Ба давлати соҳибистиқлоламон содиқ бошем!

Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси  Олӣ  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшишҳои азнавтақсимкунии ҷаҳон, мусаллаҳшавии бошитоб, қудратталабӣ, бархӯрди манфиатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва ҷиноятҳои кибериро таҳлил намуда зикр намуданд, ки «ин вазъият самаранокии мубориза бо хатару таҳдидҳои замони муосирро, ки ҳамдигарфаҳмӣ ва талошҳои муштараки ҳамаи кишварҳои ҷаҳонро тақозо менамояд, коҳиш дода, баръакс, боиси пуштибонӣ ёфтани гурӯҳҳои террористиву ифротгаро аз ҷониби баъзе доираҳо ва истифодаи ин нерӯҳои даҳшатнок ба муқобили минтақаву давлатҳои алоҳида мегардад»

Чунин  андешаронии  сарвари  давлат  бори  дигар  далели он  аст, ки масъалаи мазкур ба масъалаи стратегии давлатӣ табдил  ёфта, тақдири  ҳар як фарди кишвар чун масъалаи муҳим арзёбӣ мегардад. Дар  замони муосир вақте, ки  фазои  иттилоотӣ ва тарғиботии Ғарбу Шарқ омехта шуда, барои таъсиррасонӣ ба тафаккури наврасон дар  набарданд, метавон далели равшани онро дар иштироки бархе аз ҷавонони ноогоҳу зудбовар дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ дид. Барои волидайн, аҳли омўзгорону донишмандони соҳаи сиёсатшиносӣ, педагогика, равоншиносӣ, ҳуқуқшиносӣ  андешидани  чораҳои  зарурӣ  ва  бетаъхир  лозим  аст, ки  сари вақт  пеши  роҳи   чунин роҳгумзадагии ҷавонон гирифта шавад.

Имрўз, хангоме. ки мардум дар фазои мусбии тагйирёфтаи сулҳу субот ва оромию таъмини амнияти мардум ҳаёт ба сар мебаранд,  мебояд, ки ҳамагон риояи қонунҳои давлатро қатъиян риоя намоянд.

Аммо мутаасифона, чунин шароитҳои хуби фазои маънавиро баъзе аз аъзоёни ташкилоти мамнуъгаштаи Ҳизби наҳзати ислом нодида мегиранд. Онҳо берун аз кишвар дар манотиқи гуногун бо дастгирии молиявии хоҷагони худ бо ҳар роҳ тафриқаандозӣ дар байни диндорон мекунанд, бо ҳар роҳу усулҳо дар фаъолияти худ кўшиш доранд мардумро ба роҳи ғафлат ва гумроҳӣ андозанд.

Мусалмон ва ходимони динӣ дар кишвари мо метавонанд фаолияти худро бе мамоният дар доираи иттиҳодияҳои динӣ, Шўрои уламо, Иттифоқҳои бузурги динӣ ба монанди Созмони Конфренсияи исломӣ, Лигаи олами исломӣ ва ғайраҳо роҳандозӣ намоянд.

Иттиходияҳои динии кишвар бояд бештар дар фикри манфиатҳои миллӣ бошанд, ки он дар ниҳояти кор воситаи муҳиме мегардад дар мустаҳкамшавии сиёсати кишвар. Имрўз масъулияти зиёд бар дўши ходимони дин вогузошта шудааст. Мавриди дидани аломатҳои ихтилофӣ  бояд чораҷўӣ намоянд. Онхо дар эътиқод ва пайравӣ кардан ба Қуръон ва ҳадис ва мазҳаби Имоми Аъзам ба дигарон намунаи ибрат бошанд.      Мусаллам аст, ки ихтилофоти ба вуҷудомада ва иллатҳои он мавриди омўзиш ва натиҷагирӣ қарор дорад. Зеро, аз асоси илми усул, таълимоти аҳкоми шариат ва илми фиқх дур будани ҷавонон ва ворид шудани китобҳои нав, ки бемазҳабӣ ё мазҳаби ғайриҳанафиро талқин мекунанд, боиси ба вуҷуд омадани ақидаҳои ботил мегарданд.

Чунончӣ Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни баромади худ зикр доштанд «бовар дорам, ки мардуми шарифу сарбаланд, ватандӯсту ватанпарвар ва қавииродаву заҳматдӯсти мо аз уҳдаи бартараф кардани ҳамаи мушкилот ва иҷрои ҳама гуна амалҳои нек мебароянд, Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободу зебо ва пешрафта мегардонанд ва барои зиндагии арзандаи ҳар фарди Ватан шароити мусоид фароҳам меоранд»

Дар ин марҳалаи барои ояндаи кишварамон сарнавиштсоз ҳар яки мо вазифадорем, ки як масъалаи муҳимро ҳамеша дар хотир дошта бошем: тибқи Конститутсия халқ сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ мебошад, яъне ҳокимият ба халқ тааллуқ дорад. Яъне мо бояд боз ҳам бештар заҳмат кашем, ба халқи азизамон содиқонаву самимона ва бо виҷдони пок хизмат кунем, нақшаҳои бунёдкоронаи худро сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонем.

Мо бояд ташаббускор бошем, тамоми кӯшишу ғайрат, донишу малака ва қобилияти ташкилотчигии худро барои раҳнамоӣ кардани мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа ба корҳои ободонӣ сафарбар намоем, аз истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона кунем, шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем, онро сидқан дӯст дорем, ба давлати соҳибистиқлоламон содиқ бошем, ҳамаи саъю талоши худро ба хотири пешрафтаву нерӯманд гардонидани он ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон равона кунем.

Алиматов Ҳакимҷон,
Турсунов Фаррух,
устодони ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *