Имрӯзҳо созмонҳои экстремистӣ ва террористӣ мамнуъ дар хориҷи кишвар, бештарашон дар Аврупо қарор доранду аз ҳар ҳодиса ё раванд истифода намуда, кӯшиш мекунанд, ки зидди давлату миллати тоҷик маълумоти бардурӯғро асосан тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кунанд. Чунончӣ раҳбарияту пайравони ТТЭ ҲНИ тариқи барномаҳои ифротиашон бо навбат баромад намуда, ба сӯйи миллату давлати соҳибистиқлоламон санги маломат мезананд. Ин бадхоҳон, аз имконияҳои васеъи интернет истифода бурда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ маскан гирифтаанд ва бо ин васила ба низоми давлатдории муосири миллии кишварамон халал ворид намоянд. Мақсадашон маълум аст, миёни мардуми осоишта низоъ андохтан ва ба фазои сулҳу амонии кишвар халал ворид сохтан аст. Дар паси шабакаҳои иҷтимоӣ ё интернетӣ киҳо нишастанд чӣ мақсаду ҳадаф доранд мо огаҳем.
Мо борҳо оид ба ин масоил зимни андешаҳои хешро иброз дошта будем. Боз таъкидан қайд менамоем,ки воқеан иддаои раҳбарияту пайравони ТТЭ ҲНИ гурӯҳаки беватан, хоса ин навбат аз ҷониби Муҳаммадиқболи Садриддин чун солҳои қаблӣ дастовардҳои моро нодида гирифта, нисбати роҳбарияти олии кишвар ва давлату миллатамон баромади беасосу бемантиқ намуд. Ин тоифаи хиёнаткорон аз Кабирию Муҳаммадиқбол Садриддин сар карда, то аъзои қаториашон ҳаққи муаррифии миллати тоҷикро дар минбарҳо садо баланд карданро надоранд. Ин хоинон ланаткардагони халқу миллатанд. Ногуфта намонад, ки раҳбарияту пайравони ТТЭ ҲНИ ва амсоли ин гуруҳҳои ифротӣ мардуми тоҷик пайваста маҳкум мекунанд. Зеро ин хоинон доимо ба иғвогарию тӯҳмат овора буда, амалҳои ғайриинсониро нисбати ҳамватану ҳаммиллати худ содир намудаанд. Аз ин рӯ, барои решакан кардани раҳбарияту ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ ва умуман, бар зиддӣ ақидаҳои ифротӣ муборизаи беамон бояд барем, ки ин яке аз масъулияти муҳимтарини шаҳрвандиву фарзандии мост!
Р. АНВАРӢ,
ассистенти кафедраи молия ва қарз