Гар ту мехоҳӣ мусалмон зистан…

Ҳуқуқ ба озодии виҷдон ва пайравӣ аз дину оин аз ҷумлаи арзишҳои бузург ва олии ҷомеаи мутамаддини башарӣ мебошад. Қонунгузории Тоҷикистон  дар бораи озодии эътиқод ва ташкилотҳои динӣ асосан аз Конститутсия ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» иборат аст. Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои динии инсонро таъмин ва ҳифз менамояд. Ин санади муқаддаси ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар бораи озодона интихоб намудани дин, иштирок дар иҷрои маросимҳои динӣ, ба таври фардӣ ва ё дастҷамъона иҷро намудани онҳо ва тоату ибодатро эътироф менамод. Дар моддаи 26-уми Сарқонуни мамлакат таъкид шудааст, ки «Ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд, ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд». Дар ин модда яке аз муҳимтарин ҳуқуқҳои шахсӣ ва шаҳрвандӣ ҳуқуқ ба озодии виҷдон муқарар карда шудааст.

Мутобиқи ин муқаррароти Конститутсионӣ ва маҷмӯи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» дар кишвари мо барои шаҳрвандон тамоми шароит ва имкониятҳо фароҳам оварда шудааст, то ки онҳо аз ҳуқуқу озодиҳои худ бе ҳеҷ гуна мамониат ва мушкилот истифода баранд. Дар ҷомеаи мо доир ба масоили динӣ аз лиҳози заминаи ҳуқуқӣ ва қонунгузорӣ ягон мушкилии ҷиддӣ надорад. Айни замон дар партави сиёсати хирадмандонаи Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон барои омӯзиш ва ҳифзи мероси динии шаҳрвандони кишвар тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешавад.

Бо мақсади ба роҳ мондани омӯзишу таҳқиқи воқеъбинона таҳлили амиқи илмии таърихи дини мубини Ислом  ва нақшу мақоми он дар ҷаҳони муосир чанд сол инҷониб дар кишварамон Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад. Имрӯз мо бояд ҷавононро дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ тарбия намоем ва мутассифона дар ҷумҳуриамон дар қатори дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ гароиши ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатоҳи иртиҷоӣ бештар ба мушоҳида мерасад. Салафия, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, Ҳизбуттаҳрир ва дигар ҳаракату созмонҳои иртиҷоӣ ҷавононро ба роҳи гумроҳӣ мебаранд ва  онҳо аз дини мубини Ислом ва таълимоти он огаҳии комил надоранд. Роҳбаладони ин равияҳо бар зеҳни мардум андешаҳоеро ворид мекунанд, ки саддарсад сабаби ихтилофу низоъ дар байни ҷомеа мегардад. Ихтилофу ҷудоиандозиҳо оқибатҳои бисёр вазнин дорад ва бояд сари ин масъала Ҳукумати кишвар тадбирҳои ҷиддитареро ба роҳ монад. Дар масҷидҳо аллакай ҷавонони мо ба ҳар тарзе ки хоҳанд намоз мегузоранд ва дар раванди иҷрои амрҳои шариат корҳоеро иҷро менамоянд, ки хилофи мазҳаби поки ҳанафианд. Агарчанде ба назар ин кори онҳо ҷузъӣ менамояд, аммо дар маҷмуъ оқибатҳои бисёр вазнинеро дар пай дорад ва сабаби ихтилофу бадбинии мусалмонон мегардад. Ихтилофи назарҳо дар байни ин ҳаракату созмонҳои ба ном исломӣ ба ҳаддест, ки тавони шунидану таҳаммул кардани ҳамдигарро аслан надоранд. Мавриди зикр аст, ки дин барои аксари сокинони кишвар як рукни бисёр муҳим ба ҳисоб меравад ва бояд омӯзиши аҳкоми динӣ танҳо дар асоси мазҳаби Имоми Аъзам ба роҳ монда шавад. Танҳо тибқи мазҳаби Имоми Аъзам  бо роҳи омӯзиши амиқи дини мубини Ислом ва китоби осмонии Қуръони Карим, ки бо дастуру роҳнамоии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо ҳуруфоти криллӣ ба нашр расида, дастраси мардум гардид, мо метавонем бештар ба аҳком ва аркони дини мубини Ислом огаҳӣ пайдо кунем ва дарк намоем, ки ҳама гуна ихтилофу ҷудоиандозиҳо ва таассуби динӣ оқибатҳои вазнине дар пай дорад. Албатта, ноогоҳӣ аз дини мубини Ислом, аз Қуръон ва бедонишию бемаърифатӣ сабаби асосии ба чоҳи ҷаҳлу нодонӣ щутавар гардидани ҷавонон мегардад. Дини мубини Ислом дини поку беолоишу мусаффост ва барои мусалмонӣ ҳақиқӣ ва воқеӣ гаштан бояд Қуръонро омӯзем, то ин ки фирефтаи андешаву афкори ҳар гуна ҳаракатҳои иртиҷоӣ нагардем. Ба қавли шоир:

Гар ту мехоҳӣ мусалмон зистан,

Нест мумкин ҷуз ба Қуръон зистан.

Бо фаҳму идроки дурусти сураву оятҳои китоби осмонӣ ва ҳидояти мардум ба корҳои хайру савоб ва дилдарёбию роҳатрасонӣ ба мардум метавон ниҳоли меҳру муҳаббати ҷовидонро дар қалби ҷавонон парвариш намуд. Бояд имрӯз бо тарбияи дурусти динӣ мо ҷавононро ҳидоят ба сӯи растагорӣ намоем ва онҳоро аз ҳамроҳшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ боздорем.

Фозилзода Алишер

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *