“МИНБАРИ ХОИН”! (Изҳороти шуъбаи илм ва инноватсияи ДИС ДДТТ дар ҳошияи баромадҳои онлайнии М.Садриддин)

Муҳаммадиқболи Садриддин, аз чеҳраҳои воқеан манфури миллат боқӣ мемонад. Ин хоини миллат, забону оингумкарда, оқи миллат мунтазам тариқи барномаи онлайнии худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ “Минбари муҳоҷир”, ки онро метавон бе мулоҳиза “МИНБАРИ ХОИН” унвон кард, нисбати нарху наво, барқу бебарқӣ, ашхоси мансабдори давлатӣ ва ҳатто гармиву сардии ҳаво худро авлиё тарошида, мулоҳизаронӣ менамояд.

Аз тарзи суханронӣ ва андешапардозии ӯ бе муҳово пай бурдан мумкин аст, ки ӯ гирифтори бемории асаб шояд бошад. На субординатсияро риоя менамояду на одоби муошират дар шабакаи интернетиро. Зимни баёни масъалагузориҳои сохтаю бофтаи хеш бе далелу арқом андеша ронда, бо тарзи фикрронии сатҳӣ, бемантиқ, беандеша, бехулоса ва ниҳоят беҳаёву беномусона гӯё худро ҳақ мешуморад. Муҳаммадиқболи Садриддин аслан ягон китоб ё асари тадқиқотие, ки ба илми сиёсат ва давлатдорӣ навишта шудаанд, нахондааст, зеро хулосабарории сатҳиву бемантиқи ӯ бозгӯи маълумоти хасакӣ ва паст доштани ӯро собит менамояд.

Чунин афрод имрӯз бо истифода аз имконоти васеи олами медиа, бо чунин тарзи тафаккуру ҷаҳонбинии аз асотири ҳам паст ҳеҷ гоҳ ба андешаи мардуми солимақли мо таъсир расонида наметавонанд. Ӯ аслан масхарабозеро мемонад, ки дар саҳнаи медиаи тоҷик нақши Ҷаноби БИН ё ягон ҳаҷвнигори шинохтаро гӯё мебозад.

Мо устодону кормандони шуъбаи илм ва инноватсия андешаҳои беасосу мантиқ, берун аз воқеият, хасакӣ ва фартути Муҳаммадиқболи Садриддин-хоини бадбахти миллатро шадидан маҳкум намуда, бо боварии комил иброз медорем, ки мардум кайҳо ба девона ё манқурти ақлбохта шабоҳат доштани ӯро медонанд ва ба суханҳои пучу беасоси ӯ аслан касе эътимоду боварӣ ҳам надорад. Он барномае, ки ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун органи тарғиби масхарабозиҳои худ мечархонад аслан “МИНБАРИ ХОИН” унвон касб кардааст.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *