ҶАВОНОН БАР ЗИДДИ ГУРУҲҲОИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТПЕША МУБОРИЗАИ БЕАМОН МЕБАРАНД!

Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, мардуми сайёраро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта ба тавсеа ёфтани терроризм, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро ба назар мерасанд. Масалан имрӯзҳо дар қаламрави кишвари ҳамсоя Афғонистон аз ҷониби ташкилотҳои террористӣ, аз қабили ДИИШ амалҳои террористӣ ба амал омаданаш ба назар мерасанд. Ин ҳолатро бадхоҳони миллати кишвар, алалхусус дар наздикии шаҳру ноҳияҳои кишвар, ки бо Афғонистон ҳамсарҳад аст, барои расидан ба мақсадҳои нопоки худ ба хар роҳ, дасисаю иғвогарирор пеша намуда, вазъи кунунии кишварамонро ноором кардан кӯшиш менамоянд. Масалан мо мисол меорем, ҳодисаҳои солҳои охир дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшони ВМКБ рӯйдодаро, ки аз ҷониби хадамоти ҷосуси махсуси хориҷи кишвар,бо ҷалби гуруҳҳои муташаккили ҷиноятпеша, ташкилоти ғайриҳукумати байналмилалӣ ва таҳти роҳбарии Алим Шерзамонов, муовини роҳбари ташкилоти терорристӣ бо номи “Паймони миллӣ” (ТТЭ ҲНИ-ПМ) маблағгузорӣ ва тарҳрезӣ карда, ҷиноятҳои мудҳиш бар зидди миллати тоҷик содир шуданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад,ки роҳбарияти ТТЭ ҲНИ-ПМ ва пайравонашон чун солҳои 90-уми асри гузашта бо мақсадҳои нопоку риёкорона ва ҷинояткорона фазои орому осоиштаи Ватанро ба хоку хун оғушта намояд. Бояд ёдовар шуд,ки воқеаҳои соли 2015, ки бо роҳбарии генерали хоин – Назарзода ташкил карда шуд, мақсади ташкили табаддулоти давлатиро дошт. Дар ташкили ин нақша шахсан роҳбари ТТЭ ҲНИ М.Кабирӣ иштирок дошт ва баъд ба хориҷа фирор намуда, аз он ҷо роҳбарӣ кард. Ин навбат низ тибқи супориш ва маблағгузории роҳбарияти “Паймони миллӣ” собиқ рутбадори олии низомӣ, генерали хоин – Холбаш Холбашев барои ноором кардани вазъ дар ноҳияи Рушони ВМКБ бархе афроди роҳгумзадаи диёрашро ҷалб намуда, бетартибиҳоро ба миён овард. Хушбахтона, ин навбат сокинони ноҳияи Рӯшон ва умуман мардуми сарбаланди Бадахшон мақсади навбатии хоинони миллатро саривақт дарк намуда, бо ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят пеши ин роҳ гирифта шуд. Хулоса, имрӯз ҷомеа хуб медонад, ки гуруҳҳои муташаккили ҷиноятпеша ва ТТЭ ҲНИ чӣ мақсад доштанду чӣ корро анҷом додани буданд. Тасдиқи ин гуфтаҳо дар филми ҳуҷҷатӣ бо номи “Шикасти фитна “ мисол шуда метавонад, ки бо иқрори хоинони миллату давлат ва дар асоси далелҳои раднашаванда мақсади набатии бадхоҳон аён гардид.
Дар интиҳои андешаи худ гуфтанием,ки хоинони миллат дар хотир дошта бошанд, барои мардуми тоҷик оромиву суботи кишвар, манфиатҳои давлату миллат арзишҳои ивазнашавандаанд. Хулоса, ҷавонони даврони соҳибистиқлол такя бо сиёсати созандаву маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар, ки ҷиҳати мубориза алайҳи терроризму экстремизм мавқеи оштинопазир доранд, амал карда, ваҳдату ягонагии сартосариро минбаъд низ муҳофизат хоҳанд намуд.

Д. УСТОБОЕВА, дотсенти кафедраи
ҷомеашиносии ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *