистони ҷангзада, як тараф ҳамсояҳо бо марзҳои симхорпеч, буҳрони шадиди молиявӣ ба иқтисоди кишвар зарбаи ҷонкоҳ мезананд. Аммо, бо вуҷуди ҳамаи ин мушкилот, мо бояд, собир бошем, ба қадри ин рўзҳои орому осуда, тинҷию оромии Тоҷикистон бирасем. Набояд фаромўш кунем, ки душманон ҳамеша дар фикри ҷудоиафканӣ ва низову ҷангу ҷадал дар Осиёи Марказӣ мебошанд. Пас рисолати ҳар як шаҳрванд аст,  ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, барои ободии Ватан бо дилу нияти пок заҳмат кашем.

Мо бояд фарзандони худро дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ тарбия намуда, дари илму маърифатро ба рӯяшон фарохтар боз намоям, то ин ки онҳо ба ҷодаи гумроҳӣ нарафта, пайрави ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ нагарданд. Имрӯзҳо, мутассифона, тавассути васоити ахбори умум ибораҳои “исломиҳо”, “давлати исломӣ”, терроризми исломӣ”, экстремизм” ва щайраҳоро бисёр мешунавему мебинем, ки чӣ тавр ҷавонони ба кӯи гумроҳӣ афтода худро қурбони ҷаҳолату нодонӣ карда, даст ба аъмоли ношоиста мезананд. Дини мубини ислом дини поку муназзаҳ аст ва ҳеҷ иртиботе ба терроризму экстремизм надорад. Мо бояд ин мафҳумҳои барои дину оини мо бегонаро аз зеҳни сокинони сайёра берун афканем ва собит созем, ки дини ислом ҳамеша тарафдори сулҳу субот, оромию осоиш ва хушбахтию хушрӯзии мардум аст. Дар зеҳни мардум, бахусус ҷавонон бо ақлу идроки заифи хеш мутассибону ҷаҳолатпарастон ақидаҳоеро ҷойгузин карда истодаанд, ки оқибати он ба ҷуз ҷангу ҷидол, нооромӣ, хушунат, куштору щорат дигар чизе нест. Мисоли равшани он ҳаводиси охири кишварҳои Араб мебошад, ки мутассифона аз дасти чунин ҷавонони аз асли дину оин бехабар ва гумроҳгашта ҳазорон-ҳазор шаҳру деҳаҳо валангору садҳо ҳазор нафар қурбон ва бехонумон гардиданд. Ҳодисаҳои терроистӣ дар Фаронса, Нигерия, дар Ироқу Сурия бояд барои мо сабақи ибратомӯз гарданд. Мақсади ҳамаи равшанфикрони ватани мо аз он иборат аст, ки ягон шахс ё нафаре ба гурўҳҳои ѓайриинсонӣ шомил набошанд ва то тавонанд аз нашъамандию ифротгароӣ ва терроризм дурӣ ҷуянд. Шодиро ба ѓам табдил додан чунин маъно дорад, ки бо шомил шудан ба гурўҳи ифротгаро имрўз оилаҳоеро дар ҷамъиятамон  бештар дучор мегардем. Сабаби асосии ба ин гурўҳи манфур пайванд шудани шаҳрвандони мо пеш аз ҳама надонистани қонунҳои дар ҷумҳурӣ амалкунанда ва ба тарбияи насли наврас ва ҷавонон эътибор надодани волидайни онҳо ба ҳисоб меравад. Дар мавриди қонун ҳаминро гуфтанӣ ҳастем, ки ҳар касе қонунро эҳтиром мекунад зиндагиро бо сарбаландӣ ва некўноми паси сар хоҳад кард.

Қонунро донистан ва дар амал татбиқ намудан ин худ озодӣ аст, ки бо роҳи фиребу найранги ашхоси ба миллати худ душману бадкор ҷавонони аз сад гулашон якеаш нашкуфтаро доми фиреби худ намуда, онҳоро ба роҳҳои ѓайриинсонӣ, таҷовузкорӣ, хоинӣ, ѓаддорӣ  даъват менамоянд ва дар натиҷа ҳамчун ифротгаро мувофиқи қонуни амалкунанда аз озодӣ солҳои сол маҳрум мегарданд.

Албатта онҳое, ки ин корҳои ношоистаро ба худ қабул кардаанду аз паёмадаш фикр намекарданд, дар охир паси панҷара хоҳанд рафт. Чунин кори носавоби шахси ифротгаро бар зарари тамоми аҳли оила хоҳад буд ва амали фарзанди он оилае, ки роҳи нодурустро интихоб намудааст аҳли оила солҳои сол иснодро бар дўши худ доранд.

Воқеаҳои ахири ҷаҳон ва кишвар, амалҳои террористӣ дар Фаронса ва Нигерия, ифтротгароии ҷавонон, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ширкат дар ҷангҳои Сурия  ҳамаи моро водор менамоянд, ки ба қадри сулҳу субот ва оромии кишвар расида, аз эктремизму терроризм ва шомил шудан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифтротгаро  дурӣ ҷуста, барои ободию субот ва оромии Ватан талош намоем. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон чӣ хуб фармудааст:

«Террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте бо дин, аз ҷумла бо дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад».

Зиндагӣ ва ҳаводиси рӯзгор барои инсон беҳтарин сабақ, беҳтарин дарс мебошанд, пас мо бояд аз воқеаҳои ҷаҳони имрӯз дарси ибрат омӯхта, ба қадри ободию осудагӣ ва шукуфоии Ватани азизамон бирасем ва нагузорем, ки нохалафе ба амнияту суботи кишвар таҳдид намояд.

Аброри Комил, корманди ДИС ДДТТ

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *