ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОНРО ОИД БА ЭЪТИДОЛ ОВАРДАНИ ВАЗЪИ АФҒОНИСТОН ҶОНИБДОРӢ МЕБОЯД!!!!

Мушоҳидаву таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар тули беш аз якуним сол вазъият дар Афғонистон мураккабу ҳалокатбор ва боиси нигаронии ҷидии мамолики минтақа ва ҷаҳон гардидааст. Мардуми ин кишвар , беш аз 40 соли охир дар шароити ҷангу нооромӣ умр ба сар мебаранд. Ноамнӣ ва бадбахтие, ки ба сари мардуми ин кишвари ба мо ҳамсоя омадааст, натиҷаи дахолати кишварҳои хориҷӣ ,яъне фаъолияти доираҳои манфиатдори минтақа ва ҷаҳон мебошад, ки ҳоло низ идома дорад. Умуман ноустувории вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, бекории зиёд дар қаламрави Афғонистон заминаи мусоид фароҳам меоварад, ки шумораи гурӯҳҳои ҷангӣ дар кишвари ҳамсоя афзояд. Дар бораи бадбахтии дигар набояд фаромӯш кард, ки гардиши маводи мухаддир, ки дар солҳои охир  ру ба афзоиш дорад.Ин сироят аз таҳдиди террористӣ бадтар нест, зеро ояндаи минтақаро мекушад, зеро нашъамандӣ як вабоест, ки пеш аз ҳама ҷавононро фаро мегирад. Ба он бояд тамоми аҳли олам муқобилат карда, ҳамсояҳоро ба сулҳу осоиш ташвиқ кунанд, зеро маҳз аз дасти онҳо истеҳсол ва қочоқи маводи нашъаовар мутамарказ шудааст. Дар робита ба ин, қайд кардан зарур аст, ки  Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи зиёда аз 20 соли охир аз минбарҳои ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва дигар ҳамоишҳоибаналмилалӣ ҳалли масъалаи Афғонистонроба ҷомеаи ҷаҳонӣ даҳҳо бор иброз дошта, таъкид намудаанд,ки қазияи Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва бояд танҳо бо роҳи музокирот ҳаллу фасл карда шавад.  Дар иртибот ба ин, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ,  санаҳои 18-19 октябри 2021, дар шаҳри Душанбе  вобаста ба яке аз масъалаҳои мубрами ҷаҳони муосир дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Қатар, Арабистони Саудӣ ва дигар шарикони байналмилалӣ конфронси байналмилалӣ таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар конфронси мазкур беш аз 50 давлатҳо, аз ҷумла, кишварҳои Осиёи Марказӣ, Аврупо ширкат доштанд, зимни суханронии хеш Сарвари кишварамон таъкид карданд, ки дар шароити кунунӣ интиқоли ҷангҷӯёни террорист аз навоҳии ҷангзадаи Ховари Миёна ба минтақаҳои дигар ва дар ин замина тақвият ёфтани мавқеи созмонҳои террористии байналмилалӣ дар Афғонистон барои давлатҳои Осиёи Марказӣ хавфи ҷиддиро ба миён овардааст. Зимни суханронии Сарвари давлат қайд карданд, ки танҳо ташкили ҳукумати ҳамашумул метавонад низом дар ин кишварро ҷорӣ намуда, таҳдиди хатарҳоро коҳиш диҳад. Ҳамин нукта дар суханронии роҳбарони давлатҳои узви созмонҳои мавриди назари кишвари мо нуқтаи калидӣ буд, ки ишора ба дурустии мавқеи Тоҷикистон дар роҳи ҳалли мушкилоти Афғонистон аст. Баробари ин бояд тазаккур намуд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ набояд ба вазъияти сиёсии давлати Афғонистон бетараф бошанд. Дар ин росто, таҷрибаи нодири сиёсӣ ва талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тасмимгириҳои саривақтӣ оид ба вазъи Афғонистон дар ҷаласаҳо ба зуҳур омад.

Бо таҳлили воқеияти болозикр бо далел ва боварии комил гуфта метавонем, ки бо ташаббусҳои пуразиши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як шахс боз руҳу қувваи нав гирифта, соҳибватан будани худро аз сидқи дил эҳсос менамояд.  Умуман сиёсати муваффақи Тоҷикистон имрӯз роҳу усулҳои муосири муборизаи дастаҷаъмонаро бар зидди ин зуҳуроти манфӣ ва алайҳи хатарҳои глобалии ҷаҳонӣ тақозо менамояд.

Мутаассифона ҷомеаи ҷаҳонӣ, хусусан дар доираҳои манфиатдору дахлдор, ба ҳалли ин масъала то андозае бетафовутӣ зоҳир мегардад. Дар натиҷа, мушкилоти Афғонистон ҳолате расид, ки имрӯз тамоми башарият, махсусан Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҳамҷавори онро ба ташвишу нигаронии ҷиддӣ овардааст.

 Бояд қайд кард, ки воқеан ташаббусҳои Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалӣ ва баргузории чорабиниҳои зикршуда, боиси баланд гардидани ҳисси ватандӯстии сокинон шуда, дар баробари ин ҷиҳати баланд бардоштани омодабошии ҷангии онҳо мусоидат менамояд ва масъулияти ҷавононро дар омодагии барои ҳимояи Ватани хеш даҳчанд боло мебардорад. Онҳо дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзида, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ медоранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон хоҳанд гашт.

 Ф. МАМАДҶОНОВ ,

устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *