ҶАВОНОНРО ДАР РӮҲИЯИ ВАТАНДӮСТИЮ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ ТАРБИЯ НАМОЕМ!

Таҳлилҳо собит месозад, ки одатан ҷавононе аз лиҳози зеҳнӣ ва ақлонӣ рушд наёфтаанд, осебпазиртар буда, зуд ба гурӯҳҳои терористию ифротӣ ҷалб мешаванд. Дар зеҳни онҳо ифроту ҳурофот пур карда мешавад. Бозӣ кардан бо зеҳни насли ҷавон, мутаассибон ва эҳсоси мардуми хурофот ва мушаххасоти кори хадамоти махсус маҳсуб меёбад. Омилҳое, ки ҷавонони тоҷикро тӯъмаи гурӯҳҳои ифротию тундгароӣ исломӣ мегардонад, ин дур будани ҷавонон аз маърифати дини мубини Ислом, суннатӣ, инчунин таблиғоти шадиди гурӯҳҳои ифротӣ тавассути васоити ахбори омма, хусусан шабакаҳои интернетист, ки ин таблиғот ба муқобили арзишҳои маънавӣ ва динии мардум нигаронида шудааст.
Чунончӣ дар шабакаҳои кушоди иттилоотии имрӯза – воситаи ҷанги иттилоотӣ дар дасти аъзоёну роҳбарони ТТЭ ҲНИ – Паймони миллӣ, Гуруҳи-24 ва дигар гурӯҳҳои ҷиноӣ аст. Чунки имконияту афзалияти шабакаҳои интернетӣ васеъ мебошад, ки гурӯҳҳои ифротӣ аз ин ҳолат суистифода намуда, дар хақи муҳоҷирону миллати тоҷик ва давлати соҳибистиқлоламон иѓвоангезӣ менамоянд. Умуман зуҳуроти номатлуби бунёдгароӣ, тундгароӣ, ифротгароӣ, ва даҳшатафканӣ маҳрумиятҳои фикрӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ реша дошта, қишрҳои осебпазири иҷтимоӣ зӯроварию бадбинӣ ва хушунат тавлид мекунанд. Душманони миллати кишвар таҳти кӯшиши хадамоти ҷосусӣ афродро дар доираи дину мазоҳиб мағзшӯӣ мекунанд ва барои анҷом додани амалиёти даҳшатафканӣ ва таҳрибкорӣ сафарбар менамоянд. Баъди гузаронидани мағзшӯии мақсаднок ва дар шуури торики онҳо ҷой кардани афсонаҳои бофтаи «ҷиҳоду шаҳодат» онҳоро ҷониби худкушӣ роҳнамун месозанд ва ин манқурдҳои ақлбохта бо боварию итминони роҳёбӣ дар биҳишти хаёлиашон даҳҳо нафар бегуноҳонро ба коми марг мефиристанд. Масалан ҳаммаслакону думравони ТТЭ ҲНИ бо намояндагони ташкилотҳои террористӣ ва экстремистии Давлати исломии Ироқу Шом, Ал – Қоида, Бародарони мусулмон ва дигар равияҳои ифротӣ ҳамкориро ба роҳ монда, дар задухӯрдҳои Сурияву Ироқ иштирок намудаанд. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо чунин мисол овардан мумкин аст, ки тибқи хабаргузории “Интерфакс”-и Федератсияи Русия бо такя ба маълумоти мақомоти курд беш аз 150 ҷангҷӯйи гурӯҳи тундрави Давлати исломии Ироқу Шом-ро дастгир кардаанд ва дар он беш аз 400 зану кӯдаки тоҷик дар паноҳгоҳҳои Сурия нигаҳдорӣ шудаанд. Бо назардошти ин далелу исботи амиқ ТТЭ ҲНИ як созмони комилан ифротӣ ва террористӣ буда, дар ҳақиқат аз Давлати исломии Ироқу Шом ва дигар гурӯҳҳои террористӣ фарқе надорад.
Бинобар ин вазифаи асосии мо омӯзгорон пеш аз ҳама имрӯз бояд ба ҷавонони замони муосир, ки чун қувваи бузурги пешбарандаи ҷамъият эътироф гаштаанд, баҳри васеъшавии ҷаҳонбинии онҳо мусоидат намуда, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстию ифтихори миллӣ тарбия намоем.

НУРМАТОВА С.,
ассистенти кафедраи
назарияи иқтисод

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *