Мушоҳидаву таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки рушди бесобиқаи таблиғоти ифротгароӣ ва терроризм дар Интернет зиёд ба чашм мерасад. Дар шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ бе зикри ном дар як лаҳза иттилооти мухталиф паҳн мешавад. Даҳҳо ҳазор интернет – сайт ва вебпорталҳои амалкунанда шаклу номи худро тағйир дода, бо ин роҳ кӯшиш мекунанд, таҳти мазмуни дигар пинҳон шаванд, доменҳои навро таъсис медиҳанд, ва хостинги кишварҳои гуногунро истифода мебаранд. Дар робита ба ин бояд қайд кард,ки қаблан «Ахбор ком» номи худро ба «Ислоҳ нет»-и ифротӣ табдил дода, танҳо ба хотири дарҷ намудани мақсадҳои нопок ва хабарҳои бардурӯғи созмони “Паймони миллӣ”, “Пайванд” ва дигар равияҳои ифротӣ амал мекунад ва воқеан ин ҳама ғояи саркардаи наҳзатиён – М. Кабирӣ асту халос!
Имрузҳо мубаллиғони ТТЭ ҲНИ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ асосан дар байни ҷавонони тоҷик таблиғоти васеъ бурда, оқибат гумроҳ намуда, ба доми худ меандозанд. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо мисол меорем, ки як нафари гумроҳшуда Изатмандов Абдураҳмон Қудратович, асосан дар ҳудуди ноҳияи Панҷ ҷиноятҳои азонихудкунӣ ё исрофкорӣ, сохтакоррии хизматӣ ва экстремизму терроризмро содир намудааст. Изатмандов А.Қ. аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ғоя ва ақидаҳои ТТЭ ҲНИ-ро, ҷонибдорӣ намуда, бо мақсади ғараз нақшаи ба фаъолияти ин ташкилоти экстремистӣ муосидат намуданро таҳрезӣ намудаанд. Инчунин акс ва видеонаворҳои дороӣ маълумотҳои фаъолияти хоҷагии халқи ноҳияи Панҷро, аз қабили фаъолияти китобхона, пахтасупорӣ, қасри фарҳанг ва ғайраҳоро ҳамчун маълумотҳои бадномкунанда нисбати раиси ноҳияи Панҷ, дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” тавассути саҳифаҳои “Азия- плюс” ва ба гурӯҳи сомона (сайт)-и интернетии “Паёми мардум”, ки марбут ба ТТЭ ҲНИ мебошад, ирсол ва паҳн намуда, ба фаъолияти ин ташкилот мусоидат намудаанд. Баробари ин Боймуротзода М.Б. дигар видеонаворҳоро, аз ҷумла оид ба фаъолияти шуъбаи маорифи ноҳияи Панҷ тавассути шабакаҳои интернетӣ ба сомонаи интернетии канали “Ислоҳ-нет” равон намудааст, ки он моҳи майи соли 2022 дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз тарафи Муҳаммадиқболи Садриддин, аъзои фаъоли ТТЭ ҲНИ мақола зери унвонии “Шикояти панҷиҳо аз вазъи маориф ва дигар соҳаҳо” пахш гардидааст.
Тибқи маълумоти Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Прокурори ноҳияи Панҷ, нисбати гумроҳшуда Изатмандов А.Қ. ва ҳаммаслаконаш парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, мувофиқи моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, аз озодӣ ба муҳлати 5 солу 4 моҳи бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш пурзӯр таъйин карда шудааст.
Хулоса, ҳадафи душманонаи бадхоҳони давлату миллат-ТТЭ ҲНИ ба ҳамагон бори дигар исбот шуд ва он аён аст, ки асосан байни мардуми осоишта низоъ андохтан, гумроҳ намудан ва ба фазои сулҳу амонии кишвар халал ворид сохтан аст. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки бо шинохти чеҳраи манфури роҳбарияту пайравони ТТЭ ҲНИ, суханбози мунофиқ барои дур нигоҳ доштани аҳлу аёли хеш , бахусус ҷавонон кӯшиш ба харҷ дода, барои оромиву суботи кишвар ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.
Ф. ҚУРБОНОВ,
мудири шуъбаи кор бо
ҷавонони ДИС ДДТТ