ҲИЛЛА ВА НАЙРАНГИ ТТЭ ҲНИ ТАСОДУФӢ НЕСТ!

Мусаллам аст, ки раҳбарияти ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ созмондиҳандаи асосии ҳодисаҳоинангини солҳои пешин дар кишвар, ки боиси фавти фарзандону пайвандони мардуми тоҷик гардид, имрӯз озодона дар дар яке аз Аврупо умр ба сар мебарад, мардумро бо роҳи дурӯғу фиреб алайҳи давлату миллат шӯронид ва онҳоро дар монда, худ фирор кардааст. Бояд қайд кард, ки дар ин кор Кабирӣ ба ҳар роҳу восита мехоҳад, хешро аз қабзаи террорист будану ба ҷиноят даст задан орӣ нишон диҳад. Акнун дар хориҷи кишвар аз қудратҳои минтақавию ҷаҳонӣ кӯшиши молиявӣ гирифта, мехоҳанд боз фазои кишварро тира кунанд ва ҳамчун як муҳра ба манфиатҳои бегонагон хизмат менамояд.

Вақт довар аст ва  таърих гувоҳ, ки ҳиллаю найранги хоинони миллат-ТТЭ ҲНИ  тасодуфӣ ва ғайричашмдошт нест! Мардуми кишвар аз амалҳои ноҷавонмардонаи онҳо хуб воқиф ҳастанд. Ҳоҷат ба баён нест! Мо қаблан зимни андешаҳои хеш иброз дошта будем. Ҳадафи дигари ин супориши ҳоҷагони хориҷӣ, дур намудани мардум аз арзишҳои аслии миллӣ  мебошад, ки онҳо мехоҳанд эҳтиром ба бузургон, падару модар, идҳои миллӣ, фарҳангӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти миллиро байни мардум заиф намуда, аз байн баранд.

Умуман, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки Кабирӣ ва Муҳаммадиқболи Садриддин бештари намоишномаҳои худро ба мафҳуми “ҷудоӣ” ва “ҷавонӣ” эҳсосотӣ сарф мекунанд. Аммо мо намедонем, ки ин иддаъоҳо то куҷо ҳисоб шудаанд. Оё истифодаи вожаи муқаддаси ислом ба номи ҳизб ва аз ин рӯ фишор ва ҷалби ғайриихтиёрии мусалмонон ба ҳимоят аз ҲНИ ҷудоиандозӣ ва ғайриинсонӣ нест? Мо медонем, ки ин гуна азҳоби мухолиф танҳо мақомотро танқид мекунанд! Ин гуна ашхос харгиз ба нафъи халќу Ватан кор намекунанд, баръакс ба манфиати худ кор мекунанд. Хулоса имрӯз пайравону думравони ТТЭ ҲНИ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ тӯҳматчигиро пеша кардаанд.Мо мутмаъинем, ки дер ё зуд роҳбари ТТЭ ҲНИ Кабирию ҳамммаслакону ва думравонаш низ ба аъмоли номатлубашон, дар назди қонун ва миллати тоҷик ҷавоб хоҳад гуфт.

А. АНВАРӢ.,

ассистенти кафедраи молия ва қарз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *