Таҳлилу мушоҳидаҳо собит менамоянд, ки яке аз гуруҳи бадхоҳони миллат- ТТЭ ҲНИ ва пайравонаш бинобар пурдоғ будани номаи аъмолашон оқибат фирорӣ шуда, бо пуштибониҳои хоҷагони худ имрӯз дар кишварҳои Аврупо паноҳ ёфтаанд. Роҳбарияту пайравони ҳизби мазкур бо ҳар роҳу васила, аз ҷумла бо роҳи ҳангомасозӣ, тафриқаандозӣ ва афсонапардозиро пеша намуда, барои ноором кардани вазъи кишварамон кӯшиш доранд. Бояд ёдовар шуд,ки солҳои 90- уми асри гузашта маҳз ҳамин гуна бадхоҳони миллат- назҳатиҳо ҳуқуқу озодиҳои сокинони Тоҷикистонро маҳдуд ва қисме аз онҳоро қатлу беватан карда буданд, ки ин ҳодисаҳо аз созмонҳои террористӣ маншаъ гирифта, маблағгузории он низ аз ҷониби хоҷагон амалӣ шуда буд.
Ин навбат муовини роҳбарии Паймони миллӣ Алим Шерзамонов, ки ҳамон наҳзатие мебошад, ки бо ҷалби пайравони наваш, аз ҷумла, Холбаш Холбашев, Улфатхоним Мамадшоева бевосита бо дастгирии хоҷагони хориҷӣ бо сӯистифода аз сатҳи нисбатан пасти ҷаҳонбиниву шуурнокии бархе ҷавонони ноҳияи Рӯшон ва шаҳри Хоруғи ВМКБ ба эҷоди тавтеа машғул шуданд. Воқен дар заминаи қазияи Рушону Хоруғ бори дигар исботу аён шуд,ки фаъолияти ин тоифа ва ҳаводоронаш, ки аз хурофот,ҷоҳталабӣ, бегонапарастӣ ва ғайра таркиб ёфта буд. Ин афрод зодагони вилояти Бадахшон ҳастанд, вале мақсадашон тавсеа бахшидани фаъолияти гуруҳҳои муташаккили ҷиноятпеша буд, ки ҳангома сохта,тасмими гумроҳ намудани мардумро доштанд. Тасдиқи ин гуфтаҳо филми ҳуҷҷатӣ бо номи “Шикасти фитна “ мисол шуда метавонад, ки бо иқрори хоинони миллат ва дар асоси далелҳои раднашаванда мақсади навбатии бадхоҳони миллат аёну тасдиқи худро ёфт.
Д.ШАРИПОВ,
устоди ДИС ДДТТ