ҲАР ЯК ВАҶАБ ХОКИ САРЗАМИН БАРОИ ҲАР ЯК ФАРДИ БОНАНГУ НОМУС ВА ВАТАНПАРВАРИ ТОҶИК АЗИЗ АСТ!  

 

Пеш аз он, ки нисбати суханҳои профессори қирғиз Қиёс Муллоқосимов (Кыяс Молдокасымов) вобаста ба сарзамини худудҳои наздисарҳадии кишвари мо иддао кардааст, заруру бамаврид мешуморем, ки оид ба таърихи халқи тоҷик ёдовар шавем. Воқеан таърихи халқи тоҷик китоби сарнавишти мардуми бонангу номус аст. Бобҳои равшани зиндагии ниёгони мо аз манзари Ориёни бузург сар карда то мазҳари Тоҷикистони соҳибистиқлол пур аз корнамоӣ ва ҷоннисории мардуми бофарҳанг ва ояндасоз аст. Қисмати Ашкониёну Сосониёну Сомониён барои аҳли башар дарси садоқат меомӯзад. Бояд ҳар лаҳза шукр гӯем, ки давлат дорем. Аз таърихи пурифтихори Ватан, саҳифаҳои дурахшони он ҳарф занем ва меҳру ифтихорамонро нисбат ба Ватани азизамон афзун гардонем.Бо баробари ин бояд ёдовар шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар даврони Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ дар ҳайати як давлати бузург қарор доштанд ва ин ду кишварро сарҳадҳои маъмурӣ ҷудо менамуданд. Пас аз соҳиби Истиқлолияти давлатӣ гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, зарурати муайян намудани хатти сарҳади давлатӣ (делимитатсия) бо ин кишвар ба вуҷуд омад. Алалхусус солҳои охир қирғизҳо сокинони шаҳри Исфара хоса, Чоркӯҳу Ворухро бештар азият дода, замини киштро поймол ва чорворо рабурда осеб мерасониданд. Ниҳоят ин масъала дар охири моҳи апрели соли равон аз муноқишаи лафзӣ ба сангсор кардани мардум, баъдан тир кушодан бо милтиқи шикорӣ ва то истифодаи аслиҳаи ҷангӣ расида, дар натиҷа ба мардуми тоҷик зарарҳои ҷониву молӣ расониданд. Хушбахтона дар натиҷаи гуфтушуниди байни сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қиргизистон вазъ ором шуд. Вале, мутаассифона, баъзе  шахсиятҳо бо истифода аз ҳолати имрӯза оқибати  корро ба инобат нагирифта, беасос сухан мекунанд, ки ин амал боз вазъиятро дигаргун намуданаш  аз эҳтимол дур нест. Чунончи  муррихи кирғиз Кыяс Моллокасымов барои мисол иброз медорад, ки  «номгузориҳои мавзеъҳои атрофи Хуҷанд: Қирқ Қиз бейити, Қирқ Уул, Нариман, Жоо Кесек, Кожо Бакырган  (Хоҷа Боқирғон)… Худи Хуҷанд ҳам аз туркист, на аз форсӣ ва маънояш қароргоҳи хоҷаҳост. Ин шаҳр номи худро дар давроне гирифтааст, ки дар Тӯрон хоҷаҳои араб муқим мешуданд ва ин шаҳр ба мардуми туркзабон, аз ҷумла ба қирғизҳо рабт дошт». Ин гуфтумонҳои профессори қирғиз ягон асосу маъние надорад. Таъкидан ёдовар мекунем, ки Ҳуҷанд аслан шаҳри офтобӣ, шаҳри сабз, шаҳри шарқӣ, арӯси дунё, фараҳбаҳру тирози ҷаҳон маънидоду эътироф шудааст. Мардумонаш маданияти қадима ва олидараҷа дорад ва умуман сифати волои халқи тоҷик ҳамин аст. Тасдиқи ин гуфтаҳо ва ҳак ба ҷониби шоири халқии Қирғизистон Қурбаничбек Маликов аст, ки гуфтааст: «Дар байни халқҳои Осёи Миёна тоҷикон аз ҳама дида маданияти қадима ва олидараҷа доранд. Рафтори халқи тоҷик халқи сулҳдӯсту боистэъдод ба қирғизҳои кӯчманчӣ таъсири муфид расонидааст».

Воқеан миллати тоҷик чун миллати воҳид бо асолату фарҳанг ва симои хос миёни давлатҳои мутамаддини ҷаҳон мавқеи сазовор пайдо кардааст. Тоҷикистон – сарзамини зарзамин, пурсахову биҳиштосо, меҳрафзо, зодгоҳи озодагону фарзонагон, оқилону орифон. Тоҷикистон – макони зебову муқаддас, ки аз ҳар зарраи хокаш тухми муҳаббату садоқат мерезад, аз ҳар гули шукуфтааш атри баҳори орзуҳои ширин ба машом мерасад.Чун ин номи ҳуҷастаро аз радиову телевизион, аз забони мардум мешунавам, аз рӯзномаю маҷаллаҳо, аз овезаҳо мехонам, дилам аз меҳру ифтихор лабрез мегардад ва гӯё аз шунидани он ба ҷисми ман рӯҳи тоза медамад. Барои ҳар фард Ватан муҳаббатгоҳи ҷовидон аст. Ватан барои ҳама азизу муқаддас аст, зеро он дар паҳлӯи номи “модар”, “ҳаёт” ва “ишқ” навишта мешавад.

Дар интиҳои андешаи хеш бо боварӣ метавон қайд кард, ки хонадаи закӣ дарк мекунад, ки ақли солим бартарӣ меёбад. Дар масири ин гуфтаҳо қайд кардан зарур аст, ки даъвоҳои беасоси профессори қирғиз Қиёс Муллоқосимовро қатъиян маҳкум намуда, ҳушдор месозем, ки ин масъала набояд ҳар як фарди тоҷикистониро ором гузорад. Зеро ҳар як ваҷаб хоки сарзамин барои ҳар як фарди бонангу номус ва ватанпарвари тоҷик азиз аст.

Файзиева Д.М., муаллимаи калони

кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *