ҶАВОНОН БА АФКОРИ БАРҒАЛАТИ БАДХОҲОНИ МИЛЛАТ ФИРЕФТА НАБОЯД ШАВАНД!

Мо тибқи расонаҳои хабарӣ огаҳем, ки раҳбарияту пайравони ТТЭ ҲНИ, ки имрӯз аз Ватан фирорӣ гашта, чандин сол инҷониб дар кишварҳои Аврупо умр ба сар мебаранду боз чун солҳои 90-уми асри гузашта, сулҳу субот, оромию осоиштагии кишвари соҳибистиқлоламонро, ин навбат тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба сӯи диёру сарзамини худ сангандозӣ менамоянд. Бо ин роҳ боз мехоҳанд мардуми кишвар, бахусус ҷавононро аз роҳ бероҳа карда, ба доми фиреби худ дароранд ва монанди худ аз Ватан дуру дар ғарибиҳо сарсону саргардон намоянд.

Дар атрофи ин масоили мубрами рӯз то имрӯз аз ҷониби донишмандони соҳаҳои мухталифи илмӣ як қатор сабабҳо ва омилҳои таъсирпазири пайдоиш ва зуҳӯри ин падидаҳои номатлуб, алалхусус терроризм ва экстремизмро дар кишварҳои ҷаҳон мавриди таҳқиқ ва омӯзиш қарор гирифта истодаанд. Қисме аз олимон пайдоиш ва нузули чунин амалҳои манфии ҷомеаи ҷаҳониро, пеш аз ҳама ба ҷанбаҳои психологию иҷтимоии фаъолияти аҳолӣ дар кишварҳо вобаста медонанд. Қисми дигар бошад, зуҳури чунин падидаҳоро ба ихтилофоти сиёсии байнидавлатӣ алоқаманд мешуморанд.

Дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон ва дар замири ҳар як шахси ба ин гурӯҳҳо ва ҳаракатҳо пайвастшаванда ақидаи гурӯҳи аввали олимони ҷомеашинос мувофиқ меояд, чунки маҳз ҷанбаҳои иҷтимоӣ, психологӣ  дар зиндагӣ ва сатҳи нопурраи тафаккури маънавӣ ба ин роҳ шахсро водор месозад.

                                   

Ҳамзамон, муҳаққиқон зимни муайян намудани сабабу омилҳои таъсирпазири падидаҳои зикргардида, навъҳои гуногуни терроризм ва экстремизм, аз қабили терроризми сиёсӣ, динӣ, зиддиҷаҳонишавӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ, миллатгароӣ, ҷиноӣ, биологӣ, кибернетикӣ ва ғайраро муайян намудаанд, ки терроризму экстремизми диниро дар замони муосир аз ҳама беш хавфнок ва мушкилофар барои аҳли башар маънидод намудаанд. Ба ақидаи аксар олимон низ экстремизм дар дин бештар хусусияти ҷалбнамоиро созгор мебошад ва он дар тамоми гӯшаву канори олам ба мушоҳида мерасад. Аз ин рӯ, ҳар як фарди соҳибшуур ва бомаърифати ҷомеа, махсусан ҷавононро, ки қисми асосии ҷамъиятро ташкил медиҳанд месазад ба ин афкори барғалати чеҳраҳои сиёсии ноаён фирефта нашаванд, дар ҷустуҷӯи омӯзиш, аз барнамоӣ ва ғанигардонии маърифати ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсии хеш бошанд, то дар таҳкими сулҳу суботи Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошанд.

К. КАЛОНОВ, 

устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *