ФАЪОЛИЯТИ ТТЭ ҲНИ ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ МАМНУЪ ЭЪЛОН КАРДА ШАВАД!

Сад афсус, ки бадхоҳону хоинон ва мазҳабфурӯшон зодаи миллати мосту имрӯз ҳамчун зархарид ба хоҷагони хориҷии худ хизмати хирсона намуда, ҳадафҳои ниҳоиашон ҳамон аст, ки миллати тоҷикро ғуломи аҷнабиён гардонаду мазҳаби моро зери фишори шиамазҳабҳо қарор диҳанд. Дар робита ба ин, бо мушоҳидаву таҳлилҳо фаъолияти яке ташкилоти террористиву экстремистӣ ҲНИ-ро мисол меорем. Алҳол роҳбарияту ҳаммаслаккони ТТЭ ҲНИ дар кишварҳои Аврупо бо пуштибонии хоҷагони хориҷиаш паноҳ ёфта, бо мақсади амалӣ намудани мақсадҳои нопокаш ба таври ошкоро фаъолияти зиддидавлатӣ бурда истодааст. Роҳе, ки ТТЭ ҲНИ интихоб кардааст, мардумро ба зулмат мебарад. Сиёсате, ки онҳо таблиғ мекунанд сиёсати ифротгароист, ки дини мубини Ислом онро маҳкум мекунад. Бояд донист, ки ТТЭ ҲНИ аз назари ақида, ҳадафҳояш воқеан як созмони комилан ифротӣ ва террористӣ буда, аз ДИИШ ва умуман аз дигар гурӯҳҳои террористӣ фарқе надорад. Танҳо зоҳир ва пӯшиши худро замонавӣ нишон медиҳад ва шиорҳои гӯё мардумӣ ва демократӣ сар медиҳад. Дар асл ин ҳизб на камтар аз дигар гурӯҳҳои террористӣ барои Тољикистон ва кулли минтақа хатар дорад.  Бояд қайд кард,ки мо доимо нисбати роҳбарияти кунунии ТТЭ ҲНИ М.Кабирӣ ва пайравонаш, зимни андешаҳои хеш борҳо таъкидан  кайд карда будем, гуфтанием, тирӣ ин қабил хоинону душманони миллату давлат боз хок хоҳад хӯрд. Зеро ҳамеша ҳамватанони азизу маҳбуби мо, куҷое,ки набошем, хоҳ дохил ва ё хориҷи кишвар ҳамеша аз ақли солим ва пирӯзии адолат ҷонибдорӣ намуда, ба зиндагию кори худ идома дода, ба иғвоҳои хоинону мазҳабфурӯшон, намояндаҳои ташкилотҳои террористию эктремистӣ ва ифротиён дода нахоҳанд шуд. Мо ҳамчун як шаҳрванди кишвари  соҳибистиқлол мебошем, ки ватанамон Тоҷикистон узви ҷомеаи СММ мебошад, ба ҳама ташкилотҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва дигар созмонҳои ҷаҳонӣ садо баланд намуда, даъват ба амал меорам, ки ҲНИ бо асосҳои қонунӣ ва ҳукми Суди Олии Чумҳурии Тоҷикистон,ки ҳамчун ташкилотҳои терроистию экстремистӣ эълон шудааст, фаъолияташ низ дар арсаи ҷаҳонӣ мамнуъ эълон карда шавад!

Мо боварӣ дорем, ки бо мурури вақт, ки он довар аст, кишварҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ низ  чун Федератсияи Россия ТТЭ ҲНИ-ро дар қаламравашон мамнӯъ хоҳанд кард!

Д. ШАРИПОВ,

устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *