Ҷавонони бонангу номус бар зидди фаъолияти ТТЭ ҲНИ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷавонон бар он назаранд, ки ҲНИ сабабгори бисёри бадбахтиҳое, ки ба ноустувории сиёсати дохила оварда мерасонад, мебошад. ҲНИ бо мақсадҳои худ мехост, ки Тоҷикистони орому осоишта ва  бо субот рушд карда истодаро ба яке аз мамлакатҳое, ки мардуми он якдигарро ба марг мерасонанд мубаддал намояд. Аз ин лиҳоз онҳо байни мардум ғояҳои нодурустро паҳн менамуданд. Мо ҳамчун мардуми бо нангу номус набояд гузорем, ки дар мамлакати мо чунин ҳодисаҳо рух диҳанд. Мо бояд бо ҳар гуна роҳҳо садди роҳи ин ҳизби нанговар гирем. Дар Тоҷикистони дурахшони мо ҳамеша сулҳ ҳувайдо бошад.

Махз рохбарии сарвари окилу донишманди Точикистон Ҷаноби Олӣ мухтарам Эмомали Рахмон буд, ки саривақт аз он огаҳӣ ёфта, барои бартараф намудани ғояҳои номатлуби ин ҳизби ганговар, чораҳои махсус андешиданд.

Аз ин рӯ, ман чунин мешуморам, ки дар ҷумхуриамон ба хизби нахзати ислом зарурат нест, зеро ин ҳизб дар давраи фаъолияти худ натавонист ягон кори савобро ба сомон расонад. Баракс, бо танқидҳои ноҷўя ва ҳадафманди худ дар ҷомеа ноустувори ба миён меоварад. Саркардагони ин ҳизб ба гурўҳҳои ифротгаро ҳамроҳ, шуда, дар Сурия, Ирок, Афгонистон, Яман ва ғайра бар зидди ҳукуматҳои қонуни ин кишварҳо меҷанганд, аз он шарм намедоранд, ки ҳазорҳо бегуноҳро мекушанд. Хунхорагӣ кори ислом нест, кори золимон аст. Айни ҳол фаъолияти ин хизб дар худуди мамлакат пурра барҳам хурд. Акнун даҳҳо ҷавонони фандхўрда, ки аъзои ин ҳизб буданд, роҳи рости хаёти худро хоханд ёфт.

Тоҷикистон давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд аст, инро Сарқонуни кишвар кафолат додааст, вале ин маънои онро надорад, ки мо чӣ коре хохем, ҳамонро кунем ва исломро ниқоб карда, теша бар решаи давлат занем. Мо, тоҷикҳо, аз ноогоҳии худ солҳои навадум сарро ба санг зада гирифтем, ки то ҳол аз ҷароҳати он хун меравад. Дигар ба ваъдаҳои ҳангомадори исломиён бовар намекунем. Сиёсати пешгирифтаи Сарвари муаззами давлатамон Эмомалӣ Рахмонро дастгирӣ менамоем ва дар атрофи давлату ҳукумат муттаҳид шуда, ба паҳн шудани ҳар гуна ғояҳои бегонапарастӣ, иғвоандозӣ ва бесубот намудани кишвар роҳ намедиҳем.

Баҳром Раҳматов,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *