Мулоқот бо хатмкунандагон ба манфиати кор аст

Дар самти ҷалби довталабон ба мактабҳои олӣ тибқи дастур ва супоришҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд вохӯриҳои роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят бо хонандагон (хатмкунандагони соли хониши 2017-2018)-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гардида истодааст.  Аз ҷумла, директори ДИС ДДТТ Олимӣ Р. Л., муовини директор ва устодони донишкада ба шаҳру ноҳияҳои вилоят ташриф оварда, бо хатмкунандагон суҳбату мулоқот намуданд.
Аз санаи 12 то 15-уми декабри соли 2017 дар ноҳияҳои Зафаробод, Спитамен, Ҷаббор Расулов ва Мастчоҳ раёсати Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, аз ҷумла, директори Донишкада Олимӣ Р. Л. иштирок намуда, хатмкунандагонро бо дастовардҳо, ихтисосҳо, пояи моддию техникӣ, робитаҳои байналмилалӣ ва фаъолияти донишкада шинос намуд.
Санаи 12-уми декабр дар Қасри фарҳанги ноҳияи Зафаробод вохӯрии навбатии роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят бо хонандагон (хатмкунандагони соли хониши 2017-2018)-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия баргузор гардид.
Дар ин вохӯри директори донишкада н.и.и., Олимӣ Р. Л. иштирок намуда, бо истифода аз технологияҳои ҳозиразамон тариқи видео-маводҳо, слайдҳо ва маводҳои тарғиботӣ оиди шароити хуби таҳсил, имконият ва дастовардҳои донишкада ба хатмкунандагон маълумот дод. Дар вохӯрии мазкур зиёда аз 500 нафар хатмкунандгон иштирок намуда, ба саволҳои худ посухи мушаххас гирифтанд.
Санаи 13-уми декабри соли 2017 дар ноҳияи  Спитамен вохӯрӣ  бо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия дар қасри фарҳанги ноҳия баргузор гардид. Дар ин вохӯри зиёда аз 400 нафар хатмкунандагон аз тамоми минтақаҳои ноҳияи Спитамен иштирок намуданд.
Вохӯриро муовини раиси ноҳия ифтитоҳ намуда, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоятро бо хонандагон шинос намуд. Нахуст, видео-навор оиди шароити таҳсил дар донишкада ба хатмкунандагон намоиш дода шуда, баъдан директори донишкада Олимӣ Р. Л. дар бораи имконият ва шароити таҳсил, хобгоҳ, муносибатҳои байналмилалӣ ва гурӯҳи ихтисосҳо ба ҳозирин маълумот дод.
Вохӯрии навбатӣ санаи 14-уми декабри соли равон дар толори шуъбаи маорифи  ноҳияи  Ҷаббор Расулов баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро директори донишкада н.и.и., Олимӣ Р.Л. муаррифӣ карда, оиди шароити таҳсил ба хатмкунандагон тариқи слайд, видеонавор ва варақаҳои маълумотдиҳӣ (буклетҳо) иттилоъ дод.  Дар вохӯрии мазкур зиёда аз 600 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия иштирок доштанд.  Дар фарҷоми вохӯрӣ байни устодон ва хатмкунандагон саволу ҷавоб сурат гирифт. Яке аз саволҳои хатмкунанда оиди таҳсил дар доникада бо забони англисӣ буд, ки аз тарафи директори донишкада ба он ҷавоби мушахас дода шуд ва хатмкунандгон ба саволҳои худ ҷавобҳои заруриро гирифтанд.
Санаи 15-уми декабр вохӯрӣ бо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Мастчоҳ баргузор гардид. Сараввал муовини  раиси ноҳия  меҳмонон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоятро хайрамақдам гуфта, бо хатмкунандагон шинос намуд. Дар рафти вохӯрӣ мувофиқи тартиби муқарраргардида тариқи слайд ва видеонавор оид ба шароити таҳсил ва имкониятҳои мавҷудаи донишгоҳу донишкада аз ҷониби намояндагони муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ иттилоъ дода шуд. Дар вохӯрӣ зиёда аз 500 нафар хатмкунандгон иштирок намуда, бо савол ва дархостҳои худ оиди таҳсилоти бисёрзинагӣ, таҳсил дар хориҷӣ кишвар, таъминот бо хобгоҳ ва ғайраҳо ба директори донишкада муроҷиат намуда, посухҳои мушаххас шуниданд.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *