ҲАМАИ КИШВАРҲОИ ДУНЁ АЛАЙҲИ ТЕРРОРИЗМ!

Имрӯзҳо дар бархе аз кишвари ҷаҳони ислом ба мисоли Афғонистон амалҳои террористӣ содир шуда истодаанд, ки вазъи сиёсӣ дар ин кишвар ноором буда, мардуми осоишта қурбони амалҳои гуруҳу ҳаракатҳои терророристӣ ва ифротгароӣ гардидаанд. Ин ҳолат баъд аз ба сари ҳокимият омадани ҳаракати Толибон боз бештар аёнтар гардид. Воқеан имрӯз дар ин кишвар доманаи фаъолияти созмонҳои террористӣ торафт васеъ шуда, фаъолшавии онҳо вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст. Тибқи расонаҳои хабарӣ имрӯз дар Афѓонистон тақрибан 20 гурӯҳи террористӣ фаъолият мекунанд. Бархе аз онҳо, аз ҷумла ДИИШ барои амалӣ намудани ҳадафҳои нопокашон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ омодаанд, ки шумораи ҷангҷуён тақрибан ду ҳазорро ташкил медиҳад. ДИИШ яке аз рақиби асосии ҳаракати “Толибон” дар Афғонистон табдил меёбад. Ҳаракати «Толибон» айни замон ҳокимияти худро дар ин мамлакатҷорӣ намуда, ба ваъдаҳои аввалаи худ истодагарӣ надоранд. Аз ҳама бештар ҳуқуқ ва озодиҳои занон дар ин кишвар поймол гардида истодааст. Дар иртибот ба ин, таҳлилҳо собит менамояд, ки истифодаи «сиёсати дугона» нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо бояд қайд кард, ки воқеаен аз сиёсати духӯра, дурӯяи баъзе аз кишварҳо қавму миллатҳои Шимоли Афѓонистон дар парокандагӣ қарор дорад Дар ин кишвар ҷанги қавмӣ шиддад мегирад. Дар робита ба ин аз мақолаи рӯзноманигор Шариф Ҳамдампур таҳти унвони «Зангӯлаи Толибон ва оқибати он барои тоҷикон » иқтибос оварда, хулосабарорӣ менамоем, ки дар ҳақиқат парокандагии қавму миллатҳоро на танҳо ҳаракати Толибон, инчунин абарқудратҳое мехоҳанд, ки андешаи айни сиёсатро миёни мардуми кишварҳои Осиёи Марказӣ роҳандозӣ гардад.Таърих гувоҳ аст, ки одатан ҳарифон ҳамеша ҷои заъифи тарафи муқобилро меҷӯянд. Имрӯз, мутаассифона, кишварҳои заиф арзи вуҷуд доранд, ки дар дохилашон тафриқаандозӣ зиёд аст. Пӯшида нест, ки аз ифротгароӣ сар карда то ҷомеаи норизо миёни сокинони Осиёи Марказӣ кам нестанд. Онҳо замина барои толибонанд. Вале боз нерӯҳои абарқудрате ҳастанд, ки ин баҳонаро барояшон муҳайё месозанд. Умуман имрӯза вазъи Афѓонистон кадумҳои зери бурёро аз нав ба ҳаракат меорад. Дар робита ба ин мо мисол меорем ҳаводисе, ки дар оѓози моҳи январи соли 2022 дар Ҷумҳурии Казоқистон ба амал омад. Ҳоҷат ба баён нест! Баробари ин қайд кардан зарур аст, ки солҳои қаблӣ ва имрӯзҳо ТТЭ ҲНИ ва Гурӯҳи 24 бо баробари ДИИШ вобаста ба ҳолати кунунии Афѓонистон бо ҳар роҳ бахусус ҷавноне, ки берун аз кишвар қарор доранд гумроҳ намуда, оқибат ба ҷиноят содир намуданашон ҳаматарафа мусоидат менамоянд. Дар робита ба ин мо яке аз мамклакати абарқудрати ҷомеаи имрӯза Федерасияи Русия мисол меоварем, ки мутаассифона, ҷавонони роҳгумгадаи шаҳрвандони кишвари мо даст ба ҷиноят задаанд.Чунончӣ , тибқи расонаҳои хабарӣ дар моҳи июли соли 2021 дар яке аз шаҳрҳои Русия ду нафар шаҳрвандони кишвари мо бо аъзоёни ДИИШ ҳамкорӣ намуда, барои содир намудани амалҳои террерористӣ омодагӣ дида буданд, ки аз ҷониби мақомоти дахлдори ин кишвар саривақт пешгирӣ ва дастгир карда шуданд. Баробари ин як нафар аъзои ДИИШ безарар гардонида, аз дигаре афрод якчанд яроқу аслиҳа ва моддаҳои тарканда мусодира карда шуданд. Ё мисоли дигар, санаи 30 ноябри соли 2021 тибқи қарори Суди вилояти Москва 8 нафар ҷавонони роҳгумзада, барои содир намудани амалҳои ѓоратгарӣ нисбати соҳибкор ва аз истифодаи яроқи оташфишонӣ ба мӯҳлати аз 8,5 то 16 сол аз озодӣ маҳрум гардиданд. Бояд қайд кард, аз ҷониби ин гурӯҳи муташаккил 17 нафар шаҳрвандони Русси зарари модиву молиявӣ диданд, ки маблаѓи умумии он бо асъори ФР 11,5 миллион рублро ташкил медиҳад. Хулоса мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд.
Дар фарҷоми андешаи хеш иброз медорем,ки аз рақамҳои оморӣ ҳар як ҷавони боору номуси миллат, бояд хулосабарорӣ намояд! Набояд фаромӯх сохт,ки ҷавонон имрӯз ҳамчун нерӯи пешбаранда, ворисони асилу арзандаи миллату давлат ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони азиз бояд бо ҳисси баланди миллӣ пояҳои давлатдории миллиамонро ҳамчун гавҳари ноёб эҳтирому нигоҳ доранд. Ҳамчун нерӯи бузурги созанда ва сипари боэътимоди давлатамон бар зидди ҳама гуна хатари терроризму экстремизм бо роҳҳои пешбини намудаи қонунгузорӣ муборизаи беамон бояд бурд.

ФАЁЗОВА М.,
асистенти кафедраи
назарияи иқтисод

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *