АЗ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ ОГОҲ БОЯД БУД!

Таҷрибаи ҷаҳонии мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароӣ собит намуд, ки ҳеҷ яке аз кишварҳои бузург ҳам, ба танҳоӣ амнияти дохилӣ ва хориҷии худро таъмин карда наметавонад ва имкони дастёбӣ ба ҳадафҳои сиёсию иқтисодӣ надорад. Ҳатто, Иттиҳоди Аврупо, ки 30 кишвари аврупоиро дар худ муттаҳид кардааст, бо ин зуҳурот дастбагиребон аст ва дар муқовимат бо терроризм ниёз ба ҳамоҳангӣ бо дигар қудратҳои ҷаҳонро дорад. Ин дар ҳолест, ки чор давлати узви Иттиҳод аз ҷумлаи ҳашт кишвари саноатии ҷаҳон, ду узви он дорои силоҳҳои ҳастаӣ ва аъзои доимии Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ҳастанд. Бо назардошти ин, ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо бо ИМА ва Россия дар мубориза ба муқобили қочоқи маводи мухаддир, қочоқи инсон, аслиҳаву яроқи ҳастаӣ, терроризми байналмилалӣ, низоъҳои минтақавӣ, барои амнияти ҷаҳонӣ аз аҳамияти хосса бархӯрдор аст. Хулоса  авзои ноорому бесуботи сиёсии сайёра боиси ташвишу нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳон аст, зеро кӯшишҳои азнавтақсимкунии ҷаҳон, мусаллаҳшавии бошитоб, қудратталабӣ, бархӯрди манфиатҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва ҷиноятҳои киберӣ торафт шиддат гирифта, ҷаҳонро ба марҳалаи нави ҷанги сард кашидаанд. Дасисаву дастгирии баъзе абарқудратҳо аз террористон дар гӯшаҳои гуногуни дунё, баҳри амалигардонии манфиатҳои худ, бахусус Афғонистонро ба ҳоли табоҳ гирифтор намудаанд.

               Роҳбари кишаврамон, борҳо  зимни зимни суханрониҳои хеш оид ба  масъалаи мазкур  таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, вобаста ба таҳдидҳои замони муосир ва муқовимат бо онҳо чунин таъкид намуданд: “Дар шароити ниҳоят ҳассосу мураккаби минтақа ва ҷаҳон дар назди мо вазифаҳои бағоят мубрами амниятӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин, муҳоҷирати ғайрирасмӣ қарор доранд, ки вобаста ба ҳодисаҳои Афғонистони ҳамсоя торафт шиддат гирифта истодаанд”.

         Дар заминаи ин таъкиди Сарвари давлат, ҳар фарди ҷомеаро зарур аст, ки ба равандҳои ҷорӣ ва тавсеаи зуҳуроти номатлуб бо диди огоҳона назар карда, барои ҳифзи сулҳу ваҳдати миллӣ, осоиши зиндагӣ ва таъмини рушду тараққиёти Ватани азиз аз худ нақше бар ҷой гузорад.

             Шарипов Д.,

устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *