Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ бо ташаббуси сармуаллимаи кафедраи ҷомеашиносӣ Саидова Оксана Жоржовна бахшида ба мавзӯи “Мы против наркомании и наркотиков” бо забони русӣ дарси кушод баргузор гардид.
Дарс дар гурӯҳҳои таҳсилашон бо забони русии 24010300р ва 260202р-и факултаи тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ гузаронида шуда, дар он сардори шуъбачаи ШТК РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, подполковники милитсия Саидзода Фатҳулло иштирок ва маърӯза карда, оид ба зарари истеъмоли маводи мухаддир ва оқибатҳои маргбори он ба донишҷӯён маълумоти муфассал дод.
Дарс бо усулҳои дидактикиву индивидуалӣ гузаронида шуда, лаҳзаҳои саҳнавӣ ва намоиши саҳначаҳои бадеӣ дар он истифода бурда шуданд. Дар саҳнаҳои намоишдодашуда донишҷӯён тариқи нақшҳо лаҳзаҳои гуногуни ҳаёти нашъамандон ва оқибатҳои нашъамандиро таҷассум карда, бо маҳорату малакаи худ мазмуни дарсро пураттар гардониданд. Ҳамзамон дар дарс лаҳзаҳои мусиқӣ ва сурудхонӣ доир шуда, ба иштирокчиёни дарс як ҷаҳон таассуроти хотирмон боқӣ гузошт.
Каёнуш КАЛОНОВ